Ҳусайн Маъмуров, нафаре ки худро таҳлилгари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон муаррифӣ кардааст, мегӯяд, мубаллиғони "Давлати исломӣ" талош доранд, аз ин кишвар ба сафи худ мутахассисони бахшҳои мухталиф, аз ҷумла пизишкону муҳандисони барқу мухобиротро ҷалб намоянд. Ба бовари ин таҳлилгар, "Давлати исломӣ" аз ин тариқ нишон додан мехоҳад, ки онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо барои муборизаи мусаллаҳона, балки барои иштирок дар сохторҳои идорӣ ва иҷроии ин гурӯҳ низ ҷалб мекунанд.
Ҳусайн Маъмуров дар сӯҳбат бо саҳифаи интернетии "Средняя Азия в Интернете" гуфтааст, бино ба маълумоти дарёфтии онҳо мубаллиғони “Давлати исломӣ” барои бурдани коршиносон ба Сурия ё Ироқ аз 20 то 30 ҳазор доллар ваъда кардаанд. Иттилое, ки расман таъйид ё такзиб нашудааст.
Дар гуфтугӯе бо Барно Исҳоқова, коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ, аз ӯ пурсидем, то чӣ андоза чунин хабарҳо ба воқеият дуруст меоянд?
"Сарчашмаи чунин хабарҳо аслан Русия мебошад. Ахиран чунин хабар аз Қазоқистон ҳам пахш шуд. Вале мақомоти ҳукуматӣ ва ё ниҳодҳои интизомии худи Узбакистон дар ин бора камтар маълумот медиҳанд. Дар ин рӯзҳо дар саҳифаи интернетии “Средняя Азия в Интернете” мусоҳибае бо таҳлилгари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба нашр расид. Ин таҳлилгар худро Ҳусайн Маъмуров муаррифӣ кардааст. Бино ба гуфтаи Маъмуров, ҳоло аз Узбакистон аз 500 то 600 нафар ба сафи нерӯҳои “Давлати Исломӣ” пайвастаанд. Вале худи Маъмуров эътироф кардааст, ки маълумот дар бораи шумораи дақиқи чунин шаҳрвандон вуҷуд надорад.”
Озодӣ: Мубаллиғони “Давлати Исломӣ” бештар кадом қишрҳои ҷомеаро мехоҳанд ба сохторҳои худ ҷалб кунанд?
Барно Исҳоқова: “То ҳол мо дар бораи муҳоҷирони кории Узбакистон сӯҳбат мекардем, ки ба Русия ва ё қисман ба Қазоқистон мерафтанд. Онҳоро дар муҳоҷират чокарони “Давлати Исломӣ” пайдо мекарданд ва зери таъсири худ қарор медоданд. Мо огаҳӣ доштем, ки мубаллиғони “Давлати Исломӣ” муҳоҷирони оддӣ ва эҳтиёҷманд ба кумакҳои пулиро ҷустуҷӯ мекунанд. Вале дар матлабе, ки ахиран ба нашр расид, гуфта мешавад, ки акнун мубаллиғон талош доранд, бештар шахсони муттахассис, аз қабили пизишкону муҳандисони барқу мухобирот, коршиносони варзида ва ҳатто омӯзгоронро пайдо кунанд ва барои кор дар гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ҷалб кунанд. Маъмулан кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон роҷеъ ба ин мавзӯъҳо бо саҳифаҳои интернетие аз қабили “Средняя Азия в Интернете” сӯҳбат мекунанд. Чунин кормандон, ки худро таҳлилгарони Хадамоти амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд, ба шабакаҳои маҳаллии телевизион ё расонаҳои расмии хабарии Узбакистон ба таври расмӣ мусоҳиба намедиҳанд ва дар сарчашмаҳои хабарии худи Узбакистон маълумоти расмиро пайдо кардан мушкил аст.”
Озодӣ: Оё дар миёни шаҳрвандоне, ки аз Узбакистон ба “Давлати Исломӣ” гаравидаанд, аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон низ ҳастанд? Мубаллиғон ба онҳо низ таваҷҷӯҳ доранд?
Барно Исҳоқова: “Аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон таҷрибаи кофии ҷангӣ доранд. Усмон Ғозӣ, раҳбари ин ҳаракат дар гузаштаи наздик байъати гурӯҳи худ ба “Давлати Исломӣ”-ро эълон кард ва бидуни шакк аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор доранд ва дар сафи нерӯҳои онҳо меҷанганд. Хабарҳо низ ба нашр расида буд, ки бахше аз онҳо ба Сурия рафтаанд, яъне онҳо ҷоеро барои худ пайдо кардаанд, ки имкони идомаи муборизаи мусаллаҳона доранд, яъне ҷоеро пайдо кардаанд, ки метавонанд “пул кор кунанд”.