Як узви эҳтимолии ин гурӯҳ бо пахши навори видеоие дар Интернет иддао кардааст, ки ба ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷавонҳое аз Язғулом низ ҳамроҳ шудаанд. Дар ҳоле, ки санҷидани дурустии ин иддао феълан имкон надорад, мақомоти ноҳияи Ванҷ, эҳтимоли ҳузури 18 сокини ин минтақаро дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ карданд. Хабарҳое, ки то ҳол дар бораи узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” пахш мешуд, бештар ба сокинони манотиқи ҷанубу шимоли Тоҷикистон рабт дошт.
Дод Эркаев, мудири бахши кор бо дин ва танзими анъанаи ноҳияи Ванҷ рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, аз ин минтақа 18 ҷавон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Ӯ мегӯяд, ки мақомот барои пешгирии ҷавонҳои дигар аз гумроҳӣ талош карданд, аммо бинобар харобкориҳои офати табиӣ дар моҳи июли соли равон, таваҷҷӯҳи мақомот бештар ба корҳои бозсохт равона шуд. Эркаев гуфт, ки ҳоло корҳои сохтмониву барқарорсозӣ бештар авлавият доранд, зеро мардуми осебдида бояд то тирамоҳ бо хонаҳои нав таъмин шаванд. “Аз ин рӯ, дигар мо вақти машғул шудан ба корҳои тарғибу ташвиқотиро надорем," -- гуфт Эркаев.
Ба иттилои ин мақом, онҳо хабар доранд, ки шумори зиёди ҷавонҳое, ки аз Тоҷикистон ба Сурия барои ширкат дар ҷангҳо рафта худро "ҳамчун язғуломӣ ва ванҷӣ" муаррифӣ мекунанд, аз хонаводаҳои муҳоҷирони собиқи бадахшонианд, ки волидонашон дар солҳои мухталиф дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Вай гуфт, аз миёни он "ванҷиҳое, ки дар ҷангҳо иштирок мекунанду худро аз ин маҳал муаррифӣ мекунанд, шояд 20-30 фоизашон аз Ванҷ бошанд, дигарҳо аз ноҳияҳои вилояти Хатлон" рафтаанд.
Валиҷон Маҳмадуллоев, раиси ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ мегӯяд, агарчи мардуми ин минтақа дар муқоиса бо гӯшҳои дигари вилояти Бадахшон мазҳабитаранд, аммо ҳеч гоҳ ифротгаро набуданд. Ӯ гуфт, ҷавонони язғуломӣ, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд, ҳамагӣ муҳоҷири корӣ буданд ва аз Русия ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, гуфт ӯ.
Бар асоси иттилои расмӣ, то кунун аз 18 ҷавони язғуломӣ 5 нафарашон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд. Дарвеш Муҳаммадов, як сокини ҷамоати Язғулом ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби аслии пайвастани ин ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бекорӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки дар Язғулом ба истинои корҳои мавсимӣ дигар ҷои кор нест. “Туту зардолу хушк мекунем ва асосан аз ҳамин ҳисоб зиндагиамонро пеш мебарем. Мардум дигар шуғл надоранд ва ба ҳар гурӯҳ мепайванданд", - гуфт ӯ.
Язғулом, як ҷамоати ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон буда, бошандагонаш тоҷикони суннимазҳабанд. Онҳо асосан дар деҳоти Матраун, Бдун, Андербак и Ҷамак зиндагӣ мекунанд. Бори аввал аст, ки аз ширкати 18 ҷавони бадахшонӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар пахш мешавад. Қаблан гуфта мешуд, ки аз Бадахшон ҳеҷ ҷавоне ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” напайвастааст.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави харобкорест, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ ба даст овард ва дар ин сарзаминҳо эълони таъсиси “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо шеваи бераҳмонаи бархӯрд бо мухолифон, аз ҷумла қатлҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асиронаш ном баровардааст. Кишварҳои дунё таҳти раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳи тундрав эътилофи байналмилалиеро таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли гузашта ба ин тараф сангарҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия ва Ироқ бомбборон мекунад.
Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷӣ, бахусус дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” як соли охир мояи ҷиддии нигаронии мақомоти тоҷик шудааст. Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои бегона ба Кодекси ҷиноятӣ тағйироте ворид кард, ки муҷозотро барои зархаридӣ шадидтар кард. Қонун барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон ба ҷангиёне, ки ихтиёран бармегарданд, афви гуноҳ низ пешниҳод шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки то имрӯз ҳудуди 40 нафар аз ин пешниҳоди афв истифода бурда, ба ватан баргаштаанд ва дар канори хонаводаҳои худ ба сар мебаранд. Моҳи гузашта телевизиони давлатии Тоҷикистон силсилаи сӯҳбатҳо бо чанде аз ин баргаштаҳоро нашр кард.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 519 нафар аз ин кишвар барои ширкат дар “ҷиҳод” ба Сурия ё Ироқ рафта ва асосан ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, то кунун хабари марги беш аз 150 тани онҳо таъйид шудааст.