Дар бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки шоми 20 август ба поён расиданд, дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ғолиб омаданд.
«Равшан» дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. ССКА «Помир» бар дастаи меҳмон -«Барқи тоҷик»-и Душанбе - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар дастаи лигаи аввал - «Саройкамар»-и Панҷ - бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.
Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25 август, соати 16:30 шурӯъ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе роҳ ёфтааст. Душанбегиҳо аз рӯи натоиҷи ду бозии чаҳорякниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд (6:1 ва 0:0) ба нимфинал баромаданд.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал
«РАВШАН» — «ВАХШ» — 2:1
Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 7 (1:0). Кароматулло Саидов, 56 – аз пеналтӣ (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 79 (2:1).
ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 3:2
Голҳо: Комрони Мирзонаҷот, 5 (1:0). Шамсиддин Қосимов, 7 (2:0). Давронҷон Тухтасунов, 9 – аз пеналтӣ (3:0). Самад Шоҳзуҳуров, 11 (3:1). Соломон Течи, 57 (3:2).
«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР» — 3:0
Голҳо: Фаррух Чориев, 12 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 65 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (3:0).