Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байъати Завоҳирӣ ба Мулло Мансур чӣ медиҳад?


Аймон Завоҳирӣ
Аймон Завоҳирӣ

​Раҳбари нави Толибон, ки ба пуштибонии гурӯҳҳои дигар дар ин рӯзҳо сахт ниёз дорад, аз изҳори садоқати раҳбари Ал-Қоида истиқбол кардааст.

Раҳбари нави Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур аз байъати раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ, ки метавонад ба таҳкими имконоти ӯ дар муборизаҳо барои расидан ба раҳбарии ин гурӯҳи ҷангӣ кумак кунад, истиқбол кардааст.

Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дар ҳоле ба раҳбарии Толибон мерасад, ки гурӯҳи дигари ҷангии "Давлати исломӣ" талош дорад, ба дохили Афғонистон роҳ ёфта, Толибонро дар кишвари зодгоҳаш танг кунад. Дар ин авохир Толибон бо мавҷи ба сафи "Давлати исломӣ" пайвастани аъзо ва ҳаводоронаш рӯбарӯ шудааст.

Ҳикматуллоҳ Аъзамӣ, таҳлилгари масоили гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон байъати раҳбари Ал-Қоида ба раҳбари нави Толибонро “байъати ду гурӯҳи заифшуда аз ночорӣ” меномад. Ба ақидаи ӯ, Покистон ба фарқ аз Толибон Ал-Қоидаро рӯи хуш намедиҳад, вале ҳоло мулзам шуд, ба хотири таҳкими нуфузи Мулло Мансур монеи чунин байъат нашавад: "Онки раҳбари Ал-Қоида байъат супурд ва Толибон ҳам қабулаш кард, ба ин маънист, ки Покистон ба ин иҷозат додааст. Чунки дар ҳоли ҳозир, таҳкими нуфузи Мулло Мансур ба унвони раҳбари нави Толибон ба манфиати ҳам тарафдорони Мулло Мансур ва ғайримустақим ба манфиати Покистон ҳам ҳаст. Аз тарафи дигар, падари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, муовини Мулло Мансур дар вақташ бо Ал-Қоида равобити хеле зич дошт ва фикр мекунам, ки ӯ ҳам мусоидат кардааст, то раҳбари нави Толибон байъати Ал-Қоидаро бипазирад."

Шабакаи террористии Ал-Қоида, ки дар Покистон пойгоҳ дорад, низ рақобатҳои афзояндае бо “Давлати исломӣ” дар мавриди нақши раҳбарӣ дар миёни гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ”-и ҷаҳонӣ рӯбарӯ мебошад. “Давлати исломӣ” қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ ишғол карда, зоҳиран ҷои Ал-Қоидаро ҳамчун шабакаи ҷаззоб барои ҳазорон довталаби “ҷиҳод” аз саросари ҷаҳон мегирад. Дар пасманзари чунин коҳиш ёфтани нуфузи Ал-Қоида, Аймон Завоҳирӣ чанд рӯз пеш ба раҳбари нави Толибон байъат супурд. Ин иқдом, тавре ба назар мерасад, таҳкими эътилофи ин шабакаи террористӣ бо Толибонро дар муқобили чолишҳои нав ба ҳадаф дорад. Ва он ҳам дар ҳоле ки Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дар дохили ҷунбиши Толибон низ ба мухолифатҳои зиёде дучор шудааст ва бархе аз раҳбарони аршади ин гурӯҳи ҷангӣ, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, то ҳол аз супурдани байъат ба раҳбари нави Толибон сарпечӣ мекунанд.

Як омили умдае, ки Толибону Ал-Қоидаро маҷбур ба иттиҳод мекунад, ба бовари коршиноси афғон Ҳикматуллоҳ Аъзамӣ, ҳамин таҳдиди “Давлати исломӣ”-ст, ки алакай дар пойгоҳҳои суннатии ин ду гурӯҳи ҷангҷӯ сар боло мекунад: “Давлати исломӣ” як далели умдаи дигар буд, ки Толибон ва Ал-Қоида якҷо шаванд ва Толибон байъати Ал-Қоидаро бипазирад. Ман фикр мекунам, ҳам Толибон ва ҳам Ал-Қоида “Давлати исломӣ”-ро як гурӯҳи рақиб ва ҳатто душмани худ мебинанд. Ва вуҷуди ин душмани муштарак чизест, ки Ал-Қоидаро бо Толибон наздиктар месозад.”

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 ба майдон омад ва соли 1996, бо танг кардани нерӯҳои ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд Кобулро тасарруф кард. Толибон ба дунбол аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар доданд ва то соли 2001 бар ин кишвар ҳукумат ронданд.

Баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 Толибон аз супурдани раҳбари вақти шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден ва дигар афроди гумонбар дар ташкил ва анҷоми он ҳамлаҳои хунин сарпечӣ кард ва як эътилофи густардаи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико амалиёти ҷаҳонии зиддитеррорро ба зидди Толибон дар Афғонистон оғоз карданд. Дар натиҷа, режими Толибон алакай дар поёни ҳамон соли 2001 аз Кобул ронда шуд.

Вале ҷангиёни Толибон ҳамроҳ бо гурӯҳҳои дигари тундрав, чун ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр, шабакаи Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва боқимондаҳои шабакаи Ал-Қоида ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи нирӯҳои эътилоф ва артиши ҳукумати нави Афғонистон идома доданд. Ҳоло ҳукумати Афғонистон талош дорад бо Толибон пушти мизи музокироти сулҳ бинишинад. Ба ин манзур, дар Қатар дафтари сиёсии Толибон низ боз шудааст ва бино ба хабарҳо, моҳи июл дар Исломободи Покистон байни намояндагони ҳукумати Афғонистон ва раҳбарони Толибон нахустин музокироти рӯбарӯ ҳам доир шуд.

Дар ҳамин миён, Толибон тасдиқ кард, ки асосгузор ва раҳбари ин ҷунбиш Мулло Муҳаммад Умар ҳанӯз ду сол пеш аз олам чашм пӯшидааст. Ба дунбол, эълон шуд, ки Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур ба унвони раҳбари нави Толибон баргузида шудааст.

Аммо ин тасмим боиси ҷудоӣ дар байни раҳбарони аршади ин гурӯҳи ҷангӣ шудааст. Бархеи онҳо аллакай ба "Давлати исломӣ" байъат супурдаанд ва тарафдоронашон ҳоло дар баробари нерӯҳои давлатии Афғонистон алайҳи ҳамсангарони собиқи худ аз Толибон ҳам меҷанганд.

XS
SM
MD
LG