Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон қатлҳои "Давлати исломӣ"-ро маҳкум карданд


Акс аз ин навори видеоии қатли Толибон аз ҷониби ДИИШ гирифта шудааст
Акс аз ин навори видеоии қатли Толибон аз ҷониби ДИИШ гирифта шудааст

Толибон дар Афғонистон қатли бераҳмонаи чанде аз аъзои ин гурӯҳ аз тарафи пайравони гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро маҳкум карданд.

Толибон дар Афғонистон қатли бераҳмонаи чанде аз аъзои ин гурӯҳ аз тарафи пайравони гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро маҳкум карданд. Изҳороти Толибон баъди он нашр шуд, ки дар як навори видеоӣ ҷангиёни содиқ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" гурӯҳе аз асиронашонро метарконанд. Ин навори видеоӣ бори дигар ихтилофи шадиди миёни Толибони Афғонистон ва аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба намоиш гузошт. Бовар меравад, ки ин навор дар шарқи Афғонистон, макони задухӯрдҳои феълии ин ду гурӯҳ бардошта шудааст. Дар ин видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд ришсафедро "муртадҳои шарики Толибон ва ҳукумати Афғонистон" номида бо маводи мунфаҷира метарконанд. Толибон дар изҳороти худ гуфтаанд, ки "чунин аъмоли ваҳшатнок, ки аз ҷониби чанд фарди бемасъулияту ҷоҳил зери парчами Ислом ва мусалмонон анҷом шудааст, ғайри қобили таҳаммул аст". Толибон, ки худашон низ ба золимӣ ва қатли мардуми осоишта муттаҳам мешаванд, ин амалкардро ғайриисломӣ ва зидди қонунҳои шариат номиданд.

Дар ин бора сӯҳбате доштем бо Мустафо Сарвар, шореҳи Радиои "Афғонистони Озод":

Зулми "давлати исломӣ"-ро Толибони афғон ҳам маҳкум кардаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

XS
SM
MD
LG