Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На Маскав, на Исроил. Амалиёти пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон


Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

То охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон амалиёти пайванди мағзи устухон ва пайванди ҷигар анҷом хоҳад шуд. Ҳоло бемороне, ки ба ин ҷарроҳӣ ниёз доранд, ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Исроил мераванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, то охири имсол амалиёти пайванди мағзи устухон дар дохили кишвар анҷом мешавад. То кунун беморони тоҷике, ки ба ин навъ ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доштанд, ба хориҷ мерафтанд ва ё баъзе бар асари беморӣ мефавтиданд.

Ҷарроҳии мағзи устухон ба гуфтаи табибон дар кишварҳои хориҷӣ беш аз 100 ҳазор доллар арзиш дорад. Барои гузарондани ин навъи амалиёт ба Зайнаб Маҳмудова, духтараки 8-солаи тоҷик, ки аз дарди ирсии устухон ранҷ мебурд, беш аз 200 ҳазор доллар сарф шудааст. Ҷарроҳии ӯро дар яке аз бемористонҳои Исроил анҷом доданд.

Бо он ки хонаводаи Зайнаб чунин маблағро надошт, ба хотири наҷоти ин духтарак, аз сӯи ихтиёриён чорабинии густурдаи хайриявӣ роҳандозӣ гардид. Дар Фейсбук, Одноклассники ва дигар саҳифаҳои иҷтимоӣ

Зайнаб Маҳмудова
Зайнаб Маҳмудова

гурӯҳҳои махсус таъсис ёфт, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт варақаҳои зиёде паҳн шуд ва ҳатто тарроҳи ҷавони тоҷик дар музояда пироҳанашро ба фурӯш гузошт.

Парвиз Бобоев, як узви фаъоли гурӯҳи "Зайнаб" дар Фейсбук 12 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо талоши дастҷамъӣ тӯли ним сол маблағ барои ҷарроҳии Зайнаб ҷамъ шуд. "Донори Зайнаб амакаш буд. Амалиёт бомуваффақият ду моҳи пеш сурат гирифт. Баъд аз ҷарроҳӣ ба хотири барқарорсозии вай як моҳ истеъмоли доруҳои қимат лозим омад. Зайнаб ҳафтае қабл ба Тоҷикистон баргашт," -- гуфт мусоҳиби мо.

Парвиз Бобоев гуфт, агар ин навъи амалиёт дар Тоҷикистон анҷом мешуд, шояд ҷарроҳии Зайнаб тезтар ва бо пули камтар сурат мегирифт. Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 8 июл дар нишасти хабарияш дар Душанбе гуфт, алош доранд то охири ҳамин сол ҷарроҳии пайвандсозии мағзи устухонро дар кишвар амалӣ намоянд.

Ҷаноби Салимзода мегӯяд, муроҷиати пайвандони беморони зиёде сабаб шуд, ки онҳо масъалаи ин ҷарроҳӣ дар дохили кишвварро баррасӣ кунанд: "Дар бемористонҳои ҷаҳон барои пайвандсозии мағзи устухон беш аз 100 ҳазор доллар талаб мешавад. Нафарони зиёд ба мо муроҷиат карданд, ки ёрдам кунем, вале рости гап мо барои кёмак намудан пул надорем. Барои ҳамин ният кардем, ки ин ҷарроҳиро дар ҷумҳурӣ ташкил кунем. Худо хоҳад, ҳамин корро хоҳем кард ва ин боиси обрӯи духтурон ва Тоҷикистон аст."

Айни замон Нусратулло Салимзода аз роҳандозии як ҷарроҳии дигари мураккаб, яъне пайвандсозии ҷигар хабар дод, ки дар кишварҳои хориҷӣ бар ивази то 100 ҳазор евро сурат мегирад. Дар Тоҷикистон барои пайвандсозии ҷигар 112 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. "Дар давоми 1 соли ахир 4 амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом шудааст, ки яке аз беморон ҳамагӣ севунимсола буд. Маризии ин кӯдак ҳамин гуна буд, ки то ҷигарашро иваз накунед, илоҷ надошт, зеро рагҳое, ки дар даруни ҷигар талхаро ҳосил менамуданд, кор намекарданд. Ин яке аз навъҳои бемориҳои ирсӣ ҳаст ва мо чунин амалиётро бомуваффақона анҷом додем," -- гуфт вазир.

Дар амалиёти пайвандсозии ҷигар дар кӯдак дар Душанбе, бар изофаи мутахассисони тоҷик, 5 мутахассиси бахши пайвандсозии узвҳои инсон аз Эрон иштирок доштанд ва он ҳудуди 7 соат идома кард. Дар ҷараёни пайвандсозӣ порае аз ҷигари модар - Таҳмина Боқиева, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷигари духтараш - Шарофат Неъматоваи севунимсола пайванд карда шуд.

Шурӯъ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мутахассисони тоҷик низ пайвандсозии гурдаи инсонро ба роҳ монда, то кунун 149 чунин ҷарроҳиро анҷом додаанд, ки дар миёни онҳо 6 шаҳрванди Қирғизистон низ будаанд. Вале ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба миёни омадани таниши марзӣ миёни ду кишвар то андозае ба ин раванд халал эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG