Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз 35 сол: Умеда мехоҳад Умед шавад (ВИДЕО)


Як сокини ноҳияи Восеъ баъди 35 соли зиндагӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки ҷинси худро аз зан ба мард табдил кунад.

Умедаи 35-сола, ки ҳоло мехоҳад ҷинси худро аз зан ба мард табдил кунад, тамоми солҳои зиндагӣ дар ҳолати азоби рӯҳиву ҷисмонӣ қарор дошт ва либоси занона пӯшида, мӯяшро дароз мекард, вале ҳамеша эҳсос мекард, ки ин ҷисм барояш бегона аст ва бояд мард шавад.

Ниҳоят, вақте ба Русия барои мардикорӣ рафту эҳсоси озодӣ кард, сару тани занонаро як сӯ гузошта, либоси мардона пӯшид. Бо ин намуд ҳам баъди ду моҳ ба хона баргашт ва тасмим гирифт, бо кӯмаки табибон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ,аввал ҷинсашро ва баъдан шиносномаашро ба мард табдил кунад. Аризаи гирифтани шиносномаи мард бо номи “Умед” ҳам ба бахши минтақавии умури дохилаи Кӯлоб ирсол шудааст.

Умеда Боронова, сокини ҷамоати “Миралӣ Маҳмадалиев”-и ноҳияи Восеъ сешанбеи 30 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мушкили ҳуввияти ҷинсии худро аз хурдсолӣ тасдиқ кард ва гуфт ӯ 35 сол бо либоси занона, дар миёни духтарон, аммо бо ҳиссиёти мардона бузург шудааст.

Умеда мегӯяд: “Замоне ман таваллуд шудам, дар батнам каму беш аломатҳои мардона маълум буд. Падару модарам низ маро ба табибон нишон медиҳанд, ки ман дар баробари духтар буданам, аломатҳои мардӣ ҳам дорам. Ҳарчанд табибон ҳамон замон мегӯянд, ки ҷарроҳӣ кунем ва фарзандатон писар шавад, волидойнам аз шарми мардум ба ин розӣ намешаванд. Ҳамин тавр бо чунин аломатҳо ман духтар ба воя расидам, аммо феълу атфори писарона маро азият медод.»

Ҳамакнун Умеда ирода карда худро ошкор кард ва ҳоло бо либоси мардона ошкоро мегардад ва ҳатто ҳамроҳ бо муйсафедони деҳа намозашро дар масҷиди маҳал панҷ вақт мехонад. Панҷ моҳ мешавад, ки Умеда ба Умед табдил шуда, ҳамдеҳагон ӯро “Умед 2015” садо мекунанд.

Субҳон, як ҳамсинфи Умед ё Умедаи қаблӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз хурдсолӣ хислати духтарона надошт ва бештар бо писарҳо бозӣ мекард. Субҳон гуфт, Умед ҳарчанд кокули дароз дошту либоси духтарона мепӯшид, тамоми хулқу хӯяш мардона буд. Вале ин, ки ӯ рӯзе

рафта худро ба мард табдил мекунад, ҳеҷ гоҳ бовар намекард: «Бовар кунед, вақте аз Маскав омад, ман худам нашинохтам, ки Умеда худро писар кардааст. Либосҳои мардона ба бар, мӯи сари кӯтоҳ кардашуда. Одамон низ дар ҳайрат буданд. Аммо худаш иқрор кард, ки ӯ ҳам духтар ва ҳам писар аст.»

Ҳоло Умед мегӯяд, бо як духтаре ҳам шиносоӣ пайдо карда, сирри дили худро ба ӯ гуфтааст. Ин духтар ҳам омода шудааст, бо ӯ оила барпо кунад ва ӯро тавре ҳаст, бипазирад. Вай мегӯяд, вақте ба духтар вазъияташро фаҳмонидааст, ки комилан писар нест, ин духтар ҳам пешниҳодро рад накардааст.

Умед мегӯяд, вақти «духтариаш» хостгорҳо меомаданд, вале омада буданд ва ӯ ба далели ин мушкил радди издивоҷ кардааст. Ба гуфтаи пайвандон, на як бор, балки чанд маротиба хостгорҳо омаданд ва мехостанд, то ӯро келин кунанд, аммо ҳар гоҳ таъкид мекард, ки ҳеҷ гоҳ ба шавҳар намебарояд. Умеда дар як хонаводаи миёнаҳол ба сар мебарад, ки дар канори падару модар, се бародар низ дорад. Бародари калониаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ду додараш ҳамроҳи онҳост.

Ҳамдеҳагони Умеда аз ин кораш ва ба хусус дар заминаи бунёд кардани оила, дар ҳоли шок мондаанд. «Ман мехоҳам баъди Рамазон арӯсӣ кунам», мегӯяд вай, дар ҳоле, ки ҳанӯз амалиёти ҷарроҳии табдили ҷинсро пушти сар накардааст. Ин хабар наздиконашро ҳоло дар ҳолати шок қарор додааст. Умед мегӯяд, пас аз издивоҷ маблағ ҷамъ карда, баъд ҷарроҳӣ мекунад ва иқрор мешавад, ки барои ин ба кӯмаки афроди хайрхоҳ эҳтиёҷ дорад. Феълан ӯ аз ҳисоби таксиронӣ пул кор мекунад.

Умеда, ки вақтҳои ахир умедашро аз зиндагӣ канда буд, ҳамакнун бо табдили ном ва ба бар кардани либоси мардона эҳсоси осудагӣ ва роҳат мекунад ва худро мард ҳам мепиндорад. Вай орзу дорад, ки битавонад ҷарроҳӣ кунад ва комилан ба як марди комил табдил шавад ва дар оянда соҳиби фарзанд низ шавад.

Умеда мехоҳад Умед шавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG