Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) аз додани паноҳгоҳ ба Соҳибназар Абдуназаров, яке аз муассисони созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" худдорӣ кардааст. Номи ин созмон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи баргузории чанд ҳамоиши эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни Русия расонаӣ шуд ва Абдуназаров баъд аз ин ҳамоишҳо, боздошт шуда, ҳоло дар зиндони рақами 4-и Маскав нигаҳдорӣ мешавад.
Мӯҳлати нигоҳдории ӯ 23 июли соли ҷорӣ ба поён мерасад. Агар то он вақт замони боздошти Абдуназаров дар зиндон тамдид нашавад, дар он сурат бими он меравад, ки ба Тоҷикистон истирдод шавад. Аммо Илларион Василев, вакили мудофеи Абдуназаров мегӯяд, барои тамдиди мӯҳлати вай талош хоҳанд кард, то нафари таҳти ҳимояташ ба Тоҷикистон таслим нашавад.
Василев мегӯяд, агар дар бораи истирдоди Соҳибназар Абдуназаров додситонии Русия тасмим бигирад, вакилони мудофеъ ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барои ёрӣ муроҷиат хоҳанд кард. Дар як гуфтугӯ бо Илларион Василев хостем дар бораи Абдуназаров маълумоти бештар диҳад.
Василев: "Моҳи сентябри соли гузашта якҷоя бо гурӯҳи ҳамфикрон, аз ҷумла бо Мақсуд Иброҳимов талош карданд, ки созмони ғайридавлатии худро бо номи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Вазорати адлияи
Русия сабти ном кунанд. Вазорат ҳуҷҷатҳои онҳоро барои сабти ном қабул накард ва сабабаш ҳам маълум набуд. Абдуназаров мисли Мақсуд Иброҳимов ба гурӯҳи созмондиҳандагон дохил мешавад. Дар Русия чанд нафар аз аъзои ин гурӯҳро боздошт кардаанд ва Соҳибназар Абдуназаров яке аз онҳост. Дар Маскав 5 нафар боздошт шудаанд. Дар Новосибирск ва Самара низ боздоштшудагон ҳастанд."
Озодӣ: Ҳоло Абдуназаров ба чӣ муттаҳам мешавад?
Василев: "Ӯро барои гӯё ташкили созмони "экстремистӣ" ва барои ширкат дар ҳамоишҳои эътирозӣ муттаҳам медонанд. Ҳадафи ин ҳамоишҳо сарнагун сохтани низоми конститутсионии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ин созмон дар қаламрави Русия ташкил шуда, дар Тоҷикистон аслан фаъолият накардааст. Ин созмонро муттаҳам мекунанд, ки бо "Гурӯҳи 24" ҳамкорӣ мекунад ва бо он робита дорад. Аммо ин иддао тамоман нодуруст аст. Ин созмони ҷавонон ба “Гурӯҳи 24” тааллуқ надорад. Ин созмони комилан мустақил аст."
Озодӣ: Абдуназаровро нерӯҳои интизомии Русия боздошт карданд ва бо чӣ далел?
Василев: "Бале, моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ ва боздошти вайро эълон карданд ва Абдуназаров таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор гирифт. Дигарон ҳамроҳонаш низ ҳамин тавр шуданд. Бар зидди онҳо парванда боз шудааст. Русия дастури созмонҳои байнулмилалиро барои боздошти афроди дар ҷустуҷӯбуда бар асоси аҳдномаи Минск аз соли 1993 иҷро мекунад. Вайро боздошт карданд ва ба зиндон андохтанд. Мӯҳлати шашмоҳаи баъзеи онҳо тамом шуд ва боз барои шаш моҳи дигар онро тамдид карданд. Мӯҳлати Абдуназаров ҳам 23 июл ба поён мерасад ва Додситонии кулли Русия дар ин муддат бояд дар бораи истирдод тасмим бигирад. Мо, албатта, бар зидди ин тасмими додситонӣ ба додгоҳ, аз ҷумла ба додгоҳи Аврупо шикоят мебарем. Барои он ки истирдод ба Тоҷикистон мумкин нест. Ӯро шиканҷа мекунанд. Барои ҳамин, барои пешгирӣ аз истирдод дархост мефиристем. Вай шаҳрвандии Русияро нагирифта, аммо аз шаҳрвандии Тоҷикистон "даст кашидааст". Вале ин далел буда наметавонад."