Тоҳирбек Собиқзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрел гуфт, киҳукми ду муттаҳами узвият дар "Гурӯҳи 24" -- Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов бетағйир мемонад.
Ин ду нафар бар асоси бандҳои қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои даъвати омавӣ барои ғасби ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ ва узвият дар созмони душман ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ айбдор мешаванд. Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки охирҳои соли гузашта боздошт шудаанд, рӯзи 13 марти соли равон ҳангоми сухани охирин дар додгоҳ узвияташон дар ин созмони мамнӯъро рад карданд. Онҳо гуфтанд, аз ноогоҳӣ дар баъзе аз ҳамоишҳои эътирозии "Гурӯҳи 24" ва созмонҳои ҳамкорӣ дар Русия иштирок карда, аммо дар бораи фаъолият ва ҳадафҳои созмон чизе намедонистанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки додгоҳ Фарҳод Каримов, яке аз муҷримонро барои нашри аксҳои таҳқиромез нисбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо шумули фарзандонаш ва ҳамзамон ҳамчун даъват ба гирдиҳамоӣ маҳкум ба зиндон кардааст.
Наздикони ин ду ҷавон ҳукми додгоҳро одилона намедонанд ва мегӯянд, ки фарзандони онҳо ноогоҳона дар гирдиҳамоӣ иштирок кардаанд. Онҳо рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз рӯи ин ҳукм ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ва ҳамчунин додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд. Азиза Муҳаммадиева, холаи Фарҳод Каримов мегӯяд хоҳарзодаи ӯ асосан дар бозор кор мекард ва аз сиёсат бӯе намебарад.
Раҳимҷон Низомов, падари Фирдавс Муҳиддинов низ мегӯяд, писараш як бачаи бесавод аст, ки дар мактаб танҳо то синфи 9 таҳсил кардааст. “Фарзанди ман ба Русия танҳо барои дарёфти як бурда нони ҳалолаш мерафт ва ба он митинге, ки дар шаҳри Новосибирск рафта буд, аз рӯи нодонӣ ва бо даъвати дигар тоҷикон шудааст,” -- мегӯяд ин падар.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 13 марти соли ҷорӣ Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиромези раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютерашон ҳар кадомро 16,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.
“Гурӯҳи 24” як ниҳоди созмонёфта дар хориҷи кишвар аст, ки раҳбари он Умаралӣ Қувватов шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд. Ин гурӯҳ, ки худро аз рақибони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд. Гуфта мешавад, нақши калидиро дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бозидааст.
То имрӯз танҳо ду нафар аз иштирокдорони гирдиҳамоиҳо дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “гурӯҳи 24” ва ғасби зӯроваронаи ҳокимияти давлатӣ боздошт ва муҳокима шудаанд. Якчанд нафари дигар низ дар боздошт буда, интизори мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд.