Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​Як тоҷири тоҷик дар Рамазон нархи маҳсулоташро то 30% поин бурд


Нархи ғизо дар моҳи Рамазон зиёд тағйир наёфтааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

​Як тоҷири бозори "Саховат"-и Душанбе миёни садҳо тоҷири бозорҳои пойтахти кишвар барои аввалин бор дар моҳи Рамазон қимати маҳсулоти худро аз 20 то 30 дар сад поин бурдааст.

Бозори "Саховат"-и Душанбе бештар аз 400 тоҷир дорад, ки маҳсулоти ниёзи аввалия мефурӯшанд. Дар ҳоле ки бо омадани моҳи шарифи Рамазон нархи маводи аввалия "автоматӣ" боло меравад, Иброҳим Маҷидов, як тоҷири 38-солаи ин бозор ба поин бурдани маҳсулоти тиҷоратии худ иқдом кардааст.

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қабл барои моҳи Рамазон омодагӣ гирифта, барои фурӯш равған, биринҷ ва дигар навъи донагиҳо ворид кард, ки дар ин моҳ хариди бештар доранд. Ҳоло як кило донагӣ ва як литр равғани ин соҳибкор аз моли соҳибкорони дигар 2 сомонӣ фарқ дорад. Ин соҳибкор мегӯяд, "барои моҳи Рамазон маҳсулотро арзон кардем. Ба дигарон кор надорем, аммо аз поин кардани нархҳо ҳеч зарар намебинем."

Ин соҳибкор мегӯяд, қаблан шоҳид буд соҳибкороне, ки дар ин моҳ қимати маҳсулоташонро боло бурда буданд, зиёни ҷиддӣ диданд. Ӯ сӯхтор дар чанд бозори кишварро мисол меорад, ки ба ақидаи ӯ маҳз пас аз боло бурдани нархҳо дар моҳи Рамазон рух додаанд. Зиёни ин соҳибкорон, ба назари ӯ, пеши арзон фурӯхтани маҳсулот дар Рамазон ҳеч аст.

Тасмими ин соҳибкор дар ҳолест, ки сар аз рӯзи аввали моҳи Рамазон нархи мева, полезиҳо, ширинҳо ва маҳсулоти гӯштӣ дар Душанбе тамоюли болоравӣ доранд.То як рӯзи пеш дар Душанбе як кило гелос ҳудуди 15 сомонӣ фурӯхта мешуд, вале ҳоло нархаш то 22 сомонӣ боло рафтааст. Қимати тарбуз ба ҳисоби миёна аз 8-10 сомонии рӯзҳои пеш то 12-15 сомонӣ, шакар аз 5 то 6 сомонӣ, гӯшт аз 32-33 сомонӣ ҳоло то 36-38 сомонӣ боло рафтааст. Дар бархе дӯконҳо ҳоло ҳам метавон як кило гӯштро то 33 сомонӣ харидорӣ кард, аммо бо сифати хеле паст.

Дилшод Раҳмонов, тоҷири дигари бозори “Саховат”, ки як кило гӯштро бо нархи 35 сомонӣ мефурӯшад, мегӯяд, имкони поин кардани нархи маҳсулоташро надорад ва қимат шудани он низ аз ӯ вобаста нест: “Гӯшти мо сифати хуб дорад ва он ба мо худаш қимат меафтад. Чорводорон ба мо чорпоро гарон мефурӯшанд, мо дигар роҳ надорем. Соҳибони мол боло карданд, дигар мо маҷбурем баланд кунем, агар онҳо поин карданд, мо ҳам нархро поён мебарем. Аммо бовар дорам, ки дигар нарх аз ин боло нахоҳад рафт.”

Бо ин ҳол, мусоҳибони мо дар бозорҳои Душанбе аз боло рафтану дигар поин нашудани маҳсулот дар бозорҳои пойтахт шиква карданд. Онҳо мегӯянд, дар ҳолеки айёми ҳосилғундорист, мантиқи боло рафтани қимати меваро намефаҳманд.

Савриннисо, як сокини Душанбе, ки аз бозор берун мешуд, гуфт, ҳоло як кило гӯштро бо 36 сомонӣ харидорӣ кардааст ва хеле нигарон аст, ки нарх боз боло хоҳад рафт: “Ҳоло як сомониву ду сомонӣ нархро қимат карданд, вале бисёртар нархро дар даҳаи ид боло мебаранд. Худо инсофашон диҳад, мо ҳам арзонӣ мехоҳем.”

Аммо Табаралӣ, сокини дигари Душанбе мегӯяд, ҳеч тағийри ҷиддие дар нархҳо намебинад: “Тарбузро даҳ сомонӣ харидам. Пеш аз Рамазон ҳам ҳамин нарх буд. Ҳеч дигаргунии дар болоравии нархҳо намебинам.”

Маъмурияти бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе мегӯянд, онҳо ба хотири боло нарафтани нархҳо аз қабл омодагӣ гирифтаанд, то дар моҳи Рамазон аз болоравии нархҳо ҷилавгирӣ кунанд. Нусратулло Раҳматшоев, муовини директори бозори “Саховат”-и Душанбе мегӯяд, воқеан, соли гузашта нархҳо боло рафта буданд, аммо ҳоло болоравии нарх дар бозорҳо овозае беш нест.

“Рамазон дар фасли хуб фаро расид, ки айёми мева аст. Мо ҳам ба хотири боло нарафтани нарх сабзавот ва гӯштро аз ҳисоби захираҳои бозор бо нархи арзон ба фурӯш гузоштаем. Вақте мардум мебинад, ки дар ҷое арзон мефурӯшанд, ҳеч вақт аз қимат намехаранд ва қиматфурӯшон ҳам маҷбуранд арзон фурӯшанд,” -- афзуд ӯ.

Боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи Рамазон ба як анъана табдил ёфтааст. Дар ин миён, иқдоми Иброҳим Маҷидов, ки бори аввал равғану биринҷро аз 20 то 30 дарсад арзон мефурӯшад, як иқдоми бесобиқа ҳаст.

XS
SM
MD
LG