Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани қирғиз пулиси Русияро ба додгоҳ мекашад


Ойбарчин Шамшиева, муҳоҷири қирғиз дар Маскав.
Ойбарчин Шамшиева, муҳоҷири қирғиз дар Маскав.

Шаҳрванди Қирғизистон Ойбарчин Шамшиева барои кору даромад ба Маскав омада буд, аммо акнун муборизаеро барои адолат ва ҳуқуқи инсон оғоз кардааст.

Ойбарчин Шамшиева, муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон полиси Маскавро ба он айбдор мекунад, ки беасос ӯ ва шавҳарашро боздошт карданд, ба онҳо фишор оварданд, ки худро гунаҳкор шуморанд, хостанд онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд, дар ҳоле ки ҳамаи ин корҳои онҳо зидди қонун буд.

“Ман намегузорам, ки онҳо барои ин ҳама коре карданд, беҷазо монанд,” – мегӯяд Ойбарчин Шамшиева, ки бо шавҳараш ва чанд муҳоҷири дигар рӯзи 23 апрел аз хонааш ба шӯъбаи пулис бурда шуд. Вай мегӯяд, барояш фурсат дода нашуд, ки ҳуҷҷатҳои худро ба кормандони умури дохилӣ нишон диҳад:

“Ману шавҳарам моҳи феврал 10-15 бор ба маркази муҳоҷират дар Сахарово рафта, соатҳо дар навбат истода, ҳуҷҷатҳои худро супурдем. 25 март патентҳои нав гирифтепм ва барои ҳар кадоми онҳо 4000-рублӣ пардохтем. Вақте ки пулис ба манзили мо зада даромад, аз саросемагӣ ман баргаҳои тасдиқкунандаро ёфта натавонистам. Кормандони пулис гуфтанд, ҳама чиро дар шӯъба маълум хоҳанд кард. Фикр кардем, ки ҳангоми тафтиш бегуноҳ будани мо исбот мешавад, ба шӯъба рафтем. Вале дар он ҷо касе гапи моро шунидан намехост ва тафтиш кардан ҳам намехост. Ҳуҷҷатҳои шавҳарам дуруст буданд, вале ӯро низ раҳо намекарданд, ки равад ва ҳуҷҷати маро биёрад.”

Ҳангоми бозпурсӣ ба Ойбарчин фишори равонӣ меоварданд ва талаб мекарданд, ки аризаеро имзо кунад, ки дар ион гуфта мешуд, ба иллати мушкилоти молӣ натавонистааст, патент гирад. Ҳамзамон кормандони пулис ӯро таҳдид мекарданд, ки ба зӯрӣ имзояшро хоҳанд гирифт.

Дар ниҳояти кор, пулис ҳеч гуна қонуншиканиеро аз тарафи Ойбарчин Шамшиева ва ҳамсари ӯ пайдо накард, вале бо вуҷуди ин онҳоро маҷбур карданд, шабро дар идлораи пулис рӯз кунанд.

“Ба ҳар кас яктоӣ курсӣ доданд, ки рӯяш биншинанд ва бихобанд. Ҳама гурусна буданд. Муҳоҷирони дигар чизе нагуфта, ба санадҳои таҳиякардаи пулис имзо мегузоштанд ва чизе ки пулис мегуфт, мекарданд. Вале ман фишори онҳоро қабул надоштам ва гапи худро мегуфтам, ки гуноҳ надорам, ҳуҷҷатҳоям дуруст аст ва чизеро имзо нахоҳам кард,” – мегӯяд Ойбарчин.

Рӯзи дигараш парвандаи ӯро ба Додгоҳи ноҳияи Мешани шаҳри Маскав супурданд. Бино бар банди 5 Қонуни федеролии вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федерасюни Русия додгоҳ шаҳрванди Қирғизистонро бегуноҳ баровард ва иттиҳомоти пулисро зидди ӯ беасос шумурд.

Рейди пулиси Русия дар бозорҳо
Рейди пулиси Русия дар бозорҳо

“Ман давраи коромӯзиро паси сар мекардам, то соҳиби кор шавам. Он рӯз мебоист, маро ба кор мегирифтанд. Акнун ман он ҷои коро аз даст додам ва талаб мекунам, муфаттише, ки беасос маро айбдор кард, ба ман фишор овард, ба ҷавобгарӣ кашонда шавад. Чунин воқеа метавонад ба сари ҳар кас ояд. Бояд коре кард, ки чунин нафарҳои масъул дилпур набошанд, ки касе онҳоро ҷазо намедиҳад,” – гуфт ин зани ҷасур ба Радиои Озодӣ.

Дар ҳоли ҳозир Ойбарчин Шамшиева ба Кумитаи “Ёрии шаҳрвандӣ” дар Маскав муроҷиат кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Бо ёрии ин созмон вай аз болои муфаттиш ба додгоҳ арз кард ва навишт, ки ин шахс ба ӯ зӯргӯӣ мекард, фишор меовард ва ӯро метарсонд, то зидди қонун амал намояд.

Корманди Кумитаи “Ёрии шаҳрвандӣ”, Марина Лексина, мегӯяд, бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба чунин вазъ меафтанд, аз бесаводии ҳуқуқӣ ё зери фишори кормандони пулис худашон ба ҳуҷҷатҳое имзо мегузоранд ва гуноҳи набударо ба гардан мегиранд. Вай меафзояд:

“Ойбарчин Шамшиева қаҳрамон аст! Вай имзои айбномаи дурӯғро қабул накуард ва то охир дар мавқеи худ истод. Маъмулан, шаҳрвандони хориҷӣ дар шӯъбаи пулис зери фишор ҳама гуна ҳуҷҷатро, дониста ва надониста, имзо мекунанд. Ба ин тартиб онҳо ҳукмномаи худро мебароранд. Ин ҳуҷҷат парванад мешавад ва ба додгоҳ меравад. Аммо муҳим нахоҳад буд, ки додгоҳ чӣ ҳукм мебарорад, зеро аллакай протокол ба захираи маълумотии вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ворид мешавад ва номи кас ба “рӯйхатти сиёҳ” меафтад. Мо ҳоло аризаи шикоятӣ омода кардем ва ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат мекунем," -- мегӯяд Марина Лексина.

Иттифоқан, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ ба чунин ҳолатҳо меафтанд. Аммо то ҳоло шунида нашудааст, ки кадоме аз онҳо то охир пойфишорӣ карда, аз имзои айбномаи зидди худ даст кашида бошад. Ба ин сабаб, баъд аз шомил шудани номи чунин муҳоҷирон ба феҳристи умумии Хадамоти муҳоҷират онҳо “депорт” ё ихроҷ мешаванд ва ҳақ надоранд ба Русия сафар кунанд.

Оё дар таҷрибаи Шумо ё наздиконатон ҳангоми муҳоҷират чунин ҳолате рӯй додааст? Намунаҳоеро медонед, ки муҳоҷирон барои ҳуқуқи худ кормандони пулисро ба догоҳ кашонда бошанд. Дар ин бора барои мо нависед. Интизори шарҳҳои Шумоем.

XS
SM
MD
LG