Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду милиса барои риштарошии маҷбурӣ ҷазо гирифтанд


Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон
Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон

Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, бар асоси шикояти сокинон ду маъмури пулис аз Суғду ноҳияҳои тобеи марказ барои маҷбур кардани сокинон барои тарошидани ришашон ҷазо гирифтаанд.

Ду корманди пулиси Тоҷикистон барои маҷбуран тарошидани риши шаҳрвандон ҷазо гирифтаанд. Икром Умарзода -- муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин кормандон аз вилояти Суғд ва дигаре аз ноҳияҳои тобеи марказ будааст.

Ба суоли он ки ин ҷазо аз чӣ иборат аст - барканорӣ аз кор ё танбеҳу огоҳӣ - ҷаноби Умарзода гуфт, кормандони пулис дар навбати аввал огоҳӣ гирифта, дар ҳолати такрори нофармонияшон ҷазои сахттар хоҳанд гирифт.

Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, муҷозоти ин маъмурони пулис дар асоси шикояти сокинон сурат гирифта, агар дигарон низ ҷабрдида бошанд, метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд. Ӯ гуфт, Вазорати умури дохилӣ ба тарошидани риши сокинон супориш надодааст ва агар касе ҳам ин корро карда худсарона кардааст.

"Мо супориш медиҳем, ки рафтору ахлоқи мардумро бубинанду миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. На ин ки болои сокинон зӯру корҳои иҷборӣ бошад,"-афзуд ӯ. Икром Умарзода илова кард, Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзҳои охир се бор мақомоти ин ниҳодро ҳушдор додааст, ки бо мардум хушмуомила бошанд. "Ин хел корҳо ягон – ягон буданаш мумкин. Ду се шикоят буд, чораандешӣ мешавад,"-гуфт Умарзода.

Аз ин қабл ҳам масъулони Вазорати умури дохилӣ гуфта буданд, ки ҳеҷ дастур нест, ки маҷбуран тарошидани риши сокинонро иҷоза диҳад. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, дастур шудааст, то ҷавонон ба ришмонии ботартиб ташвиқ шаванд.

Гуфтугӯ бо ноиби вазири умури дохилӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурони пулис бо як марди ришдор, ки зоҳиран тоҷир аст, пахш шуд ва бо вокунишҳои тунд ҳам рӯбарӯ омад. Дар навор дида мешуд, пулис ба тоҷири ришдор мегӯяд, ки "ҳозир ришҳота қоқ-қоқ метарошам. Ришата гир, дигар набинам."

Ҷузъиёти ин навор, ки кай ва дар куҷо сабт шудааст, дақиқ нест. Аммо дар навор дида мешуд, миёни маъмурони пулис ва ду зани ҳамроҳаш, ки яке ҳиҷоб дораду дигаре – не, низ баҳс идома мекунад ва дар охир маъмурони пулис ҷавонро "ин ҷо биё, ин ҷо биё"-гуфта аз гарданаш гирифта мебаранд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Рустам Гулов -- ҳомии ҳуқуқ, корманди ГИТ "Аксент" ва узви Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти пулис ҳам ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аризаи шикоятӣ навишт, ки маъмурони милиса ришашро, ки чандон баланд набуд, маҷбурӣ тарошидаанд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2 апрел дар бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд маъмурони пулис маҷбурӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда, ришашро гирифтаанд.

Аз ин пеш, рӯзи 1 апрел, Лутфулло Бобобеков, як сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент низ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сафари ӯ ба шаҳри Хуҷанд бо моҷарое бо кормандони милиса бадал шудааст. Ин сокини ҷамоати Халифабобои шаҳри Панҷакент гуфт, ба ҳангоми гаштугузор дар бозори “Панҷшанбе” ӯро як ходими милисаи шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хуҷанд боздошт карда ба идора бурд ва он ҷо, ба гуфтааш, бо зӯр ришашро тарошидаанд.

Ба гуфтаи нозирон, нигарониҳои мақомот аз афзоиши ақоиди тундгароии мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳдидҳои афзояндаи созмонҳое мисли "Давлати исломӣ" боис шудааст, мақомот ҳатто таваҷҷӯҳи занон ба пӯшидани либоси исломӣ ва андозаи риши мардонро зери назорат бигиранд. Айни замон, ин ташаббусҳо чун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мешавад, вале мақомот мегӯянд, ҳадаф роиҷ кардани пӯшишҳои исломӣ ва ба тартиб даровардани риши ҷавонон асту бас.

XS
SM
MD
LG