Романи нави Мираҳмади Амиршоҳ, адиби тоҷик, бо номи "Сад соли як хаёл" дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ҳаҷми 600 саҳифа омода шуда, рӯзҳои наздик аз чоп хоҳад баромад. Оқои Амиршоҳ, ки дар гузашта сардабирии нашрияи “Одаму олам”-ро бар ӯҳда дошт ва панҷ сол боз дар сохтмони Роғун кор мекунад, гуфт, "Сад соли як хаёл"-и ӯ асари бадеӣ буда, аммо "танҳо сохтмони имрӯзаи нерӯгоҳи Роғунро дар бар намегирад."
Вай афзуд, "дар ибтидо, дар замони Шӯравӣ тарҳи Роғун бо номи “Лоиҳаи Сичароғ” маълум буда, аммо амалӣ карда нашудааст. Дар Тоҷикистон ба ҷои тарҳи “Сичароғ” дар соли 1936 нерӯгоҳи Варзоб барои таъмини пойтахт бо нерӯи барқ сохта шуд, яъне пас аз ҳар кӯшише, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба харҷ дода мешуд, он ҳамчун хаёл боқӣ мемонд ва хушбахтона ҳоло бо мустақилияти кишвар ин хаёл амалан татбиқ карда хоҳад шуд.”
Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун як идда адибону публисистон, аз ҷумла Бахтиёр Муртазоев, Шералӣ Мӯсо, Раҷабалӣ Аҳмад ва Мираҳмади Амиршоҳ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ фаъолият доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бо изҳори таассуф таъкид карда буд, “адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд."