Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷик духтарашро аз Абӯбакри Бағдодӣ талаб дорад


Майрам Олимоваи 65-сола мегӯяд, ба ҷуз аз духтараш каси дигаре надорад
Майрам Олимоваи 65-сола мегӯяд, ба ҷуз аз духтараш каси дигаре надорад

Як сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дархост кардааст, то духтару се набераашро аз Сурия ба Тоҷикистон бифиристад.

Майрам Олимова, сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб, аз Абӯбакр Бағдодӣ - "халифа"-и худхондаи гурӯҳи "Давлати исломӣ” талаб кардааст, то духтари 24-сола ва се набераи хурдсолашро аз Сурия ба Тоҷикистон фиристад. Хонуми Олимова рӯзи 10 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш - Гулрӯ Олимова бо тақозои шавҳари худ аввал ба Русия ва сипас бо се фарзанди хурдсол ба Сурия рафтааст.

Ӯ мегӯяд, "Гулрӯ баъди сафараш ба Русия бедарак шуд. Танҳо ду ҳафта пеш домодам бо ман тамос гирифта, гуфт, ки бо зану бачаҳояш дар Сурия ҳастанд." Майрам Олимова мегӯяд, ба домодаш коре надорад, вале мехоҳад аз ҳар роҳе набошад, духтарашро ба Тоҷикистон баргардонад.

Ин зан дар ҳоле гиря гулӯгираш карда буд, гуфт: “Вақте фаҳмидам, духтарам дар Сурия аст, дигар надонистам чӣ кор кунам. Ман дигар касе надорам. Фақат як духтар дорам. Аз бесоҳиб мурдан метарсам. Ӯро гапи бад ҳам гуфтанӣ нестам, аммо ба ҳолам раҳм карда, духтарамро равон кунад.”

Падари Лоиқ: “Писарам гуфт, кори хубе ёфтаам”

Ин сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, то ҳол барои баргардондани духтараш ба мақомоти интизомии Тоҷикистон муроҷиат накардааст. Ӯ мегӯяд, набераи бузургаш 7-сола, дуюмаш 4-сола ва хурдияш 6-моҳа буда, Фотимаву Аҳмад ва Румайсо ном доштаанд.

Домоди ин зан Лоиқ Раҷабов, ки 32 сол дорад, то сафар ба Русия дар маҳаллаи Суғдиёни Кӯлоб зиндагӣ мекардааст. Шерафкан Раҷабов,

Шиносномаи Гулрӯ Олимова
Шиносномаи Гулрӯ Олимова

​падари ин ҷавон гуфт, писараш дар моҳи сентябр аз Русия тамос гирифта, хоҳиш кардааст, то ҳамсару фарзандонашро таъҷилан ба назди ӯ фиристанд.

“Гуфт, дар як ноҳияи назди Маскав дар истироҳатгоҳе кор пайдо кардааст. Ҳамроҳ бо зану фарзандонаш он ҷо мемонад ва шароиташ хеле хуб аст. Мо билет харида, онҳоро равон кардем. Ду моҳ баъд занг зад. Нагуфт, дар куҷост, вале гуфт, хуб аст. Бо ҳамин, дигар ҳеҷ тамосе нагирифтааст. Рақами телефонаш рақами Русия набуд. Ба мо ҳам дигар нагуфт, ки дар куҷост,” – мегӯяд Шерафкан Раҷабов.

Мусоҳиби мо афзуд, дигар таҳаммули оҳу фиғони модарарӯси писарашро надорад ва агар писараш бо ӯ дар тамос шавад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки баргарданд.

Муроҷиати модари тоҷик ба созмони Давлати исломӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

“Ихтиёран аз Сурия баргарданд, ҳабс намешаванд”

То кунун аз ҷангҳои Сурия чаҳор ҷавони тоҷик ба Ватан бозгаштаанд ва мақомот ба далели ихтиёрӣ баргаштан ва аз карда пушаймон будан, онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардаанд.

Восӣ Салимзода, муфаттиши шӯъбаи тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан вазнини додситонии вилояти Хатлон, ки парвандаи аз Сурия ихтиёран бозгаштани як ҷавони тоҷикро баррасӣ мекард, гуфт, қонунгузории Тоҷикистон дар ин ҳолат ҷавобгарии ҷиноиро сарфи назар мекунад. Ӯ гуфт: “Бар асоси тавзеҳи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон афроде, ки ихтиёрӣ аз чунин кишварҳо пас мегарданд ва аз кирдори худ сидқан пушаймонанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Дар таҷрибаи кории мо чунин як ҳолат буд, ки нафаре бо номи Бахтиёр Сафаров аз он ҷо пас гашт ва мо ӯро пас аз сӯҳбат озод кардем.”

ВКХ: “Мо вақте кумак мекунем, аз Сурия берун бошанд”

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргардондани шаҳрвандони ин кишвар аз қаламравҳои Ироқу Сурия, ки ҳудудҳои таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро кори мушкил медонад.

Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба афроде, ки аз Сурия ба Ватан баргаштан мехоҳанд, танҳо дар сурате метавонад кумак кунад, ки агар онҳо аз аз хоки ин кишвар хориҷ шуда бошанд. “Мо ба чунин афрод вақте ба кишварҳои арабӣ ва ё Туркия ворид мешаванд, кумак карда метавонем, зеро мо дар ин кишварҳо сафорату намояндагиҳои дипломатӣ дорем. Онҳо вақте аз он ҷо берун шуданд ва масалан ба Туркия ворид шуданд, ба консулгариҳои мо ва ё сафорат хабар диҳанд, ҳатман ба бозгашти қонуниашон ба ватан ёрӣ медиҳем,”-афзуд ӯ.

Бори аввал аст, ки ҳузури як зан ва се кӯдаки тоҷик дар қаламрави таҳти назорати гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ аз ҷониби наздикон тасдиқ мешавад. То кунун танҳо ширкати ҷавонписарони тоҷик дар ҷангҳои ин минтақа расонаӣ шуда буд. Бар асоси иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ширкат мекунанд ва то имрӯз беш аз 50 тани онҳо дар Ховари Миёна кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG