Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн дар нисбати қатли халабони он кишвар Муоз Ал-Қасосбеҳ, ки аз сӯи гурӯҳи Давлати исломӣ зинда ба зинда ба оташ кашида шуд, барқияи тасаллият ирсол доштааст. Дар ин нома Эмомалӣ Раҳмон ин амали Давлати исломиро “даҳшат” хонда ва гуфтааст, ки “чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд.”
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи душанбе бо нашри як видео гуфт, халабони урдунӣ Муоз Ал-Касосбеҳро зинда ба зинда сӯзондааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин видео марде, ки гуфта мешавад Муоз Ал-Касосбеҳ, халабони урдунист, дар як қафаси оҳанӣ дар байни оташ дасту по мезанад. Урдун як рӯз баъд аз нашри видеои зинда ба зинда сӯзондани халабонаш Муоз Ал-Касосбеҳ аз сӯи ҷангиёни созмони тундгарои "Давлати исломӣ", Соҷида Ришовӣ, як зани ироқиеро, ки ба таҳияи ҳамлаи маргталабона айбдор мешуд, ҳамроҳ бо як ҷангии дигари ироқӣ, эъдом кард.