Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст кашидани 2 номзади ҲНИТ аз интихобот


Ду номзади ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Қумсангир ба далели фишор болои худу наздиконашон аз идомаи рақобат даст кашидаанд. Бахтиёр Абдураҳмонов – номзад аз деҳоти ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир бо навиштани ариза аз идомаи рақобат дар маҷлисҳои маҳаллӣ канор рафтааст.

Ба қавли Абдураҳмонов, наздиконаш ба ӯ гуфтаанд, аз ин роҳе, ки меравад, баргардад. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ гуфт, Бахтиёр Абдураҳмонов ба назди масъулони бахши ҳзиби онҳо дар Қумсангир омада, вазъиятро шарҳ додааст ва барои дасткашиаш аз рақобат ариза навиштааст.

Инчунин, яке дигар аз номзадони маҳаллӣ дар Қумсангир, ки аз ӯ ном бурда намешавад, бар асари фишор аз рақобат даст кашидааст. Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз ҷумлаи 42 участкаи интихоботӣ 14 номзад ва аз маҷмӯи 3 ҳавзаи вилоятӣ 3 номзад пешбарӣ кард ва ҳоло 12 номзади ноҳиявӣ ва 3 номзади вилоятӣ ба рақобат идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG