Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар мунтахаби ҷавонон


Бозии санҷишии мунтахабаи ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо пирӯзии қаҳрамони кишвар бо ҳисоби 2-1 хотима ёфт.

Мунтахабаи ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бозии санҷиширо ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар, бо ҳисоби 1-2 бохт. Ин бозӣ дар доираи омодагии футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 рӯзи 8-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Алиев, ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 76-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Вале баъди 13 дақиқа Ойбек Абдуғаффоров, ҳимоятгари мунтахаби ҷавонон, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ зада, ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Фатҳулло Фатҳуллоев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар замони изофӣ (90+3) аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) таҳти раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январ бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Футболбозони ҷавони тоҷик пеш аз сафар ба Санкт-Петербург боз як бозии санҷишӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 11-уми январ, соати 11.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ССКА «Помир»-и Душанбе доир хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки бозӣ бо мунтахаби ҷавонони кишвар барои дастаи “Истиқлол” низ санҷише буд пеш аз ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015. Рақибони “Истиқлол” дар гурӯҳи «С» бошгоҳҳои «Ал-Қодсия» (ё «Ал-Арабӣ»), «Эрбил»-и Ироқ, инчунин ғолиби плей-оффи 1 – ё «Фанҷа»-и Умон, ё «Аҳал»-и Туркманистон ё «Дордой»-и Қирғизистон мебошанд.

«Истиқлол» ба даври гурӯҳии мусобиқа аз бозӣ дар майдони худ муқобили “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми АФК, шурӯъ хоҳад кард. Ин бозӣ 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бозии хотимавии “Истиқлол” дар майдони худ бо ғолиби плей-оффи 1 – ё «Фанҷа»-и Умон, ё «Аҳал»-и Туркманистон ё «Дордой»-и Қирғизистон - 13-уми май доир хоҳад шуд.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 76 – аз пеналтӣ (1:0). Ойбек Абдуғаффоров, 89 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90+3 – аз пеналтӣ (1:2).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21): Эмомалӣ Сониев, Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Шарифов (капитан), Фирдавс Чақалов, Вайсиддин Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулло Саидов (Ромиш Ҷалилов, 71), Ҷаҳонгир Алиев, Абдурасул Раҳмонов, Ҷаҳонгир Эргашев (Фирӯз Раҳматов, 90+1).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Дэвид Мавутор (Манучеҳр Ҷалилов, 62), Алишер Сафаров (Умедҷон Шарифов, 46), Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев.

Огоҳонида шуданд: Ойбек Абдуғаффоров, Абдурасул Раҳмонов, Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

XS
SM
MD
LG