Наздикони раиси бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоев аз боздошт шудани ӯ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят бурда, боз шудани парвандаи ҷиноии зидди Абдуллоевро бо иттиҳоми “огоҳона тахриб намуда мол”, яъне талоши оташ задани бозори "Ином" маҳкум карданд. Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи “Ином” Бурҳон Абдуллоев талаб кардааст, ки зерҳимояаш аз боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа озод карда шавад.
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рузи 20 декабр бо ҷурми “қасди оташ задани бозори Шаҳритус” парванда боз намуда ҳукми боздошти думоҳаи онро дода буд,ки то кунун раиси бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоев дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад.
Мақомоти умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа рузи19-уми декабр дар назди Додгоҳи олӣ Бурҳон Абдуллоевро боздошт карданд ва ба Раёсати корҳои дохиии вилояти Хатлон бурданд. Бузургмеҳр Ёров ва ҳамсари Бурҳон Абдуллоев он руз ба Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳи Хатлон рузи 20 уми декабр бо нишондоди як сокини ноҳияи Шаҳритус -- Ризвонов Ҳошим, ки гуфтааст, Бурҳон Абдуллоев ба вай дастури оташ задани бозорро дод, айбнома эълон кард. Ба нақли вакили мудофеъ “кормандони умури дохила Ҳошим Ризвонов як сокини ноҳияи Шаҳритусро дар маркази бозори “Ином”бо 10 боклашкаи бензин дар дохили як халта боздошт кардаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ӯро Ҳоҷи Бурҳон дастур додааст, ки бозорро оташ зан”.
Бар асоси ин нишондод додситонии Қӯрғонтеппа Додгоҳи вилоят алайҳи Бурҳон абдуллоев бо моддаи 255 қисми 2огоҳона “тахриб намудани мол”парванда боз намуда уро ба 2 моҳи боздошт дар СИЗО ҳабс кард. Аммон вакили мудофеъ ва наздикони Бурҳон Абдуллоев мегуяд ки 50 дар сади саҳмияи бозор ба души Бурҳон Абдуллоев аст ва 50 дар сади дигар ба гардани зану варзандаш аст чӣ гуна вай метавонад дастури оташ задани бозорро диҳад.