Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкалу муҷассамаҳо -- арҷгузорӣ, таърихсозӣ ё ширк?


Овозаи омода шудани нипайкараи рӯимизии Эмомалӣ Раҳмон баҳсро на танҳо ба "шахспарастӣ", балки гуноҳ будани тасвири инсон дар шариати исломӣ кашонд. Аммо шариат дар ин бора чӣ мегӯяд?

Хабари сохтани нимпайкараи рӯимизии Эмомалӣ Раҳмон аз овозае беш нест. Як мансабдори баландпояи давлатиТоҷикистон, ки то чанд рӯзи пеш масъули масоили фарҳангӣ дар кишвар буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 декабр гуфт, ки “на ҳукумат ва на вазорати фарҳанг ба касе ё ниҳоде супориши сохтани бюст ё нимпайкараи сарвари давлатро надодааст ва хабари дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шудани ин мавзӯъ воқеият надорад”. Аз ин пеш Бунёди мусаввирон ё Худфонди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки нусхаи нимпайкараи рӯимизии президент омода шудааст ва баъди “бале”-и ҳукумат чанд ҳазор нусхаи онро дар Чин фармоиш хоҳанд дод.

Сару садоҳо дар бораи таҳия шудани нимпайкараи рӯимизии Эмомалӣ Раҳмон дар маҳофили Тоҷикистон баҳсҳои то куҷо ба дину мазҳаб ва расму русуми миллӣ мутобиқ будани муҷассамасозиро барангехт. Баъзеҳо бар инанд, ки дар мазҳаби Абу Ҳанифа тасвири инсон ва сохтани пайкараи ӯ манъ шудааст, аз ин рӯ пайдо шудани бюст ё нимпайкараи рӯимизии раисиҷумҳур хилофи шариат аст. Вале мухолифони онҳо мегӯянд, манъи тасвири инсону муҷассамсозӣ хурофот аст ва ҳама навъҳои санъат дар ҳама кишварҳо – чӣ исломиву чӣ насронӣ ё чӣ буддоӣ ҳаққи рушду нумӯъро доранд. Дар ҳамин ҳол онҳо ҳам ба сохтани нимпайкараи сарвари давлат мувофиқ нестанд ва онро “шахспарастӣ” мехонанд. Аммо, аз нигоҳи онҳо, сохтани пайкараҳои афроди маъруфу номбардори миллат як амри маъмулӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳост.

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе

Нахустин муҷассама дар Осиёи Марказӣ 4 майи соли 1913 дар Тошканд ба аввалин волии Туркистон фон Кауфман гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон аввалин бор ба Валериан Куйбишев ҳайкал гузоштанд – ин муҷассама дар майдони истгоҳи роҳи оҳани Сталинобод (Душанбеи имрӯз), солҳои 80-уми қарни гузашта навсозӣ шуд. Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон асосан ба раҳбарони коммунисту шоирону адибони шӯравӣ муҷассама ва ба ду карат қаҳрамонҳои меҳнат нимпайкара мегузоштанд. Солҳои 40-уму 50-ум ба раҳбари вақти шӯравӣ Иосиф Сталин муҷассамаҳои зиёд гузоштанд, аммо аксари онҳоро баъди маҳкум кардани “шахспарасти”-и ӯ тахриб карданд.

“АКСИ МОРО НАГИРЕД, ИН ГУНОҲ АСТ!”

...Ҳоҷӣ Ғайбулло, хатиби масҷиди як рустои ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки ҳамагӣ панҷ-шаш даҳсола пеш дар рустоҳои Тоҷикистон мӯйсафедон ҳатто аз акс гирифтан парҳез мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, аз бобояш Мулло Ҳабибулло фақат ду акси хурди бо мурури замон зардшудаи шиносномаву дафтарчаи сарбозӣ ба ёдгор мондаасту халос. Мулло Ҳабибулло аз пирони тариқати Нақшбандия дар минтақаи Кӯлоб ва аз рӯҳониёни мӯътабар буд ва ба гуфтаи наберааш, дар тӯли умр ҳамагӣ ду бор ва он ҳам барои санадҳо акс гирифтааст.

Аммо, меафзояд Ҳоҷӣ Ғайбулло, шояд як акси бузурги Мулло Ҳабибулло дар бойгониҳои Эрон маҳфуз бошад. “Боре худораҳматӣ устод Одина Ҳошим меҳмони манзили бобоям шуд. Ӯ, ки нав аз сафари Эрон баргашта буд, гуфт, ки дар Теҳрон дар як плакат акси чанд мӯйсафедро дар назди ёдгориҳои таърихии Бухоро дид ва яке аз онҳо ба Мулло Ҳабибулло хело шабоҳат дошт. Бобоям иқрор кард, ки воқеан ҳам соле пеш ӯ ва чанд муллои дигар аз Бухоро зиёрат карданд ва он ҷо чанд суратгири эронӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шуданду хостанд, ки аксашонро бигиранд. Бобоям ва ҳамроҳонаш розӣ нашуданд ва он вақт яке аз эрониҳо мӯйсафедҳои тоҷикро “ба гап гирифт” ва дигарӣ пинҳонӣ чанд акс бардошт”.

Ҳоҷӣ Ғайбулло мегӯяд, то имрӯз баъзе аз мӯйсафедон дар манзиле, ки аксу сурат бошад, намоз намехонанд ё хоҳиш мекунанд, ки болои аксу суратро пӯшонанд, зеро онҳо ба Аллоҳ бояд саҷда кунанд, на ба аксу суратҳо. Миёни мардум боваре ҳаст, ки ба хонаи суратдор фариштаи раҳмат намедарояд, мегӯяд ӯ. Маҳз ба ҳамин хотир солҳои 50-уму 60-уми асри гузашта рӯҳониён ҳатто барои шиноснома акс намегирифтанд. Бархӯрд ба сураткашӣ боз ҳам сахттар буд – бузургсолон мегуфт, ки агар сурате кашӣ, бояд дар охират ба он ҷон ато кунӣ. Ҳоҷӣ Ғайбулло мегӯяд, ки муносибат ба аксу сурат ҳоло тағйир хӯрдааст ва мӯйсафедон, ки то чанд соли пеш омӯзгор, табиб ё корманди муассисаи давлатӣ буданд, бо камоли майл бо аҳли хонавода акс мегиранд.

Абдувалӣ Шарифов, раиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, муҷассамаҳои дар Кофирқалъа, Аҷинатеппа, Тахти Сангин ва дигар мавзеъҳо ошкоршуда – пайкараҳои гилии Анаҳито, муҷассамаҳои шахси рӯи тахт нишаста ва марди бохтарӣ - аз замони тоисломӣ боқӣ мондаанд. Муҷассамаву пайкараҳои гиливу сангиву фулузӣ ё тасвири одамон дар деворнигораҳои манбус ба қарнҳои баъдӣ аҳён-аҳён кашф мешаванд. Яке аз ин гуна деворнигора дар Ҳулбуки бостон ошкор шудааст, ки дар он монандаи деворнигораҳои Панҷакенти қадим ромишгарон тасвир шудаанд, дар гаҷкориҳои деворҳои қалъа бошад, фақат саҳнаи шикор ва ҳайвонотро метавон дид. Бостоншиносон дар ҳафриёт дар ин қалъа баъзе муҷассамаҳоро ҳам пайдо карданд, вале ин гуна бозёфтҳо, ба гуфтаи Абдувалӣ Шарифов, ангуштшуморанд.

“БА ХУДО БОЯД САҶДА КАРД, НА БА АФРОДИТА!”

Имон-Валерия Порохова, пажӯҳишгари ислом ва мутарҷими Қуръони Шариф ба забони русӣ, ангуштшумор будани ин гуна пайкараву тасвирҳо дар қаламрави феълии Тоҷикистонро як амри табиӣ мехонад. “Албатта, дар ягон ояи Қуръони Шариф ҳарфе дар бораи манъи тасвири инсон ва сохтани муҷассамаи ӯ нест, вале ин нуктаро дар Ҳадисҳои саҳеҳ метавон дарёфт. Бар пояи ҳадисҳо, Худованд ба инсон ҷон ва рангу рӯ офаридааст ва фақат Худованд тавони ҷон бахшиданро дорад, аз ин рӯ тасвири инсон аз сӯи бандагон ҷоиз нест”, -- мегӯяд ӯ. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи хонум Имон-Валерия, “сурат ё муҷассама метавонад боиси парастиш аз сӯи гурӯҳе шавад... Дар мо ин гуна намунаҳо хело зиёданд, бигирем, бархе ба муҷассамаи Довуд (Давид) дар Флорентсия саҷда меоваранд, ба муҷассамаҳои Венера Милосская ё Афродита “ошиқ” мешаванд, аммо фақат Худованд аст, ки бояд пешаш саҷда кард, саҷдаву ниёиш ба тасвиру пайкараҳо аз рӯи шариати ислом ширк аст”.

Имон-Валерия Порохова
Имон-Валерия Порохова

Аммо муҷассамаҳои афроди воқеӣ ҳам метавонанд боиси парастиш шаванд – одамон дар Амрико пеши муҷассамаи Ҷорҷ Вошингтон, дар Фаронса пеши муҷассамаи Наполеон ва дар Русия бархе пеши муҷассамаҳои Ленину Сталин ё Пушкин сар хам мекунанд ва ба нишони эҳтиром кулоҳ аз сар мегиранд. Замони шӯравӣ мактабиёнро маҷбур мекарданд, ки пеши муҷассама ё нимпайкараи доҳӣ ба зону нишинанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи донишманди фиқҳ, “шариати ислом тасвири табиату дигар ашёро манъ накардааст, зеро кас ба дарахту гулу гиёҳ саҷда намекунад ва фақат аз тамошои онҳо ҳаловат мебарад”.

МАЗҲАБИ ҶАЪФАРӢ БА МУҶАССАМАСОЗӢ МУХОЛИФ НЕСТ

Хонум Имон-Валероия меафзояд, пайкараву ҳайкал ва тасвирҳо дар Эрон сари ҳар қадам ба чашм мехуранд, зеро мазҳаби ҷаъфарӣ ё шиа ба суратгариву муҷассамасозӣ мухолиф нест. Ӯ меафзояд, “дар Осорхонаи Теҳрон ман қолинҳои абрешимеро дидам, ки дар онҳо на фақат Маликаи рус Екатерина ва Петри як, балки Ҳазрати Алӣ ва Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ҳам тасвир шудаанд. Бояд гуфт, ки эрониҳо Паёмбарро бо симои хело зебо ва қаду басти олиҷаноб тасвир мекунанд”.

Эрон аз кишварҳои ангуштшумори исломист, ки дар он ҷо пайваста намоишгоҳҳои миллии муҷассамасозӣ ва санъати тасвирӣ баргузор мешаванд ва асарҳое ҷолибе ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Аммо дар кишвар тасвиру сохтани муҷассамаи зан ё марди урён иҷоза нест.

Сабзалӣ Шарифов, Рассоми Халқии Тоҷикистон, мегӯяд, маҳз набудани монеаи мазҳабӣ боиси ба сатҳи воло расидани санъати тасвириву муҷассамасозӣ дар Эрон шудааст - рассомону пайкарасозони эронӣ аз замони Паҳлавӣ ҳунарро дар мактабҳои Италияву Англия меомӯхтанд. “Дар ҷое, ки монеа нест, фантазияи рассом тараққӣ мекунад ва ба ҳамин хотир рассомону пайкарасозони эронӣ дар ҷаҳони ислом ҳамто надоранд”, -- мегӯяд мусоҳиби мо.

Аммо қадимитарин санъат дар Эрон, албатта, санъати миниётур аст, ки аз қарни 13 то қарни 19 Форсро шӯҳраи олам карда буд. Санъати минётура мактабҳои зиёд дорад ва бузургтарин намояндагонаш Аҳмад Мӯсо, Шамсуддин, Ҷунайд, Амир Халил, Муҳаммад Сиёҳқалам, Камолиддини Беҳзод, Мир Мусаввир, Қосим Алӣ, Шайхзода ва дигарон буданд. Муҳаққиқон пайдо шудани миниётураи китоб дар Эрони қадимро бо зарурати тасвири матн ба хотири дар зеҳни мардум ҳифз шудани мӯҳтавои достонҳо рабт медиҳанд. Ба иттилои Википедия, “деворнигораҳои Панҷакенти замони Сосониҳо ҳам тасвири достоне буд, ки дар ин бино қироат мешуд”. Зимнан, санъати хушнависиву миниётура то ҳанӯз дар Афғонистон, аз ҷумла, дар Ҳирот, боқӣ мондааст.

Сабзалӣ Шарифов меафзояд, чун мазҳаби суннӣ тасвири инсонро манъ кардааст, наққошон ба хотири рушди санъати тасвирӣ аз абстрактизм ва рамз кор гирифтаанд ва инро метавон дар биноҳои қадимаи шаҳрҳои бостонӣ мушоҳида кард. Зимнан, ин тарзи тасвир маҳорату малакаи баландро талаб мекунад.

“ҶИҲОД” БАРОИ ТАСМИМИ СОХТАНИ ҲАЙКАЛИ МАНАС

Имон-Валерия Порохона мегӯяд, ки ӯ дар тақрибан ҳама кишварҳои суннимазҳаби арабӣ, шояд ба истиснои Арабистони Саудӣ, муҷассамаву пайкара ва суратҳои афроди маъруфро дидааст.

Дар ин мавзеи Бомиён муҷассамаҳои Буддо буданд
Дар ин мавзеи Бомиён муҷассамаҳои Буддо буданд

Муҳаммад Амин Мудаққиқ, пажӯҳишгари афғон мегӯяд, ки дар Покистону Афғонистон ҳам муҷассамаҳо хело зиёданд ва санъати пайкарасозиву санъати тасвирӣ дар ҳоли рушд аст. Аммо, бар пояи фатвои рӯҳониёни маъруфи мазҳаби Абу Ҳанифа, меафзояд ӯ, сохтани пайкараи комил иҷоза нест, яъне, сохтани нимпайкара ё муҷассамаи “нуқсдор” роиҷ ҳисоб мешавад. Зимнан, рӯҳониёни тундрав ва Толибон ба муҷассамасозиву тасвири инсон қатъан мухолифанд. Ҳарчанд, аз нигоҳи Муҳаммад Амин Мудаққиқ, Толибон пайкараҳои Буддо дар Бомиёнро на ба хотири “ғайриисломӣ” буданашон нобуд карданд, ҳадафи онҳо, албатта, бо ҳидояти раҳбарони бегонаашон, аз байн бурдани ёдгориҳои бостонии Афғонистон буд. Вале дар Афғонистону Покистон тасвири Паёмбар (с) ва чаҳор ёри ӯ, ҳамчунин сохтани муҷассамаи пешвои дини дигар иҷоза нест.

Дар кишварҳои гуногунмазҳаби арабӣ вазъ дигар аст – соле пеш дар Сурия муҷассамаи 32-метраи Исои Масеҳ гузошта шуд, ки онро аз қаламрави Лубнон, Урдун, Фаластин ва Исроил ҳам метавон дид.

Зимнан, ба гуфтаи мусоҳибони мо, мухолифони муҷассамасозӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам кам нестанд. Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, чанде қабл иқрор кард, ки соли 2012 як “мусалмони қалбакӣ” алайҳи ӯ барои имзои қарори бунёди муҷассамаи Манас “ҷиҳод” эълон карда буд. Замони нооромиҳо дар Тоҷикистон афроди ношинос аввал нимпайкараи Чеслав Путовскийро канда ба рӯдхонаи Душанбе андохтанд, сипас издиҳом муҷасамаи бузурги Ленин дар маркази пойтахтро ба замин афканд.

Сабзалӣ Шарифов, рассоми маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳарчанд солҳои ахир ҷомеаи Тоҷикистон мазҳабӣ шудааст, зиддияте ба муҷассамасозӣ ва санъати тасвирӣ ба чашм намерасад, вале “ақидае, ки ислом мухолифи сураткашист, назари мардумро андаке дигар ва таваҷҷӯҳро ба санъати тасвирӣ камтар кардааст”. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, рӯшанфикрон чун пештара ба ин навъи санъату рассомон эҳтироми зиёд қоиланд.

ЧЕҲРАИ ҲОФИЗУ САЪДИВУ ХАЙЁМ ЧӢ ГУНА БУД?

Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Фаронса, мегӯяд, “миллат бояд ҳамеша ҳунармандоне дошта бошад, ки ӯро зинда нигаҳ доранд". Ба гуфтаи Амрӣ, бар асари манъи тасвири инсон дар расму муҷассамаҳо оламиён дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад донист, ки чеҳраи воқеии Ҳофизу Саъдиву Румӣ, Муқаннаву Темурмалику Восеъ ва ҳазорон родмардони дигар чӣ гуна буд. Ӯ меафзояд, ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла, мусаввараву муҷассамаҳо баёнгари то куҷо таърихиву фарҳангӣ будани миллатанд ва онҳоро одамоне офаридаанд, ки бояд миллат бо онҳо ифтихор кунад.

Намунае аз офаридаҳои Амрӣ Аминов
Намунае аз офаридаҳои Амрӣ Аминов

Мусоҳибони мо мегӯяд, муҷассамаву пайкара ва деворнигораҳое, ки аз қарнҳои пеш боқӣ мондаанд, бояд чун гавҳараки чашм ҳифз карда шаванд, зеро онҳо ҳам баёнгари бостонӣ будани ин мавзеъ ва ҳам манбаи хуби даромаданд. Аз нигоҳи онҳо, агар муҷассамаҳои бузурги Буддо дар Бомиён боқӣ мемонданд, шояд бо вуҷуди ҷанг дар Афғонистон ҳамасола даҳҳо ҳазор сайёҳ барои дидани онҳо мерафт - фоида аз ин ҷаҳонгардӣ зиндагии афғонҳоро каме ҳам бошад, беҳтар мекард. Ба гуфтаи Сабзалӣ Шарифов, харобаҳои Персеполису Тахти Ҷамшед ба Эрон ва аҳромҳо ба Миср, ба ҷуз шӯҳрати ҷаҳонӣ, боз ҳамасола даҳҳо миллион доллар манфиат меоваранд. Мутахассисон мегӯянд, ки солҳои наздик муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён ҳам ба зиёратгоҳи ҳазорон сайёҳон табдил хоҳанд шуд – чанде пеш ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милал ва вазорати иттилооту фарҳанги Афғонистон тарҳеро рӯи даст гирифтанд, ки таъсиси маркази фарҳангӣ дар Бомиён ва эҳёи муҷассамаҳои харобшударо дар назар дорад.

Зимнан, даҳ сол пеш дар Бомиён як муҷассамаи хобидаи Буддо ошкор шуда буд ва мақомот ҷойи ҳафриётро таҳти назорати шадид қарор додаанд – аз ситезаҷӯёне, ки барояшон ёдгории бостонӣ ё ифтихори милливу обрӯи кишвар аз пули пучак камарзиштар аст, ҳар кореро метавон интизор шуд...

XS
SM
MD
LG