Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23), ҳайати дастаро дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ эълон кард. Ба рӯйхат 18 футболбоз – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохил шудаанд.
Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, киаз 14-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Умон, Фаластин ва Сингапур бозӣ мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2014:
Гурӯҳи «А»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.
Гурӯҳи «B»: Узбакистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал.
Гурӯҳи «E»: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.
Гурӯҳи «F»: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон.
Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.
Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол – дарвозабон Алишер Тӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.
Шоми имрӯз, 11-уми сентябр, мунтахаби Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Хуҷанд парвоз мекунад ва субҳи 12-уми сентябр роҳи Тошкандро пеш мегирад. Худи ҳамон рӯз соати 19:00 аз пойтахти Узбакистон ба Сеул парвоз хоҳад кард.
Футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳӣ нахуст 14-уми сентябр бо мунтахаби Сингапур, баъдан 17-уми сентябр бо тими Фаластин ва 21-уми сентябр бо дастаи Умон рақобат мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар Бозиҳои осиёӣ-2014 дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Муъминҷон Гадойбоев («Парвоз»);
Ҳимоятгарон: Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Алишер Шарифов, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Абдулло Саидов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргшаев (ҳарду – «Истиқлол»).
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев
Сабқати футболи Бозиҳои осиёӣ-2014:
Гурӯҳи«С»: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон.
Даври 1-ум
14 сентябр якшанбе)
10.00 – Сингапур – Тоҷикистон
13.00 – Умон – Фаластин
Даври 2-юм
17 сентябр (чоршанбе)
13.00 – Фаластин – Тоҷикистон
16.00 – Умон – Сингапур
Даври 3-юм
21 сентябр (якшанбе)
13.00 – Тоҷикистон – Умон
13.00 – Фаластин – Сингапур
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.