Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Икромӣ: "Сангак ва Файзалӣ бидуни ташхис дафн шуданд"


Алихон Икромӣ.
Алихон Икромӣ.

Алихон Икромӣ, коршиноси собиқадори тиббӣ-додгоҳӣ ахиран китоберо бо номи "Шиканҷаи афсарон" ба нашр расонд, ки вазъи парвандаҳои ҷиноии даврони ҷанги шаҳрвандиро ба қалам додааст.

Алихон Икромӣ, муовини сардори Маркази экспертизаи тиббӣ-судии Қушунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки собиқаи беш аз 30 солаи коршиносӣ дар парвандаҳои пурсарусадоро дорад , мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳ иҷоза надоданд, ки ҷасади Файзалӣ Саид ва Сангак Сафаров, ду чеҳраи маъруфи ҷанги шаҳрвандӣ ташхиси тиббии додгоҳӣ шавад, то воқеияти куштори онҳо ошкор шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов бидуни ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба хок супурда шуд.

Ин коршиноси собиқадор ба тозагӣ китоберо бо номи «Шиканҷаи афсарон» нашр кард, ки парвандаҳои муҳими ҷиноӣ, ҳолатҳои ошкоршавии ҷиноят, роҳҳои боз шудани парвандаҳои пурасрор ва мушкили фаъолияти худ дар ҷанги шаҳрвандиро ба таври ҳикоя ба қалам додааст. Дар сӯҳбате бо Алихон Икромӣ нахуст аз ӯ пурсидем, ки исми китоб, яъне «Шиканҷаи афсарон» аз куҷо пайдо шуд?

Алихон Икромӣ: Дар ин китоб мо сездаҳ парвандаи ҷиноятиро таҳқиқ кардем, омӯхтем, бо фикрҳои айбдорӣ, ҳукми додгоҳ ва дигар далелҳо муқоиса карда, онро ба таври ҳикоя рӯи варақ овардем. Ин ҷо дар бораи хатоҳои коршиносони тиббӣ-судӣ, ки дар ин марҳилаҳо баъзан иштибоҳ рӯй дода, боиси саргардонии одамон, нофаҳмӣ дар тафтишот мешавад, қиссаҳои воқеӣ оварда шудааст. Номи китоб аз ҳикояе гирифта шудааст, ки дар он афсарони Вазорати мудофиа аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Хуҷанд шиканҷа шудаанд. Шиканҷа замоне рух медиҳад, ки дар

шаҳри Хуҷанд соли 2001 куштори супоришии Собирҷон Бегиҷонов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух медиҳад. Ин мард аз ҳисоби квотаи 30 дар садаи миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин ба ин вазифа таъин шуда буд, яъне ӯ собиқ мухолифин буд. Шабона вақте раис мехоҳад, ки вориди манзили зисташ дар шаҳри Хуҷанд шавад, нафари ношиносе ба баданаш панҷ тир холӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Пас аз ин ҳодиса дар ҷумҳурӣ овоза паҳн шуд ва гурӯҳои махсус барои пайдо кардани ҷинояткор сафарбар шуданд. Мутаассифона кормандони милиса ба хотире, ки худро назди роҳбарон бомасъулият нишон диҳанд, зуд ҳафт афсари Вазорати мудофиаро ҳамчун гумонбар боздошт карданд, ки тафтишоти баъд нишон дод, ки онҳо ба ин куштор ҳеҷ алоқамандие надоранд. Бо зарби шиканҷаву истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ маҷбур кардаанд, то ҷинояти нокардаро ба зима бигиранд. Аз боздошти ҳарбиён бояд зуд Додситонии ҳарбӣ огоҳ карда шавад, аммо ба таври шубҳаовар корманди милиса аз ин боздошт касеро огоҳ намекунанд ва ҳатто дар аввал иҷозаи бо онҳо вохӯрдан ба муфаттишони додситонии ҳарбиро ҳам намедиҳанд, ки ин шубҳаовар ба назар мерасид. Ҳоло тафтишот ба анҷом нарасида, зуд овоза карданд, ки қотилонро пайдо карданд, дар ҳоле, ки ҳоло ин нафарон ҳатто расман айбдоршаванда набуданд. Баъдан вақте парванда тибқи қонун ба дасти муфаттишони додситонии ҳарбӣ расид, маълум шуд, ки нишондоди боздоштшудаҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд ва шаби куштор ҳам мувофиқи ҳуҷҷату шоҳидон онҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳузур надоштаанд. Худашон ҳам иқрор шуданд, ки зери шиканҷаи сахт дар содир кардани ин ҷиноят иқрор шудаанд. Чун ҳамаи далелҳо беасос буд ва пас аз 22 рӯзи боздошти афсарон озод шуданд ва қотили раис аз нав оғоз гардид. Дигар ба ҳама маълум шуд, ки ҳеҷ ангезае вуҷуд надорад, ки афсарон даст ба куштори Бегиҷонов бизананд. Пас аз як сол, қотилон боздошт шуданд.

Ҳолномаи Алихон Икромӣ

Алихон Икромӣ соли 1955 дар хонаводаи хизматчиёни давлатӣ ба дунё омадааст. Соли 1978 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. То аввали соли 1980 дар Донишгоҳи тиббӣ ба шогирдон дарс додааст. Баъдан ба фаъолияти коршинсои тиббӣ-судӣ пардохта, бештар аз 30 сол дар ин соҳа кор кардааст. Ҳоло вазифаи муовини сардори Маркази экспертизаи тиббӣ-судии Қушунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолит дорад. Аз соли 1993 дар баробари фаъолияти корӣ ба таълифи ҳикояҳои воқеие сару кор дорад, ки ҳангоми сару кор гирифтанаш ба парвандаоҳи муҳим пайдо шудаанд. «Шиканҷаи афсарон» ҳаштумин китоби ӯ ҳаст. Ҳоло тасмим дорад, то охири сол нӯҳмин китоби худро, ки пур аз чунин ҳикояҳои воқеӣ баргирифта аз парвандаҳои ҷиноӣ ҳаст, ба нашр расонад.

Маълум шуд, ки қотилон собиқ ҳамсангарони Бегиҷонов будаанд. Пас аз раис шудан ӯ комилан аз ҳамсангаронаш рӯй тофта, дигар бо онҳо ҳамкорӣ намекард, ки ин ангезаи ба қатл маҳкум шудани ӯ гардида буд. Силоҳҳое, ки бо он куштор содир шуда буд, аз Сирдарё пайдо шуданд ва ҳамаи таҳлилу санҷишҳо нишон дод, ки маҳз аз тири яке аз ин туфангчаҳо Бегиҷонов кушта шудааст. Маълум шуд, ки супориши кушторро афроди баландмақоме аз ҷониби мухолифин додааст ва барои анҷоми ин кор ҳам то 50 ҳазор доллар ваъда шуда будааст. Аммо афроде, ки бо роҳи шиканҷа самти тафтишотро дар аввал дигар карда буданд, баъдан ҷазои сазовор гирифтанд.

Ин ҷо ин ҳикоя ҳамчун намунаи ибрат ба он хотир дарҷ шудааст, ки набояд аз шиканҷа кор гирифт. Шиканҷа самти ошкоршавии ҷиноятро ба дигар самт мебарад. Ҳоло дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳам моддаи алоҳида барои шиканҷа қабул шудааст, ки ин амалро маҳкум мекунад. Ҳодисаи қатли Собирҷон Бегиҷонов ва боздошти афсарону иқрори онҳо зери шиканҷа, вале пайдо шудани қотилон ба он хотир таъкид шудааст, ки шиканҷа роҳи пайдо кардани ҷинояткорон нест.

Ошкоршави қотилони Шайх Камол ва хонаводаи ӯ

Озодӣ: Дар ин китоб ҳикояеро хондам, ки пас аз чанд сол қотили Шайх Камол, чеҳраи маъруф дар Кӯлоб ва наздикони ӯ пайдо мешавад. Ин нафар Хол Сафаров, додарзодаи Сангак Сафаров будааст. Куштор дар соли 1993 содир шудааст, аммо ин нафар пас аз соли 2000-ум боздошт шудааст. Пас аз гузашти солҳо чӣ тавр собит шуд, ки маҳз ин нафар дар куштори ин хонавода даст дорад?

Алихон Икромӣ: Рости гап, аз рӯзҳои аввал маълум буд, ки ин кушторро кӣ содир кардааст. Инҳо пинҳонӣ кушторро накарда буданд. Он солҳои гурӯҳи Хол ошкоро ҳар чӣ мехостанд, мекарданд. Онҳо худро ҳоким медонистанд ва аз чизеву касе сари тарс надоштанд, ки пинҳонӣ ҷиноят кунанд. Он вақт ҷиноятҳо сабт мешуданд, вале касе имкони бо ин афрод сар ба сар шудан надошт. Он вақт бо силоҳбадастон коре карда намешуд. Вақте, ки сулҳу оромӣ шуд, бо супориши Додситонии генералӣ ошкоршавии ҷиноятҳое, ки солҳои пеш рӯх дода буд, оғоз гардид. Гурӯҳи

Хол боздошт шуд, вале барои исботи ҳақиқат гӯрҳо канда шуданд ва ҷасадҳо аз сари нав ташхис шуданд. Ҷасади наберагони Шайх Камол, писаронаш аз гӯр бароварда шуданд ва осори тир дар устухонҳояшон боқӣ буд. Ду набераи Шайх Камолро гурӯҳи Хол тариқи тасма нафасгир карда дар назди дигар наздиконашон мекӯшанд. Пас аз он, ки Сангак Сафаров кушта мешавад ва Хол инро кори дасти «вовчикҳо» дониста, ин хонаводаи ба ақли худаш «вовчик»-ро қатл мекунад. Шоҳидон буданд, дар баданҳо осеби тирҳо намоён буд. Силоҳҳо ҳам дарёфт шуданд.

Озодӣ: Нақши коршиноси тиббии додгоҳӣ дар боз кардани чунин ҷиноятҳо то кадом ҳад муҳим аст?

Алихон Икромӣ: Мо сабаби маргро маълум мекунем. Аз кадом навъи тапонча ё силоҳ кушта шудаанд. Аз куҷо ва чанд зарб ба ӯ расидааст. Мо қутри тирҳо, миқдори онҳо ва мансубияташон ба навъи силоҳро маълум мекунем. Дар ҷинояте, ки Хол Сафаров содир карда буд, баъзе тирҳо дар сутунмуҳраи ҷасадҳо боқӣ монда буд. Вақте силоҳҳо дарёфт шуданд ва бо тирҳо муқоиса карда шуд, дигар ҷои баҳс набуд, ки қотил кӣ ҳаст, ҳарчанд шоҳидон ҳам зиёд буданд. Силоҳҳо аз таҳхонаи Хол Сафаров пайдо шуда буданд. Нақши мо муайян кардани сабаби марг аст, ки ин худкушӣ ҳаст, куштор ҳаст. Дигар пайдо кардани гумонбарон аз маҳорати муфаттишон вобаста аст.

Силоҳдорон ба ташхиси ҷасади Сангаку Файзалӣ розӣ нашуданд

Озодӣ: Дар бораи ҷиноятҳои додарзодаи Сангак Сафаров сӯҳбат кардед. Худи Сангак Сафаров ҳамроҳ бо Файзалӣ Саидов, раҳбарони Фронти халқӣ соли 1993 дар Қӯрғонтеппа кушта шуданд. Оё ҷасади онҳо низ ташхис шуд?

Алихон Икромӣ: Бубинед, ки то ҳол куштори ин ду нафар мармуз боқӣ мондааст. Яке аз сабаби нокушода мондани ҷинояти куштори онҳо ва нофаҳмӣ маҳз дар ташхси нашудани ҷасади онҳост. Агар ҳамон замон ташхис мешуд, ки бо кадом тамғаи силоҳ кушта шудаанд ва тирҳое, ки ба бадани онҳо расидааст, аз дур аст ё наздик фарзияҳои куштор каме воқеӣ мешуданд. Он замон танҳо ҷасадҳо аксбардорӣ шуданд, вале аз тарси силоҳдорон касе ҷуръати анҷом додани ин корро намекард. Аз ҳамин аст, ки то ҳол касе намедонад, ки ин ҷиноят чи гуна шуд ва бо кадом навъи силоҳ онҳо кушта шуданд. Ҳама гуфтаҳо танҳо фарзияҳое ҳастанд, ки исбот нашудаанд. Фарзияҳо бисёр асту далелҳо нест, барои он ки экпертиза нагузарониданд. Силоҳҳо ҳам гирифта нашуданд, тирҳои дар бадан ҳам номаълум монданд. Муқоисаи тирҳо сурат нагирифт.

Озодӣ: Ҳоло ҳам мумкин аст, ки ҷасади онҳо ташхис шавад?

Алихон Икромӣ: Мумкин аст, зеро ҳанӯз ҳам осори тир дар устухонҳо боқӣ ҳаст. Аммо барои пайдо кардани сабабҳои асосии куштор хело дер шудааст. Дар гумон аст, ки қотилони асосӣ пайдо карда шаванд. Агар дархост шавад ва он чизеро, ки экпертизаи тиббӣ-судӣ талаб мекунад, анҷом дода метавонем. Аз кадом масофа парронида шуданд, самти ҳаракати тирҳо, навъи силоҳҳоро мумкин аст, ошкор кардан. Ҳоло дар Шаҳритус ва Қубодиён мо ҷасадҳоеро ташхис мекунем, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудаанд. Чунин парвандаҳо ҳоло зиёд аст, ки ҷинояткорон нав ошкор мешаванд.

Вақте, ки кушторро худкушӣ муаррифӣ мекунанд..

Озодӣ: Ҳолатҳое ҳам дар таҷрибаи шумо буд, ки куштор худкушӣ муаррифӣ шуда бошад?

Алихон Икромӣ: Бале. Дар ин китоб ва китобҳои дигар мо чанд намунаеро ҳам зикр кардаем. Дар ин китоб мо намунаеро ҳам зикр кардаем. Соли 2005 ҷасади Гулбӣ ном хонум аз Душанбе ба ноҳияи Ҳамадонӣ оварда шуд. Ин зан соҳиби се фарзанд буд ва бо Умед ном нафар дар шаҳри Душанбе як ҷо зиндагӣ мекарданд. Шавҳари ин зан ҳангоми супурдани ҷасад ба наздикон гуфтааст, ки ӯ ҳангоми либосшӯи бинобар камхунӣ доштан сараш чарх мезанад ва дар сатели оби ҷӯшомада сарозер шуда, ҳалок мешавад. Умед гӯё пас аз ин ҳодиса ҳамсояҳоро даъват мекунад, ки ҳамсарам афтодааст ва ҳама давида, мехоҳанд, ба ӯ кӯмак кунанд, вале ӯ мефавтад. Ҳамосяҳо мебинанд, ки воқеан сару рӯйи зан сӯхтааст. Ба ҳолати гуфтаи Умед ҳама бовар

мекунад ва ҷасад ташхиси ҷиддӣ ҳам намешавад. Пас аз шаш моҳ миёни наздикони Гулбӣ ва Умед бо сабабҳое ҷанҷол рух медиҳад ва онҷо наздикони ин мард мегӯянд, ки Гулбиро куштем ва шуморо ҳам лозим шавад мекӯшем. Баъдан овозаҳо зиёд мешавад ва наздикони Гулбӣ ба додситонӣ муроҷиат мекунанд. Мо ҷасадро берун кардем ва бо хулосаҳои илмӣ исбот кардем, ки ҳеҷ гоҳ инсон ҳангоми камхунӣ ба чунин ҳолат дучор намешавад. Агар биафтад ҳам, дар сурати ба оби ҷушмомада задан ҳушёр мешавад ва барои наҷоти худ талош мекунад. Духтури оилавӣ ҳам нишондод дод, ки Гулбӣ камхунӣ надошт. Фарзияи худкушӣ ҳам сарфи назар шуд, зеро касе дар таърих бо чунин усул худро накушта буд ва кушта ҳам наметавонист. Пас аз шаш моҳ дар дастони Умед, шавҳари ин зан осори сӯхта намудор шуд. Тамоми далелҳои илман асоснок куштор будани ҷиноятро исбот кард. Маълум шуд, ки миёни зану шавҳар аз сари рашк нофаҳмии ҷиддие рух медиҳад ва мард тасмим мегирад, ки ҳамсарашро нобуд кунад. Бовар кунед, як усулеро интихоб мекунад, ки дар таҷрибаи криминалистика ва китобҳои криминалӣ вуҷуд надорад. Ӯро дар сатили оби ҷӯшомада зер мекунад. Дар дастони Гулбӣ осори сӯхта буд, ки ин нишонаи худро раҳо кардан буд. Ангуштони Умед ҳам сӯхта буд, ки ҳангоми зер кардани сари ҳамсараш ба дохили сател дар оби ҷӯшомада сӯхта буд. Ҷиноят бо далелҳо қавӣ исбот шуд ва ҷинояткор аз ҷониби додгоҳ 20 сол ҳукми зиндон гирифт.

Кандани гӯр ва буридани узвҳои ҷасад

Озодӣ: Маълум аст, ки дар чунин ҳолат шумо гӯрро меканед ва ҷасадро барои ташхис берун мекунед. Оё наздикони ҷасад ба ин амали шумо ризо мешаванд?

Алихон Икромӣ: Дар ин ҳолате, ки номбар кардам, наздикони Гулбӣ розӣ шуданд, зеро барои ошкор шудани ҳақиқат манфиатдор буданд. Ҳатто худашон ба мо дар кандани ҷасад кӯмак карданд. Лекин дар аксар маврид барои кандани қабр ба мо ба осонӣ иҷозат намедиҳанд. Аксаран мо шабона, пинҳонӣ ба ин кор даст мезадем, ки касе набинад. Ин ҳикоя ва дигар ҳикояҳо, ки дар асоси факту далелҳои воқеӣ навишта шудаанд, барои коршиносони тиббӣ-судӣ, муфаттишон, судяҳо ва барои омма хонданаш тавсия дода мешавад. Китоб хислати илмӣ-оммавӣ дорад. Кӯшиш кардем, ки халқ аз нозукии фаъолияти тиббӣ-судӣ огоҳ шавад ва дар чунин ҳолатҳо ба мо кӯмак кунанд, на ин ки монеъи кори мо шаванд. Ҳоло пас аз навиштани ин китобҳо то андозае мардум моро мефаҳманд. Мо талош мекунем, ки пеш аз анҷоми ташхис бо наздикони шахси фавтида робитаи равонӣ барқарор кунем ва моҳияти корро ба онҳо фаҳмонем.

Озодӣ: Чунин назаре ҳам роиҷ аст, ки ҳангоми ташхис узвҳои муҳими шахси фавтида бурида гирифта мешавад ва маҳз ба ҳамин хотир наздикони марҳум ба ин иҷоза намедиҳанд. То куҷо ин назар воқеият дорад?

Алихон Икромӣ:Ин гуфтаи шуморо мо садҳо бор шунидаем. Гӯё мо узвҳои баданро бурида дору тайёр мекунем ва ба дигар ҷойҳо интиқол медиҳем. Чунин гапҳо зиёд аст, ки ба кори мо аксаран монеъ мешаванд. Мо воқеан барои муайян кардани сабаби марг агар зарурат бошад аз узвҳои даруна миқдори хеле хӯрдро барои ташхис мегирем, пешоб мегирем, намунаи хун мегирем. Аз ҷасади фавтида ҳеҷ узве ба ҷуз миқдори хурдаш барои ташхис дигар чизе барои касе лозим нест. Мутаассифона мардуми мо ба хурофот дода мешаванд ва ба чунин гапҳо бовар мекунанд. Ҷасадро намегузоранд ба ташхисгоҳ барем ва дар шароити хона мехоҳанд ташхис анҷом шавад, ки хеле мушкил аст. Яке аз ҳадафҳои навиштани китоб ҳам фаҳмонидани фаъолияти коршиноси тиббии судӣ ба мардум аст. Баъзан ҳангоми навиштани ҳикояҳо дили худам меларзад, аммо бояд ҳақиқат гуфта шавад ва ботини баъзе ҳайвонсириштон ошкор шавад.

Як парванди дигар буд, ки қотил 29 нафарро кушта буд. Сухани охири ӯ дар гӯшам садо медиҳад, ки гуфт, «Табиат инсон ва ҳайвон меофарад. Ман аз насли одам нестам ва ҳайвонам.» Инро гуфт ва хоҳиш кард, ки ӯро қатл кунанд, зеро дар маҳбас ҳам бо даст додани имконият ин корашро такрор мекунад. Ин гуна инсонҳо ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG