Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Абдусалим Ҷалилов бар асари сил даргузашт


Дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳисор даргузашт.

Ин ҳодиса рӯзи 14-уми феврал дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлияи Тоҷикистон рух дод.

Абдусалим Ҷалилови 41-сола, сокини деҳаи Белайдузи ноҳияи Ҳисор дар рӯзи сеюми нигаҳдорӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шумораи 1–и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия сабаби марги Абдусалим Ҷалиловро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ кӯтоҳ чунин баён кард: «Ҳангоми ташхиси тиббӣ дар ӯ ҳам нишонаҳои ВИЧ ва ҳам силро ёфтанд, ки бар асари ҳамин бемориҳо вай аз дунё гузашт».

Мақомоти раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар номае, ки ба волидайни Абдусалим додаанд, низ вай дар таърихи 14.02.2013 дар боздоштгоҳи муваққати шумораи 1 шаҳри Душанбе бар асари хурӯҷи бемории сил аз олам даргузаштааст. Ҷасади Абдусалим ба волидонаш дода шуд ва рӯзи 15 феврал ӯро ба хок супурданд.

Абдухалил Ҷалилов
Абдухалил Ҷалилов
Аммо пайвандони Абдусалим Ҷалилов ба иддаои раёсати зиндонҳо оид ба сабаби марги писарашон розӣ нестанд.

Абдухалил Ҷалилови
73-сола, падари марҳум низ мегӯяд, фарзанди ӯ солим буд ва нишонаҳои сил то боздошт шуданаш аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор дар вай ба мушоҳида нарасидааст.

Вай гуфт, «ман дар ҳамон ҷо нигоҳ накардам, ба ин санад. Вақте ки ман писарамро дидам ҳушам рафт, баъд аз гӯру чӯб карданаш омадем, дидем, ки ҳамин хелин навишта шудааст. Ман гуфтам, «занак, охир ин писари мо бемории сил набуд, чаро чунин навишта шудааст?».

Наздикони марҳум мегӯянд, ки дар тани писарашон нишонаҳои шиканҷа ё лату кӯб ба назар намерасид. Айни замон, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" падару модари Абдусалим Ҷалилов вазъи сиҳатии писарашонро то замони боздошт ба таври мухталиф арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳарду гирифтории Абдусалимро ба сил рад мекунанд, Абдухалил Ҷалилов мегӯяд, писараш ҳеҷ дарде надошту комилан солим буд. Вале модари марҳум Манзура Ҷалилова гуфт, писараш аз хурдӣ аз дарди дил азият мешуд. «Чунон бачаи беозор буд, ки барои
Модари Абдусалим Ҷалилов
Модари Абдусалим Ҷалилов
беозориаш ҳама «месӯзанд». Вай касеро намезад, як кӯдакро як гап намегуфт, ҳамин қадар бачаи беозор, меҳнатдӯст буд. Намедонам, ки ба ин бача чӣ шуд.»

Ба гуфтаи наздикони Абдусалим Ҷалилов, ӯ бо моддаи 200 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Тавре Абдухалил Ҷалилов, падари марҳум афзуд, писараш бо 800 грамм афюн боздошт шудааст, ки «ин тӯҳмат аст». Чун, ба гуфтаи падар, ин кор нисбати писараш махсус сурат гирифтааст. Волидайн мегӯянд, писарашон дар дӯкони хӯрокворӣ кор мекард, вале гоҳе ба сартарошӣ ҳам машғул буд.

Пас аз марги Абдусалим се фарзандаш бепадар мондаанд. Дар ҳамин ҳол, аз аввали соли ҷорӣ то кунун ин дуввумин мавриди фавти маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон аст. Муҳаммадшариф Насриддинов, маҳбуси 22-солаи зиндони шумораи 1-и Душанбе шаби 1-уми феврал ба ҳалокат расида буд, ки сабаби марги ӯро худкушӣ эълон намудаанд.

XS
SM
MD
LG