Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази миллии тестӣ то куҷо аз фасод эмин аст?


Боздошти як омӯзгор бо гумони ришвагирӣ барои таъмини муваффақияти як довталаб дар имтиҳонҳо, рахнанопазирии Маркази миллии тестиро дар баробари фасод зери суол бурдааст.

Ин дар ҳолест, ки бо таъсиси маркази мазкур ва аз ихтиёри Вазорати маориф баровардану ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ вобаста кардани он, дар миёни аҳолӣ ақидае ҳоким гашт, ки дар муқобили фасоду пора сипари мустаҳкам гузошта шуд.

Аммо Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод рӯзи 15-уми июл хабар дод, ки омӯзгори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Гулчеҳра Холиқоваи 56-сола дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост, барои ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кардани довталаб К. Исоев аз хешованди ӯ, сокини ноҳияи Зафаробод С. Баротова 11 000 доллар гирад. Дар ҳамин ҳол хонуми Холиқова гуфтааст, ки “аз ин маблағ 2000 долларашро ба Неъмат ном корманди Маркази миллии тестӣ ва 9000 доллари дигарро ба шахсе, ки кори ӯро «ҳал» мекунад, хоҳад дод.»

Боздошти Холиқова дар асоси шикояти С. Баротова ба вуқӯъ пайваст. Ҳоло пажӯҳиши воқеа ҷараён дошта, тафтишот мехоҳад, «шарикон»-и хонум Холиқоваро ошкор кунад. Оҷонсии мубориза бо фасод аз Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон хостааст, ҳувияти «Неъмат» шиносоӣ шавад.

Як омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ бо 11 ҳазор доллар пора боздошт шуд.
Як омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ бо 11 ҳазор доллар пора боздошт шуд.

Масъули дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, корманде бо номи "Неъмат" дар ин ниҳод вуҷуд надорад. Дар назари аввал ришвагирии ёвари кафедраи «Физиолигияи нормали»-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Гулчеҳра Холиқова бештар ба қаллобӣ мемонад, аммо ба гуфтаи хонум Баротова, вай ҳанӯз дар мулоқоти нахуст, аввали моҳи июл аз хешованди довталаб хостааст, ки даъватнома ва варақаи бақайдгирии довталаб К.Р. Исоевро барояш биёрад.

Муфаттишон ҳамчунин бояд муайян кунанд, ки Холиқова барои ба донишгоҳ дохил кардани ин довталаб аз чӣ роҳҳое истифода карданӣ буд ва нақшаи ӯ то куҷо бо Макази миллии тестӣ рабт дорад. Дар зимн, ин аввалин кашфи ҳодисаи порагирии марбут ба ин марказ аст, ки кормандонаш ҳама гуна пайвандро бо он рад мекунанд. Онҳо мегӯяд, ҳамаи имтиҳонҳо дар шабакаи сарбастаи дохилӣ ва рамзишуда ҷараён гирифта, ҳеч гуна имкони рахна кардани ин шабака аз тарафи шахсони «бегона» вуҷуд надорад.

Маҳмадалӣ Раҳмонов
Маҳмадалӣ Раҳмонов

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раиси Маркази миллии тестӣ рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар маркази Миллли тестии назди президенти Тоҷикистон корманде бо номи «Неъмат» кор намекунад. Мо бо дархости Оҷонсии зидди коррупсия рӯихати кормандони маркази миллии тестиро пешниҳод кардем.»

Дар мавриди пурзӯр будани амнияти иттилоотии марказ Рустам Назаров, сардори шӯъбаи технологияи иттилоотӣ ва камуникатсионии Маркази миллии тестӣ гуфт, ки ҳамаи маводи имтиҳон, аз ҷумла варақаҳои ҷавоби довталабон бо истифода аз технолгияи муосир ҳифз карда мешаванд:

«Ҳамарӯза баъд анҷоми имтиҳон, маводи имтиҳонӣ дар кейсҳои эмин ба маркази миллии тестӣ ирсол мегардад. Ҳар як лифофаи эмин, ки дар дохили онҳо варақаҳои ҷавобҳо ҳастанд, дар ҳолати комилан махфӣ коркард мешаванд. Коркарди тафтиши ҷавобҳои довталаб якчанд марҳили технологиро мегузарад. Ҳар як варақаи ҷавобҳо дар пойгоҳи ягона сабти ном мешавад, аммо дар варақаҳо ному насаби довталаб навишта нашудааст. Танҳо аз штрихкодҳо мо истифода кардем, ки барои таъмини амнияти итилоотӣ муфид аст.»

Дар ин ҳолат норӯшан мемонад, ки хонум Холиқова чигуна мехост довталабро ба донишгоҳ дохил кунад ва оё воқеан имкон дошт, ки вай ба компютерҳои марказ даст ёбад ва посухҳо ё баҳои доваталабро “ислоҳ” кунад.

Рустам Назаров
Рустам Назаров

Дар ҳамин ҳол масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳарчанд хабари дастгир шудани корманди худро ҳангоми ришвагирӣ рад намекунанд, мегӯянд то ҳоло аз оҷонсӣ огоҳии расмие дарёфт накардаанд. Саид Қурбонов, ноиби ректори Донишгоҳи тиббӣ рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздошти кормандашон танҳо аз расонаҳо хабар ёфтааст: «Ман ҳамчун ноиби ректор аз боздошти Холиқова расман иттилоъ дарёфт накардаам. Мешунавам, ки Холиқова дар шаҳр, дар хонааш, дар озодӣ аст.»

Ҷаноби Қурбонов афзуд, Холиқова корманди соатбаъйи донишгоҳ аст ва ним рӯз кор мекунад.

Дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ масъулони Маркази миллии тестӣ мегӯянд, бо вуҷуди он ки раванди имтиҳонсупории довталабонро бо истифода аз камераҳои назоратӣ ва насби мониторҳо дар толорҳо таъмин карданд, кормандони интизомӣ ва амниятӣ ҳам ҷараёни имтиҳонотро назорат мекардаанд.

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини директори Маркази милили тестӣ гуфт: «Маркази миллии тестӣ бо ширкати муҳофизатии «Шамшер» шартнома дошт, ки онҳо бинои марказро пурра назорат мекарданд. Дар баробари ин, кормандони кумитаи авлатии амнияти миллӣ вазифадор шуда буданд, ки раванди имтиҳонсупориро аз камераҳо назорат кунанд.»

Аммо пурсишҳои зиёде дар бораи амнияти кори Маркази миллии тестӣ то замоне бе посухи рӯшан мемонанд, ки тарҳи кори хонум Холиқова ва «шарикон»-и ӯ ошкор шавад.

XS
SM
MD
LG