Оҷонсии зидди коррупсия парвандаи подполковники милиса Бегмурод Зиёевро, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ришваситонӣ айбдор мешавад, барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Сино фиристодааст.
Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Зиёев Бегмурод, сардори шӯъбаи назоратӣ- таҳлилии раёсати таҳқиқии вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳангоми бозпурсӣ аз донишҷӯи факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Акмал Маҷнунов, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехника) гумонбар мешуд, барои раҳоияш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 2000 доллар талаб кард. Аммо донишҷӯ аз додани пул сар печида, ба зангҳои телефонии подполковник ҷавоб надодааст.
Вале тавре Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Бекмурод Зиёев барои пайдо кардани Маҷнунов ба декани донишгоҳи технологӣ тамос гирифта, барои фиристодани донишҷӯ ба назди ӯ ва ҳамчунин барои додани маълумотнома дар бораи таҳсилаш ҳамсӯҳбат мешавад.
Акмал Маҷнунов пас аз ин таъқибҳо аз дӯсташ Раҳмонов, ки баъди таҳсил бо вай дар дӯкони фиттафурӯшӣ ҳамкорӣ мекард, кӯмак пурсидааст. Ба гуфтаи тафтишот, дар авоили моҳи апрели соли Раҳмонов бо подполковники милиса дар назди бинои ВКД вохӯрда, ваъда медиҳад, ки дар сурати аз масъулият раҳо кардани Маҷнунов ин 2000 долларро ба подполковник Зиёев хоҳанд дод.
Кормандони оҷонсӣ дар таърихи 9 апрел ҳангоми гузаронидани амалиёт подполковник Зиёевро ҳангоми аз Раҳмонов гирифтани 800 доллар, ки ба истилоҳ «транш»-и якум аз 2000 доллар пораи ваъдагӣ буд, дастгир карданд ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 319, қисми 2, яъне «аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ» парванда боз карданд Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни онро пешбинӣ кардааст.
Подполковники милиса Зиёев Бегмурод дар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ тоза дар таърихи 30 сентябри соли 2013 ба вазифаи сардори шӯъбаи назоратӣ- таҳлилии раёсати таҳқиқии ВКД таъин шуда буд ва ҳамагӣ баъди ним соли кор ба даст афтод.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар суфуфи нерӯҳои ин ниҳод кормандони тасодуфӣ зиёд ҳастанд, ки баргузор кардани аттестатсия аз тарафи раҳбарият вазоратхона маҳз ба хотири поксозии ин гуна афрод аст.
Амалиёти "Дастони пок"-и Рамазон Раҳимзода
Парвандаи подполковник Бегмурод Зиёев дар ҳоле ба додгоҳ рафтааст, ки даст доштани маъмурони худи милиса дар қонуншиканиҳо як мавзӯъи доғ ва обрӯрез барои вазорати корҳои дохилӣ боқӣ мемонад. Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар моҳи феврали соли 2012 дар як суханрониаш ваъда дода буд, ки сафҳои милисаи тоҷикро аз ҳузури афроди тасодуфӣ ва дастонашон нопок пок хоҳад кард. Аммо бо гузашти ду сол ягон оморе нашр нашудааст, ки оё чанд мамъури милиса бо ҷурми поймол кардани қонун ба масъулият кашонда шудаву чанди дигар ба далели иснод овардан ба номи милиса аз кор ронда шудаанд.
Танҳо дар моҳи августи соли 2013 Рамазон Раҳимзода бо изҳори нигаронӣ аз даст доштан дар ҷиноятҳо ва муносибати бади кормандони милиса гуфта буд, ки фақат дар нимаи аввали соли 2013 23 нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиноят кардаанд, аз ҷумла дар ин муддат дар байни афсарони милиса 8 мавриди ришваситонӣ, 7 далели қаллобӣ, 4 далели сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва 2 мавриди шиканҷаи боздоштшудаҳо, ки сарусадо дар борааш дар матбуот хеле зиёд аст, сабт шудааст. Дигар ин ки ба эътирофи худи мақомоти вазорати умури дохилӣ, “муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандонро аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони хидмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”