Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Оғохон: Ноором кардани вазъи Тоҷикистон ба нафъи мо нест


Ёдгор Файзов. Акс аз 11 августи соли 2012
Ёдгор Файзов. Акс аз 11 августи соли 2012

Намояндаи аршади Сандуқи Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар вилояти Бадахшон миллион мушкилот аст, ки ин созмон қудрати ҳалли ҳамаи онҳоро надорад, вале онҳое ки дар нооромиҳои охир шабакаҳои Оғохонро гунаҳкор мекунанд, "ягон грамм" далел надоранд.

Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Сандуқи Оғохон дар Тоҷикистон рӯзи 19 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, матраҳ шудани номи шабакаҳои Оғохон дар навори телевизионии Александр Содиқов аз дигарон шунидаанд ва бояд масъаларо амиқтар таҳқиқ кунанд.

Ёдгор Файзов: "Мо изҳороте пахш намекунем дар ин бора. Касе гӯяд, ки Оғохон кор накардааст, накардааст. Мо ягон даъво надорем, ки кардем ё накардем. Чизе кардем, мардум худаш дидааст. Чизе ки накардем, накардем. Дар онҷо миллион мушкилот ҳаст, афсӯс, ки мо ин қадар қудрате надорем, ки тамоми мушкилоти мардумро ҳалл кунем.

Радиои Озодӣ: Аммо мардум дар Бадахшон ба сурати умум чигуна қабул мекунанд корҳои анҷомдодаи шабакаҳои Оғохонро?

Ёдгор Файзов: Аз бисёр корҳо розӣ ҳастанд, аз бисёр корҳо розӣ нестанд. Нигаронӣ ҳам зиёд аст, интизорот ҳам хеле зиёдтар аст. Ман намегӯям, ки мардум 100 фоиз аз кори мо розӣ бошад. Ҷое меравем, ки таъриф мекунанд, раҳмат мегӯянд, ки ҳамин корро кардед. Боз меравем ҷое ки мегӯянд, бояд ҳамин корро мекардед, вале накардед. Сабабҳои объектививу субъективии зиёде ҳаст, ки мо наметавонем ҳар корро кардан - ҳам аз нуқтаи назари молиявӣ, ҳам аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ҳам аз нуқтаи назари динӣ.

Радиои Озодӣ: Аз зиёдтар будани интизороти мардум гуфтед. Ин чӣ интизороте ҳаст, ки шумо бароварда карда наметавонед?

Ёдгор Файзов: Бештар дар масъалаи ҷои кор, ки завод созед, фабрика созед... Вале анҷоми ин чандон сода нест. Бояз ҳазоруяк бизнес-плану ин чизҳо тартиб дод, ҳисобу китоб кард, сармоя ёфт барои сохтани корхона дар як ҷое ки хеле дур аст, дар як ҷое ки ба бозорҳои беруна қариб дастрасӣ надорад. Асос ҳамин аст. Мо мардумро мефаҳмем, лекин кори сода нест ин.

Радиои Озодӣ: Дар сӯҳбатҳои имрӯзаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ишораҳое буд, ки бархе созмонҳо ва гоҳо бархе гурӯҳҳои ҷиноиро кумаки молӣ мекунанд. Бисёриҳо бар инанд, ки ин ишораи оқои Ятимов ба нооромиҳои ахири Хоруғ аст ва шояд манзур шабакаҳои Оғохон бошад. Чунин фарзияҳо, ки дар пушти бӯҳрони Бадахшон шояд сохторҳои Оғохон ё созмонҳои дигари ғарбӣ истода бошад, дар баҳсҳои интернетӣ низ зиёд садо медиҳанд. Оё ягон асосе дорад ин иддаоҳо?

Ёдгор Файзов: Мо ба ин ҳама на ягон кор дорему на маблағи зиёдатие дорем, ки сарфи чунин корҳо кунем, ва на ягон манфиат дорем, ки дар Тоҷикистон ягон нотинҷӣ бошад ё ягон мушкили дигар. Фонди Оғохон ба ин корҳо ягон дахолат ҳам надораду фикр намекунам, ки ягон кас ҳам номи моро бигирад, ки гӯё мо дар ин корҳо шарик ҳастем. Ягон далел, як грамм ҳам далеле надоранд. Мо баръакс ҳамеша кумак кардем, ки тинҷу ором бошад. Лекин барои вайрон кардани авзои сиёсӣ мо на ягон зарурат дорем ва на ягон манфиат.Ин ба фоидаи кори мо ҳам нест. Ман ягон созмони байналмилалии дигарро ҳам намедонам, ки бо чунин корҳое сарукор дошта бошад.

Александр Содиқов, як пажӯҳишгар аз бахши улуми сиёсии Донишгоҳи Торонтои Канада, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи яке аз кишварҳои хориҷӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, шаби гузашта дар телевизиони маҳаллии Бадахшон зоҳир шуд. Александр Содиқов бегоҳи рӯзи 18 июн ва соати 08:00 –и субҳи имрӯз дар телевизиони маҳаллӣ дар бораи вазъи Бадахшон ҳарф задааст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Ба гуфтаи шоҳидон, Александр Содиқов дар телевизион аз ҷумла гуфтааст, ки гӯё Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Бадахшон ба ӯ гуфта бошад, ки мардум дар ин вилоят дигар на ба ҳукумат бовар доранду на ба шабакаҳои Оғохон. Содиқов, зимнан, рӯзи 16 июн ҳангоми ҳамин сӯҳбаташ бо Шерзамонов дастгир шуда буд.

Аммо Алим Шерзамонов рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сӯҳбат бо муҳаққиқи канадагӣ аслан дар бораи Оғохон ва шабакаҳояш ҳарф назадааст. Ба бовари ӯ, бо дар миён андохтани исми Оғохон, ки як масъалаи ҳассоси эътиқоди мазҳабии мардуми Бадахшон аст, мехоҳанд ӯро дар чашми мардум сиёҳ кунанд: "Вале то ҷое медонам, бисёриҳо мефаҳманд, ки ин як чизи сохта аст. Чанд дафъа қайчӣ ҳам заданд наворро. Аввал буд, ки гӯё ман гуфта бошам, ки мардум ба шабакаҳои Оғохон бовар надорад. Баъд "шабакаҳо"-ро қайчӣ карданд ва чунин шунида шуд, ки "мардум ба Оғохон бовар надорад." Вале бисёриҳо ба ин навори сохта бовар накарданд."

Шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон - рӯзҳои 21-24 май шоҳиди тазоҳуроти давомдоре шуд, ки ба нишони эътироз ба як тирпарронии хунин дар маркази шаҳр оғоз ёфта буд. Мақомоти умури дохила рӯзи 21 май бо як гурӯҳи , ба гуфтаи пулис, қочоқбари маводи мухаддир даргир шуданд, ки дар натиҷа 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Шаби 22 май дар як хушунати дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои идораи амният унвонаш карданд, як нафари дигар куштаву ду тан захмӣ шуданд.

Рӯзи 1 июн байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарони Хоруғ протоколе имзо шуд, ки бар асоси он як кумиссиюни муштараки иборат аз намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, бо шумули фармондеҳи собиқи Хоруғ, нооромиҳои ахирро таҳқиқ хоҳад кард. Алим Шерзамонов низ ба намояндагӣ аз эътирозгарон узви кумиссиюни муштарак аст.

XS
SM
MD
LG