Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг"-и интихоботии афғонҳо дар Фейсбук ва Твиттер


Дар ҳоле, ки ҷонибдорони муддаиёни курсии президентӣ дар Афғонистон Фейсбук ва Твиттерро ба майдони нафрат ба якдигар ва пахши изҳороти таҳрикомез табдил додаанд, даъватҳо барои бастани ин шабакҳо дар Афғонистон низ то рафт авҷ мегиранд.

Бо амиқтар шудани бунбасти сиёсӣ дар Афғонистон, шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳнаи изҳори нафрат, бадзабонӣ ва каломи таҳрикомези ҷонибдорони ду номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Фейсбук табдил шудааст. Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, каломи сӯзанда бо рангу бӯи мазҳабиву қавмӣ, ки ҷонибдорони ду номзад дар Фейсбук ва Твиттер ба кор мебаранд, метавонад дубора боиси даргириҳои қавмӣ шавад, ки назири онҳро афғонҳо дар солҳои 90-ум шоҳид буданд.

Танишҳои байниқавмӣ аз он ҷиҳат мояи нигарониҳо шудааст, ки яке аз муддаиҳо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ нима тоҷик ва нима пуштун буда аз пуштибонии қавии тоҷикҳо бархӯрдор аст ва Ашраф Ғанӣ аз паштунҳои Афғонистон аст ва намояндагони ин қавм дар ҷанубу шарқи Афғонистон аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Дар пасманзари нигаронӣ аз эҳтимоли бурузи танишҳои қавмӣ дар Афғонистон, як идда сенаторҳо аз ҳукумат даъват карданд, дастрасӣ ба Фейсбукро, ки ба гуфтаи вазорати мухобироти Афғонистон дар ин кишвар ҳудудан 1 миллион корбар дорад, манъ кунад. Сенаторҳо мехоҳанд, ки қарори манъ оҷилан содир шавад ва Фейсбук то анҷоми баҳси баргаҳои райъ ва анҷоми маросими савганди президенти нав, баста бимонад.

Мунаввар Шоҳ Баҳодурӣ, намояндаи мардумӣ аз вилояти Ҳирот рӯзи 22-уми июн гуфт, забоне, ки дар шабакҳои иҷимои истифода мешавад, “ба манофеъи мардуми Афғонистон латма мезанад” ва бар зарари арзишҳои демократӣ кор мекунад. Ӯ гуфт, каломи хатарноке, ки дар шабакаҳо истифода мешавад, метавонад ба хушунат бирасонад. Аз сӯи дигар на ҳамаи сенаторҳо аз ин даъват пуштибонӣ мекунанд. Ноҳид Фарид, як сенатори зан, ки ӯ низ аз Ҳирот аст, мегӯяд, “садои мардумро набояд хомӯш кард”. Зеро ба гуфтаи ӯ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар муколамаи мардум нақши муҳим доранд.

Ноҳид Фарид, узви парлумони Афғонистон
Ноҳид Фарид, узви парлумони Афғонистон

Ҳукумати Афғонистон ҳоло даъвати гурӯҳе аз сенаторҳо шарҳ надодаст, аммо президенти он кишвар Ҳомид Карзай дар остонаи овоздиҳии дубора дар таърихи 14-уми июн аз ҷонибдорони ҳарду номзад даъват кард, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд ва фазои дӯстонаи интихоботро ҳифз кунанд. Даъвати Карзай дар ҳоле садо дод, ки номзадҳо ва ҷонибдорони онҳо акнун ба ҷанҷолҳо ва таънаҳои якдигар оғоз карда буданд. Фазо баъди он, ки доктор Абдуллоҳ аз тақаллубкории Комиссияи мустақили интихобот ва аъзои аршади он сӯҳбат кард, печидатар шуд.

Ба думболи иттиҳоми тақаллубкории раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихобот ба фоидаи Ашраф Ғанӣ ҷонидорони доктор Абдуллоҳ ба кӯча рехтанд ва даст ба эътироз заданд. Эътирози ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки теъдодашон ҳазорон нафар гуфта мешавад, то ҳол ба таври осоишта ҷараён дорад, аммо онҳо ҳушдор додаанд, ки агар талабашон иҷро нашавад, ба эътирозоти худ идома хоҳанд дод. То ҳол якчанд рӯёрӯӣ дар байни ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ дар Кобул мушоҳида шудааст, ки умдатан шамоли он аз интернет вазидааст.

Тарафдорони Ашраф Ғанӣ дар Твиттер менависанд, “ Абдуллоҳ тоҷик ва ҷойгузини Аҳмадшоҳ Масъуд аст. Сиёсати ӯ бар пояии ҷудоии қавмӣ бунёд ёфтааст, пас чаро паштунҳо ба ӯ овоз бидиҳанд?” Ё дар ҷойи дигар навиштаанд “Ғанӣ аз бонди тундравони қавмӣ аст, ки дар паси паштунҳо пинҳон шуда, бешармона аз он сӯиистифода мекунад.”

Созмони Милали Муттҳаид аз ҳарду номзад даъват кардааст, ки барои назорат бар ҷонибдорони худ аз чораҳои зарурӣ кор бигиранд. Ян Кубиш, раҳбари ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон, рӯзи 22 июн дар як изҳорот гуфт, аз баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ лаҳни нороҳаткунанда ба гӯш мерасад, ки таниши қавмиро таблиғ мекунад.

Ян Кубиш, намояндаи СММ дар Афғонистон
Ян Кубиш, намояндаи СММ дар Афғонистон

Доктор Абдуллоҳ, баъди матраҳ кардани иттиҳоми тақаллубкории фарогир дар интихобот гуфт, ки натиҷаи ин интихоботро дигар қонунӣ намешуморад. Гузашта аз ин чанд рӯз пеш тими Абдуллоҳ навореро пахш кард, ки дар он нафаре, ки гуфта мешавад раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияимустақили интихобот Зиёулҳақ Амархел, будааст, бо истифода аз каломи рамзӣ ба нафаронаш дастур медод, ки ба коғазҳои интихоботӣ даст бизананд.

Ба думболи ин Зиёулҳақ Амархел, аз мақомаш истеъфо дод. Ашраф Ғанӣ, рақиби доктор Абдулло дар даври аввали интихобот дар муқоиса бо Абдулло 13 дар сад кам овоз гирифт. Ҳоло бо назардошти бунбасти феълӣ, мақомот эълони натоиҷи даври дуввуми интихоботро, ки ба 2-уми июн барномарезӣ шуда буд, ба таъхир гузоштанд.

XS
SM
MD
LG