Рӯзҳои 28-29-уми май бозиҳои даври сеюми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтакаи Суғд баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Эсхата»-и Хуҷанд бар тими “Маркази омодагии олимпӣ»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 6-0, «Зарафшон»-и Панҷакент бар «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисоби 6-1 ва «Исфара» (Исфара) бар «Қайроққум»-и (Қайроққум) бо ҳисоби 4-0 ғолиб шуданд. Як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Мастчоҳ»-и Мастчоҳ дастаи мизбон - «Канд»-и (Конибодом)-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Дар ду бозии дигар мусовӣ шуд. «Шаҳристон»-и Шаҳристон бозиро дар майдони худ бо «Спитамен»-и Спитамен бо ҳисоби 2-2 ба поён расонд. Бозӣ миёни дастаҳои “Ваҳдат”-и Ашт ва «Сайҳун»-и Бобоҷон Ғафуров бидуни гол хотима ёфт. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвали бозиҳо се даста – “Эсхата”, “Исфара ва “Зарафшон”, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб шудаанд, бо 9-имтиёзӣ пешсафанд. Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон Минтақаи Суғд Даври 3-юм «ШАҲРИСТОН» (ШАҲРИСТОН) - «СПИТАМЕН» (СПИТАМЕН)- 2:2 Голҳо: Фаррух Абдуназаров, 7 (1:0). Фаррух Абдуназаров, 13 (2:0). Юнус Мирсаидов, 15 (2:1). Умед Ходжимахмадов, 59 – в свои ворота (2:2). «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) – Маркази омодагии олимпӣ (ХУҶАНД) - 6:0 Голҳо: Шавкатҷон Насруллоев, 9 (1:0). Мирҷамол Икромбеков, 18 (2:0). Довуд Зиёвуддинов, 35 (3:0). Аъзамҷон Ҷабборов, 63 (4:0). Амирҷон Раҳимов, 70 (5:0). Абдумалик Шодиев, 76 (6:0). «ВАҲДАТ» (АШТ) - «САЙҲУН» (БОБОҶОН ҒАФУРОВ) - 0:0 «ИСФАРА» (ИСФАРА) - «ҚАЙРОҚҚУМ» (ҚАЙРОҚҚУМ) - 4:1 Голҳо: Фирдавс Мӯсоев, 16 (1:0). Рустам Сабуров, 25 (2:0). Рустам Сабуров, 35 (3:0). Ғолиб Дадобоев, 44 (3:1). Шавкат Бобоев, 75 (4:1). «КАНД» (КОНИБОДОМ) - «МАСТЧОҲ» (МАСТЧОҲ) - 1:2 Голҳо: Мансур Шарипфов, 25 (0:1). Шарофуддин Абдураҳмонов, 31 (0:2). Нуриддин Аҳмадов, 78 (1:2). «ЗАРАФШОН» (ПАНҶАКЕНТ) - «ҶАВОНӢ» (ҶАББОР РАСУЛОВ) - 6:1 Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
|
Нишонзанҳои беҳтарин: Отабоев Неъматҷон («Зарафшон»), Дадобоев Ғолиб («Қайроққум») - 4-тӯбӣ, Ғоибов Парвиз («Шаҳристон), Саидов Сипеҳр («Зарафшон»), Деҳқонов Парвиз («Исфара»), Шодиев Абдумалик, Шарифов Саидҷон (ҳарду - «Эсхата»), Абдураҳмонов Исомиддин («Мастчоҳ») – 3-тӯбӣ.
Даври 4-ум
2-юми июн (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
“Спитамен” – Сайҳун”
“Қайроққум” – “Ваҳдат”
“Мастчоҳ” – “Исфара”
3-юми июн (сешанбе)
Оғози бозиғо – соати 18:00
Маркази омодагии олимпӣ– «Канд»
«Ҷавонӣ» - «Эсхата»
“Шаҳристон” – “Зарафшон”