Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон ба таъхир афтод


Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро ба ду рӯзи дигар аз вақти таъйиншуда, ба таъхир андохтааст.

Қарор буд натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 24-уми апрел эълон шавад. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар мавриди таъхири эълони натиҷаҳо дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "бар асоси тасмими Комиссияи мустақили интихобот, натиҷаҳои ибтидоии оро рӯзи шанбеи 26-уми апрел расман эълон мешавад."

Ҷаноби Нур афзуд, сабаби таъхири натиҷаҳои ибтидоии оро ин аст, ки Комиссияи мустақили интихобот мехоҳад, рӯзи панҷшанбе, яъне фардо бахши дигар аз натиҷаҳоро эълон кунад. То кунун ду бор натиҷаҳои қисмии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом шудааст, ки бори аввал натиҷаи даҳ дарсади оро аз 26 вилоят эълон шуд ва бори дувум якшанбеи гузашта наздик ба 50 дарсад оро эълон гардид.

Назари коршиносон ба натиҷаҳои эҳтимолии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро метавонед, зери ин сархат бихонед.

Абдуллоҳ ё Ашрафғанӣ? Интихобро ду Расул хоҳанд кард

Дар ҳоле ки беш аз ними раъйҳо шумурда шудаанд, маълум гаштааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ 44,4 дарсад ва Ашрафғани Аҳмадзай 33,2 дарсади ороро ба даст овардаанд. Пас аз эъломи натиҷаҳо, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз он истиқбол кард ва ба расонаҳо гуфт, ӯ низ чунин пешбинӣ карда буд. Аммо Ашрафғанӣ Аҳмадзай пас аз эъломи натоиҷ гуфт, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бояд қабл аз эъломи натиҷаҳо, орои аслӣ ва тақаллубиро аз ҳам ҷудо кунанд.

Дар ин ҳол Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихобот гуфт, орои эълоншуда шояд раъйи солим набошад ва ин аз салоҳиятҳои Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ аст, то раъйи аслӣ ва тақаллубиро аз ҳам ҷудо кунад.

Ӯ гуфт, "ин ба ин маънӣ нест, ки эълони ин натоиҷ, ниҳоӣ аст. Чун ин натиҷаҳои қисмӣ ва натиҷаҳои ибтидоӣ буд, ки бар асоси ҷадвали натоиҷ, ки дар система ворид шуда ва бо матбуот эълон шудааст. Аммо Комиссияи шикоёти интихоботӣ метавонад, ки ба шикоятҳо ва тақаллубҳо расидагӣ кунад ва натиҷаҳои кори худро ҳамроҳи Комиссияи мустақили интихобот шарик созанд."

Қарор аст натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 14-уми май эълон шавад.
XS
SM
MD
LG