Дар ин варзишгоҳ бозиҳои хонагии дастаи нави лигаи олӣ - «Далерон-Ӯротеппа» - баргузор мешаванд. Ин тасмим имрӯз, 15-уми апрел, дар нахустин ҷаласаи имсолаи ин кумита гирифта шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ мувофиқи қарори кумитаи назорату ахлоқ дар Варзишгоҳи марказии Истаравшан ҳангоми бозии даври аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» ва «Энергетик”-и Душанбе (12-уми апрел) қоидаҳои Кодекси ахлоқи ФФТ вайрон шудааст. Варзишгоҳи номбурда барои таъмин накардани шароите, ки аз иншооти варзишӣ талаб карда мешавад, муҷозот шудааст. Дар мавриди бартараф накардани камбудиҳо, варзишгоҳ аз ду бозӣ маҳрум мегардад.
Ҳамин тариқ, дастаи "Далерон-Ӯротеппа" маҷбур аст, ки бозии хонагиашро муқобили "Истиқлол" рӯзи шанбе, 19-уми апрел, дар майдони дигар баргузор намояд.
Кумита, инчунин, Руслан Тиллоев, ҳимоятгари дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе ва Ҳикматулло Расулов, нимҳимоятгари “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро, ки дар бозиҳои даври аввали мусобиқаи имсола кортҳои сурх гирифтаанд, аз ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баст.