Мусобиқаи XXXI байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи мураббии варзида Феликс Штамм дар пойтахти Лаҳистон то рӯзи 13-уми апрел идома меёбад. Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм рақобат хоҳад кард.
Дар ин бора ба радиои Озодӣ Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи 8-уми апрел хабар дод. Вай афзуд, “муштзанҳои тоҷик, инчунин, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон, ки рӯзҳои 13-25-уми апрел дар пойтахти Булғористон – София – баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чаҳор муштзани ҷавони тоҷик – Умед Ёқубов дар вазни то 52 кг, Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 69 кг, Меҳрубон Сангинов дар вазни то 75 кг ва Далерҷон Сулаймонов дар вазни беш аз 90 кг, сармураббӣ Аббос Неъматуллоев ва мураббӣ Маҳмадҷон Сулаймонов дохиланд. Дар чемпионати ҷаҳон дар София муштзанҳои мо, инчунин, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мубориза мебаранд.”
Ёдовар мешавем, Шаббос Неъматуллоев соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон, ки дар шаҳри Киев баргузор шуда буд, бо медали нуқра сарфароз шудааст. Инчунин вай имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон дар пойтахти Тайланд – Бангкок медали нуқра, Меҳрубон Сангинов ва Далерҷон Сулаймонов нишонҳои биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София ширкати намояндагони 105 федератсияи миллӣ - 606 муштзан (506 писар ва 100 духтар) дар назар аст.
Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (АИБА) дар сомонаи худ эълон кардааст, ки мусобиқаи қарибулвуқӯъ аз ҳама ҷиҳат таърихист. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои ширкат дар Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад.
Барои аввалин бор духтарони муштзан дар Олимпиадаи наврасон ширкат хоҳанд кард. Онҳо дар мусобиқот дар се дараҷаи вазнҳои олимпӣ: (48-51 кг), (57-60 кг) ва (69-75 кг) рақобат мекунанд. Дар сабқати писарон дар ҳар як вазн панҷ нафар беҳтаринҳо ва дар байни духтарон чаҳор нафар беҳтаринҳо аз кумитаҳои миллии олимпӣ ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии наврасон дар соли 2014 мушарраф мешаванд.