Ин ва чанд хабари дигар на дар кӯчаҳо, балки дар матбуоти Русия нашр шудаанд. Ҷанги иттилоотие, ки роҳро барои ҷанги хунин ҳамвор мекунад.
Борҳо гуфта шудааст, ки “ҳақиқат” аввалин қурбонии ҳама гуна ҷанг аст. Нависанда ва тарҷумон Кэтрин Фитзпатрик мегӯяд, бо вуҷуди он ки ин масалро қабул дорад, ончӣ дар Русия роҷеъ ба Украина гуфта мешавад, аз ҳама гуна марзҳо гузашта, “ба як амали бемаъулиятонае табдил ёфтааст, ки ҳадафаш ангехтани нафрат ва паҳн кардани воҳима аст. Мардум дар шаҳрҳои украиние монанди Харков асосан телевизионҳои Русияро тамошо мекунанд ва ҳоло онҳо ҳадафи мағзшӯӣ мебошанд.”
Ба ақидаи Фитзпатрик, тамоми “далелҳо”-е, ки аъзои маҷлиси Русияро водор кард, ба дархости Путин барои истифодаи нерӯ дар Украина посухи мусбат диҳанд, бар пояи чунин маълумоти беманбаъ ва ноозмуда ба миён омадаанд. Ҳатто намояндаи Русия дар Созмони Милал Виталий Чуркин низ дар нутқаш дар Шӯрои амният аз чунин иттилоъ истифода намуд.
Дар паёми худ дар Шӯрои амнияти СММ Чуркин ҳамчунин аз ҳамла ба Дайри Ғорони Киев ёдовар шуд, ки аввал ба таври густарда дар матбуоти Русия садо дод. Роҳимбони ин дайри православӣ мегӯянд, ҳеч гуна ҳамлае сар назадааст, вале баъд аз ин ҳам Чуркин ин хабарро дар Созмони Милал ҳамчун нақзи ҳуқуқи русизабонҳои Украина таъкид кард.
Расонаҳои русӣ ҳамчунин аз 650 000 паноҳандаи украинӣ хабар доданд, ки аз аввали соли равон дар Русия паноҳ ҷустаанд. Аммо Кумиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ҳеч гуна далели ҳиҷрати ин теъдод аз мардум дида нашудааст. Блогнависони украинӣ кашф карданд, ки телевизионҳои Русия ҳангоми пахши ин хабар қатори мошинҳои украиниро дар марзи Украина ва Лаҳистон ё Полша нишон додаанд. Онҳо мегӯянд, чунин навбат дар ин гузаргоҳи марзӣ падидаи муқаррарист.
Матбуоти Русия дару девори канисаи яҳудӣ дар Симферополро нишон дода, онро кори гурӯҳи миллатгарои украинии “Сектори Рост” номид. Аммо сарони ин гурӯҳ ва ҳам раҳбари ҷомеаи яҳудии Симферопол Олександр Ҳендин ин хабарро рад карданд. Ҳендин мегӯяд, дигарон аз рамзи “Сектори Рост” истифода карданд, то гуноҳро ба гардани онҳо бор ва вазъро ноором кунанд.
Журналисти украинӣ Олеҳ Шинкаренко мегӯяд, “мошини таблиғотӣ”-и Русия ба кор даромада, ду ҳадаф дорад, ки дар дили русҳо нисбати украиниҳо нафрат эҷод кунад, то омодаи ҷанг шаванд ва дувум, далелҳои вуруди нерӯҳои Русияро ба Украина пешниҳод намояд.”
Шинкаренко тележурналисти рус Дмитрий Киселёвро, ки акнун ба ситораи тобноки матбуоти Русия табдил ёфтааст, “дурӯғгӯтарин” хабарнигори рус номид. Шӯрои ахлоқии журналистони Украина роҷеъ ба гузоришҳои таҳрикдиҳандаи Киселёв ба Маскав шикояти расмӣ фиристод.
Серҳий Балбенко, журналисти 25-солаи украин дар Харков, ки мегӯяд, аз ин дурӯғпароканиҳо безор шудааст, торнамои fakecontrol.org-ро таъсис дод, то ин дурӯғҳоро фош намояд. Он дар навбати аввал дурӯғ будани хабарҳоеро ошкор кард, ки мақомоти нави Украина мехоҳанд, ҳамаи дорандагони шиносномаҳои русиро ҳабс кунанд. Ё хабари он ки киштии ҷангии Амрико босуръат ба соҳилҳои Қрим наздик мешавад. Балбенко мегӯяд, вақте аксҳоро бо ҷӯяндаҳои интернетӣ кофтуков мекунад, маълум мешавад, онҳо марбути вақти дигар, дар ҷои дигар ва рӯйдодҳои дигар будаанд.
Ҳатто худи вазири дифои Русия Сергей Шойгу, рӯзи 5-уми март дар посух ба пуросишҳои Interfax гуфт, аксҳое, ки мошинҳои ҳарбиро гӯё дар Қрим нишон медиҳанд ва шумораҳои давлатии Русияро доранд, комилан дар ҷои дигар гирифта шудаанд. Вай мавзеъгирии расмии Кремлро такрор кард, ки намедонад, ин нерӯҳо аз куҷо омадаанд ва ба кӣ итоат мекунанд.
Аммо ҳаҷми иттилои дурӯғ дар бораи Украина ин қадар бузург аст, ки раддияҳое ин ҷову он ҷо наметавонанд, таъсири онро кам кунанд. Ҷомеашиноси рус Лев Гудков мегӯяд, аз рӯйи ҳамаи нишонаҳояш ин як “пропаганда” аст ва ҳадафаш ташаккули афкори ом аст. Мақсад танг кардани ҷои ҳақиқатест, ки метавонад, маълумоти расмиро зери шубҳа гузорад.