Мақомоти Русия гуфтаанд, барои дарёфти шаҳрвандӣ кофист, ки шаҳрванди кишвари дигар забони русиро хуб донад ва ё дар миёни шаҳрвандони Русия шохаҳои хешовандиаш боқӣ монда бошад. Барои таъйини чунин меъёрҳо комиссияи вижае ташкил хоҳад шуд ва ҳангоми интихоб нақши ғалберро хоҳад дошт. Дар ин бора Александр Жуков - муовини аввали раиси Думаи давлатии Русия хабар дод ва гуфт, пешнависи ин қонун “амалан ба тасвиб расидааст.”
Таҳияи пешнависи ин қонун барои тасвиб дар Думаи давлатӣ дар ҳоле эълон шуд, ки дар вилояти аксари аҳолиаш русзбаони Қрими Украина ба шумораи зиёди шаҳрвандони Украина тақрибан бидуни мамониат шиносномаҳои Русия медиҳанд ва Русия баъд аз вуруди нируҳояш ба Қрим акнун баҳона меорад, ки ҳадафи вуруди ниру ҳимоят аз аҳолии русзабон ва шарвандонаш дар ин минтақа мебошад.
Андрей Грозин - мудири бахши Осиёи Миёнаи Пажуҳишгоҳи стротегии кишварҳои муштаракулманофеи Русия дар Маскав мегӯяд, дар ду моҳи гузашта аз Украина ба Русия тақрибан 700 ҳазор нафар ворид шуда, аз миёни онҳо 134 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро дархост кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд дар давоми соли ҷорӣ шумораи бештари шаҳрвандони Украина шаҳрвандии Русияро дархост хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Русия соли ҷорӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ ҳадди нисоб ё квота эълон карда буд, ки хеле камтар аз ин рақамҳост. Абдумаҷид Сурхаков аз Иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав чунин мегӯяд: “Имсол квотае, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст, 95 ҳазор нафар аст. Порсол 105 ҳазор нафар буд, яъне нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор кам кардаанд. Ин квотае ҳаст, ки ҳукумати Русия ба тамоми шаҳрҳову минтақаҳояш тақсим кардааст.”
Ҳоло бо пеш омадани “шароти нав” дар Украина Русия мекӯшад, ки зудтар қонуни нави дарёфти шаҳрвандиро ба тасвиб расонад ва заминаҳои қонунии чунин равандро фароҳам орад. Андрей Грозин мегӯяд, дар ин маврид сухан дар бораи ононе дар миён аст, ки ба ҷуз аз дониши забони русӣ дар доираи арзишҳои фарҳангии Русия зиндагӣ мекунанд, яъне фарҳанги русӣ доранд ва инро бояд собит созанд. Вале дар бораи фарзандони онҳо қонун чиро пешбинӣ мекунад?Онҳо ҳам ба ин муқаррарот дохил мешаванд ё хайр? Оқои Грозин мегӯяд, ки бояд ин нукта низ дар қонун дар назар гирифта шавад.
Дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, вале Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин рақам то поёни соли гузашта аз 300 то 400 ҳазор нафар тахмин зада мешуд. Ба эҳтимоли зиёд, шумораи хоҳишмандони дарёфти шаҳрвандии Русия аз кишварҳои Осиёи Миёнаи Шӯравии пешин бештар хоҳад шуд ва шаҳрвандони кишварҳои фақир барои шароити беҳтари зиндагӣ аз чунин имкон истифода хоҳанд кард.
Вале Андрей Грозин мегӯяд, нухбагони миллии кишварҳои Шӯравии пешин бим доранд, ки агар Русия дар шароити пешомадаи кунунӣ бо ҳукумати нави Украина чунин рафтор мекунад, бо онҳо низ як вақт метавонад ҳамин гуна рафторро раво бинад. Чунин таҷрибаро то ҳол Русия имтиҳон кардааст ва дар моҳи августи соли 2008 ба баҳонаи дифоъ аз шаҳрвандони Русия дар Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ нерӯ пиёда кард ва ҳатто бо Гурҷистон вориди ҷанги мухтасар шуд. Дар натиҷа ин ду ҷумҳурии мухтор аз Гурҷистон ҷудо шуданд ва худро мустақил эълон карданд, ки то ҳол ҳеҷ як аз кишварҳои Шӯравии пешин истиқлоли онҳоро ба расмият нашинохтаанд. Агар худи Русияро дар назар нагирем, фақат Никарагуа, Венесуэла, Науру, Вануату ва Тувалу ин ду минтақаро гӯё эътироф мекунанд.
Суоле пеш меояд, ки чаро кишварҳои Шӯравии пешин аз ин гуна ташаббусҳои стратегии Русия худро канор мегиранд? Андрей Грозин мегӯяд: “Нухбагони миллӣ бим доранд, ки агар Русия ба худ чунин рафторро иҷоза диҳад, мисли рафтор бо ҳукумати нави Украина, бо онҳо низ дар сурати пеш омадани шароит ё рӯйдоди барои Русия нохушоянд, шояд замоне чунин рафтор кунад. Барои ҳамин дар кишварҳои дигар нухбагони сиёсӣ метарсанд ва онҳо минбаъд ба раванди ташаббусҳои ҳамгароии Русия эҳтиёткорона нигоҳ хоҳанд кард.”
Барои хунсо кардани ҳамин ҳароси раҳбарони сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия ин қонунро ба тасвиб хоҳанд расонд. Бо вуҷуди ин, коршиносон интизор надоранд, ки шумораи хоҳишмандон аз кишварҳои Осиёи Миёна ба миллионҳо бирасад, зеро аксари ононе, ки ба меъёрҳо мутобиқат мекунанд, алакай шаҳрвандӣ гирифтаанд.
Коршиносон шумораи ин гуна хоҳишмандонро садҳо ҳазор нафар тахмин мезананд. Пас чӣ табақае барои дарёфти шаҳрвандӣ ба Русия рӯ меорад?
Хуршедаи Даврондухт - раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав мегӯяд: “Онҳое, ки маълумоти олӣ доранд, онҳое, ки метавонанд дар Русия кор ёбанд, онҳое ки дар кишвари худ даромад надоранд ва иқтисоди кишварашон заиф аст, шаҳрвандиро мехоҳанд ва ин хел мардум ҳанӯз зиёданд.”
Андрей Грозин эътироф мекунад, ки аҳолии Русия пир мешавад ва ин кишвар барои рушди иқтисоди худ ба нирӯи корӣ ниёз дорад. Аммо дар Русия афзоиши аҳолӣ ба назар намерасад, балки раванди коҳиши аҳолӣ идома дорад ва аз роҳи соддатар кардани дарёфти шаҳрвандӣ барои хориҷиён, ба вижа аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии пешин, Русия ин мушкилро низ мехоҳад ҳал кунад.