Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздӣ дар масҷид (ВИДЕО)


Дар ин авохир аз Узбакистон дар бораи мавридҳои афзояндаи дуздӣ аз масҷидҳо гузориш мерасад. Аз як масҷиди Тошканд ҳатто сандуқи хайрияро бо тамоми пулаш дуздидаанд.

Манобеъи Озодӣ аз Узбакистон хабар медиҳанд, ки як гурӯҳи дуздон ахиран аз масҷиди Хӯҷа Аламбардор дар маркази Тошканд ҳатто сандуқи хайрияро бо тамоми пулаш дуздидаанд. Ин ҳодиса шаби 17 феврал рух додааст. Баҳодур Муҳаммад, яке аз намозгузорони масҷиди Хӯҷа Аламбардор ба сомонаи интернетии forum.islom.uz гуфтааст, ки дуздон 3-4 нафар буда, пеш аз вуруд ба масҷид видеокамераи назоратиро шикастаанд. Ба гуфтаи Баҳодур, “иттифоқан камера ҳарчанд азҷояш беҷо шуд, вале овезон монд ва ба сабт идома додааст. Яке аз дуздон пеш аз фирор талош мекунад, ки камераро дубора бишиканад. Вале пояш дар ях мелағжад ва аз ҳуш меравад. Шариконаш маҷбур шудаанд, ки ӯро таги каш карда, бо худ бибаранд.”

Хабарнигори маҳаллӣ Ҷасур Ҳамроев ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дуздон, дар ҳар сурат, сандуқи хайрияро ё ба истилоҳи роиҷ дар Узбакистон, “қутти эҳсон”-ро, ки барои хайроти намозгузорон дар масҷид гузошта шуда буд, бо худ бурдаанд. Дар бораи ҳаҷми пуле ки бо ин сандуқ ба яғмо рафтааст, чизе гуфта намешавад, вале Ҷасур Ҳамроев мегӯяд, “чунин ҳодисаҳо зиёд шуда, ба масҷидҳо зиёни зиёд мерасонанд. Ба ҳадде ки масҷидҳо дар амри пардохтани пули хидматҳои коммуналиву пули барқу газ ва маоши коргаронашон мушкил мекашанд.”

Ҳарду манбаи Озодӣ мегӯянд, ки бо вуҷуди дар ихтиёри пулис қарор додани видеои лаҳазоти вуруди дуздон ба масҷиди Хӯҷа Аламбардор то ҳол онҳоро пайдо накардаанд.

Бино ба иттилоъи бахши узбакии Радиои Озодӣ, дар ин авохир дар дастикам 10 масҷиди Узбакистон мавридҳои дуздӣ сабт шудаанд. Аммо Баҳодур Муҳаммад дар сӯҳбат бо сомонаи forum.islom.uz дар бораи 50 ило 60 чунин мавридҳои дуздӣ дар масҷидҳои Тошканд хабар дода гуфтааст: “Ин дуздон одамонеанд, ки онҳоро шайтон васваса мекунад ва ба ин ҷинояти сангин, яъне дуздӣ дар масҷид, ки Хонаи Худост, тела медиҳад. Бо вуҷуди дарёфти сабтҳои видеоӣ мақомоти умури дохилаи Тошканд то ҳол ягон нафар аз ин дуздонро ошкор накардаанд.”

Хабари дуздии сандуқи хайрия аз масҷиди Хӯҷа Аламбардори Тошканд дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қаблан ҳам намозгузорон аз мавридҳои дуздӣ шудани пулу мол ё пойафзолашон дар масҷидҳо шикоят мекарданд.

Чанд моҳ боз дар шабакаи интернетии Ютюб навори видеоие чарх мезанад, ки саҳнаи дуздӣ дар таҳоратхонаи масҷиде дар ноҳияи Челонзори шаҳри Тошкандро сабт кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 11 ноябри соли 2013 рух додааст. Аз ин навор дида мешавад, ки як нафар дар таҳоратхонаи масҷид либоси худро ба мех овехта, бо баҳонаи таҳорат ба кофтукоби ҷайби дигарон бо мақсади дуздӣ мепардозад. Гӯяндаи навор чунин афродеро ки аз бовари мардуми мусалмон истифода бурда, дар Хонаи Худо даст ба дуздӣ мезананд, “нобакор” ном мебарад.



Дар як масҷиди дигари минтақаи Челонзори Тошканд, ҳамин тавр, як мавриди дуздии телефони iPhone сабт шуда, Баҳодур Муҳаммад дар сӯҳбат бо forum.islom.uz аз марди миёнасоле қисса мекунад, ки дар таҳоратхонаи масҷид ба миқдори тақрибан 130 доллар пулашро дуздидаанд: “Марди ягон 40-45-сола буд. Як вақт фиғонаш баромад, ки 400 000 сӯмамро дуздидаанд. Сабти видеоии ин лаҳзаро ҳам ба милиса супурданд, вале ин дуздро ҳам то ҳол наёфтааанд.”

Равшан, як нозири минтақавии милиса дар ноҳияи Челонзори Тошканд ба Озодӣ гуфт, шумори дуздиҳо дар моҳҳои охир аз ҳисоби онҳое, ки тавассути қонуни афв аз маҳбас раҳо ёфтанд, бештар шудааст. Ба гуфтаи Равшан, “аз китобхонаи масҷидҳо китобҳои нодирро ба яғмо мебаранд. Вақте намозгузорон машғули таҳорат ё адои намозанд, палто ё пойафзоли онҳоро медузданд.”

Аз масҷидҳои Тоҷикистон низ дар бораи дуздӣ шудани пулу мол ва бештар аз ҳама, пойафзоли намозгузорон, шикоят зиёд мерасад. Мояи нигаронии мардум ин аст, ки афроди қалбдаст ҳатто дар макони муқаддасе, чун масҷид, ки дар бовари мусалмонҳо, Хонаи Худост, даст ба чунин гуноҳ мезананд. Ба ин далел бисёре аз намозгузорон кӯшиш мекунанд, вақти адои намоз пойафзоли худро, бахусус агар туфлии гаронбаҳо бошад, дар наздиктари худ ва ҳатто зери ҷойнамоз нигоҳ бидоранд.
XS
SM
MD
LG