Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби “Равшан” дар Ҷоми АФК-2014 - “Ал-Ярмук Ал-Равда”


Бар асоси тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) соли оянда дар Ҷоми AFC-2014 аз Тоҷикистон танҳо як даста – қаҳрамони кишвар ширкат хоҳад кард.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки имсол боз ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт, ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2014 мушарраф шудааст.

Рақиби «Равшан» дастаи “Ал-Ярмук Ал-Равда” аз кишвари Яман мебошад. Бозии интихобӣ - Плей- офф (Play-off) миёни ин дастаҳо, ки бо тасмими AFC танҳо аз як бозӣ иборат аст, рӯзи 2-юми феврали соли 2014 дар майдони “Равшан” барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» ба ҳайси қаҳрамони кишвар ва тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2012 соли гузашта дар Ҷоми AFC-2013 иштирок карда буданд.

Вале бинобар нокомӣ ва натоиҷи пасти ҳарду даста дар ин мусобиқаи қитъавӣ АFC қарор додааст, ки соли оянда аз Тоҷикистон танҳо як тим дар марҳилаи интихобӣ - Плей-офф иштирок кунад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи «Равшан», рӯзи 3-юми декабр хабар дод.

Бояд тазаккур дод, ғолибони бозиҳои плей-офф ба даври гурӯҳии мусобиқот роҳ меёбанд. Ба ҷуз бозии «Равшан» - “Ал-Ярмук Ал-Равда”, рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари плей-офф қаҳрамони Фаластин - бошгоҳи «Шабоб Ал-Таҳрӣ» дар майдони худ бо қаҳрамони ҷадиди Қирғизистон - дастаи «Олой»-и шаҳри Уш рақобат мекунад.

Квотаҳо барои ширкат дар Ҷоми AFC-2014

Минтақаи «Ғарб»
Баҳрайн – 2+0
Ироқ – 2+0
Урдун – 2+0
Кувайт – 2+0
Лубнон – 2+0
Умон – 2+0
Сурия – 2+0
Тоҷикистон – 0+1
Яман – 0+1
Қирғизистон – 0+1
Фаластин – 0+1
Ҳамагӣ – 14+4

Минтақаи «Шарқ»
Ҳонконг – 2+0
Ҳиндустон – 2+0
Индонезия – 2+0
Малайзия – 2+0
Молдив – 2+0
Мянмар – 2+0
Сингапур – 2+0
Вйетнам – 2+0
Ҳамагӣ – 16+0
XS
SM
MD
LG