Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти гумонбари қатли сокини Бирюлово муқаррар шуд


Полиси Маскав шахсияти гумонбари куштори сокини минтақаи Бирюлово Егор Шербаковро муқаррар кард. Ба иттилои раёсати умури дохилии пойтахти Русия, дар ин куштор сокини Озарбойҷон Орхан Зоҳид Оғлӣ Зайналов даст дорад.

Куштори сокини Бирюлово боиси нооромиҳову хушунат дар Маскав шуд. Баъд аз даъвати сокинони Бирюлово барои ошкор кардани муҷрим нерӯҳои миллатгаро ба эътирозҳо ҳамроҳ шуда, ҳамла ба афроди ғайриславянӣ ва сӯзонидани мошину хароб кардани мағозаҳоро шурӯъ карданд. Дар ин ҳаводис 23 нафар, аз ҷумла, 8 корманди полис осеб диданд.

Дар ҷаласаи Думаи Маскав муовини раиси идораи полиси шайр Олег Баранов хабар дод, ки дар робита ба бенизомиҳо дар Бирюлово алайҳи се нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Алҳол аз рӯи банди “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ки баъди расидани маводи зарурӣ аз вазорати умури дохилӣ шояд аз рӯи бандҳои “бенизомиҳои оммавӣ” ва “хушунат алайҳи кормандони полис” ҳам парвандаҳо ифтитоҳ шаванд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Русия, кормандони полис рӯзи якшанбе дар Бирюлово 267 нафарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG