Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хуҷанд даъвои Тӯраҷонзодаҳоро беасос хонд


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода (акс аз бойгонӣ)
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 31 июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи 3 рӯҳонии расмии Суғдро бепоя номид ва рад кард.

Матлуба Ҳабибуллоева, раиси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии ин қазия зимни эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ки дар намоиши «Сӯҳбати озод»-и телевизиони давлатии Суғд (СТВ) шаъну эътибори хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо паст зада нашудааст.

Баҳори соли гузаштаи 2012 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик ба додгоҳи Хуҷанд алайҳи Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло - имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон – имомхатиби масҷиди Конибодом шикоят овард, ки дар намоиши “Сӯҳбати озод”-и хабарнигори СТВ Тоҳири Искандарӣ нисбат ба хонадони онҳо суханҳои таҳқиру тавҳиномез задаанд.

Аммо додгоҳ ин даъворо бепоя хонд. Баррасии ин қазия бо танаффусҳои тӯлонӣ дар додгоҳи Хуҷанд 15 моҳ идома дошт.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки дар додгоҳ аз ҷониби Тӯраҷонзодаҳо ҳимоят мекард, мегӯяд, ҷониби даъвогар бо қарори додгоҳ розӣ нест ва бозбинии ин ҳукмро аз зинаи болотари додгоҳ тақозо хоҳад кард.

Барномаи “Сӯҳбати озод”-и СТВ моҳи феврали соли 2012 пахш шуда, дар бораи таҷлили маросими Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадияи марбут ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат сӯҳбат мекард. Дар пайи ин маросим дар моҳи декабри соли 2011 масҷиди Муҳаммадияро аз ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа ва ба ҳамин тартиб, имомхатибаш Нуриддин Тӯраҷонзодаро аз ҳаққи маъвиза гуфтан ба намозгузорон маҳрум карданд.

Моҷарои Ошӯро дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо ба як баҳси дигари додгоҳӣ байни ин хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ мунҷар шуд. Вале дар он баҳс низ додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе аз Тӯраҷонзодаҳо ҳимоят накард.
XS
SM
MD
LG