Маркази Пю, ки ба омӯзиши афкори ҷаҳонӣ машғул аст, баъд аз як пажӯҳиш, ки дар 39 кишвар ва бо ширкати наздик ба 40 000 нафар ҷараён ёфт, ба натиҷае расид, ки Чин дар ҳоли боло гирифтан аз Амрикост.
Брюс Стокс, мудири барномаҳои Маркази Пажӯҳишии Пю дар ин бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ақидае устувор аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар солҳои охир аз давраи Буш дида ба маротиб қавитар шудааст. Аммо ҳарчӣ бештару бештар одамон ба ин андеша меоянд, ки Чин ба як иқтисоди пешбари ҷаҳон табдил меёбад ва пас аз муддате дар оянда аз Амрикои абарқудрат пеш мегузарад.”
Каме бештар аз сеяки посухдиҳандагон гуфтаанд, аллакай Чин дар ҷойи аввал аст. Ин дар ҳолест, ки бино бар пажӯҳишҳои Маркази Пю дар соли 2008 танҳо 20 дарсади пурсидашудагон чунин ақида доштанд. Дар худи Иёлоти Муттаҳида як навъ баробарист. Ними одамон мегӯянд, ба таври ногузир Чин аз Амрико хоҳад гузашт ва ҳамин теъдод пойфишорӣ мекунанд, ки чунин ҳолат ҳаргиз ба амал нахоҳад омад.
Аммо пажӯҳиш ҳамчунин нишон медиҳад, ки тавоноии афзояндаи иқтисодии Чин ба он дар саросари ҷаҳон шӯҳрати ҳарчӣ бештар медиҳад. Брюс Стокс мегӯяд, ҳарчанд зиёд ба чашм намехӯрад, амалан Иёлоти Муттаҳида ва Чин ҳарду талош доранд, дилу зеҳни аҳли башарро ба даст оранд. Дар ин сабқат ҳар кадоме аз онҳо бартарӣ ва камбудиҳои худро дорад. Чин ба ҳайси як “нерӯи нарм” бешитоб пеш меравад ва ба сатҳи Амрико наздик мешавад. Аммо, меафзояд Стокс, ин ба он маъно нест, ки Амрико дар ҳоли бохт асту Чин дар ҳоли пирӯзӣ. “Масъала ин аст, ки Амрико бештар дар як сатҳ истодааст ва Чин пешрафт дорад.
Ҳарчанд дар бисёре аз кишварҳо симои Чин ҳамчун пешгом ҷойгоҳ пайдо мекунад, дар Амрико Лотин ва Африқои марказию шимолӣ ҳамоно бартарӣ бо Иёлоти Муттаҳида аст. Вале боз ҳам бояд дар назар дошт, ки даҳ сол таваҷҷуҳи аҳолии ин манотиқ ба Чин ба андозаи имрӯза баланд набуд. Ин афзоиш ба сармоягузориҳои назарраси Чин ва густариши равобити тиҷоратӣ бо он бастагӣ дорад.
Эътибори Амрико акнун бештар ба низоми сиёсии он ва эҳтироми ҳуқуқи инсон такия мекунад. Бисёриҳо, аз ҷумла 88 дарсад дар Омон ва 83 дарсад дар Фаронса эътимод доранд, ки президенти Амрико, Барак Обама, дар умури ҷаҳон роҳкорҳои дурусттаре дорад.
Вале бояд дар назар дошт, ки пажӯҳиш пеш аз моҷарои марбут ба паймонкори хадамоти ҷосусии Амрико Эдвард Сноуден ҷараён ёфта, таъсири ифшогариҳои онро нишон намедиҳад. Ҳамзамон истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Покистон, Яман ва Сомалӣ мухолифони зиёд дошта, ба нуфузи ИМА асари манфӣ гузоштаанд.