Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳо ба Моҳ парвоз мекунанд?


Майкл Гриффин, маъмури Ожонси кайҳоншиносии Амрико гуфтааст, кайҳоннавардони Чин қодиранд алакай дар даҳсолаи оянда ба Моҳ парвоз кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Амрико баъд аз чанд парвоз ба Моҳ дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта ин бахши риштаи кайҳоннавардиашро қатъ кард ва ҳоло мехоҳад сар аз соли 2020 ин парвозҳоро аз сар бигирад.

Майкл Гриффин гуфта, ки тайконавтҳои чиноӣ метавонанд дар самти парвоз ба Моҳ аз амрикоиҳо пешдастӣ кунанд.

Вале раҳбарони барномаи кайҳонии Чин қаблан гуфта буданд, ки кадом нақшаи парвоз ба Моҳро дар солҳои наздик рӯи даст надоранд. Вале ба эътиқоди Сун Лаян, раиси идораи кайҳон шиносии Чин, парвози тайконавтҳои чиноӣ ба Моҳ дар ояндаи дуртар як амри ногузир аст.

Профессори донишгоҳи Ноттингҳам Мартин Поляков ва хабарнигори Би Би Си Бреди Ҳаран ҷадвали моддаҳои кимиёии Дмитрий Менделеевро дар 118 ролики алоҳида рӯи навори видиё оварда, дар сомонаи маъруфи интернетии Ютюб ҷой додаанд. Ҳар як аз ин 118 навор то 2 дақиқа тӯл дошта, дар бораи яке аз 118 элементи кимиёии то имрӯз кашфшуда ҳикоят мекунад. Ин наворҳои видиёӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет билофосила касби шӯҳрат карда, тайи чанд рӯзи аввал беш аз 200 000 нафар онҳоро тамошо кардаанд.

Таҳқиқоти донишмандони амрикоӣ собит кардааст, ки димебон, як давои ҳанӯз 20 сол пеш дар Русия кашфшуда фаъолияти мағзи сари афроди гирифтор ба бемории Алцҳеймерро беҳтар мекунад.

Ин дору ҳамчун давои зидди ҳистамин эътироф шуда буд, вале ахиран маълум шуд, ки дар табобати мағзи сари инсон низ мешавад аз он истифода бурд.

Бемории Алцҳмер маризиии дар ҳоли ҳозир бедавоест, ки фаъолияти мағзи сар ва ҳофизаи инсонро заъиф мекунад ва пайомадҳое, чун камақлӣ ва дар ниҳоят, марги маризро ба дунбол дорад. Феълан дар ҷаҳон 25 миллион гирифтори бемории Алцҳеймер ба сар мебарад.

Додгоҳи Покистон замони ҳабси хонагии Абдулқодирхон, падари бомби ҳастаии ин кишварро тамдид карда, ҳар навъ гуфтугӯ бо матбуотро пиромуни масоили ҳастаӣ барои ӯ манъ фармудааст. Абдулқодирхон дар пайи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ дар соли 2004 тавассути телевизион эътироф кард, ки асрори фанновариҳои ҳастаиро ба Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Либия фурӯхтааст. Баъд аз нашри ин ҳарфи иқрор, раисиҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф Абдулқодирхонро афв кард ва ҳукми зиндони ӯ бо ҳабси хонагӣ иваз шуд.

Сайёраи хурде, ки дар мадори Нептун чарх мезанад, севввумин плутоид, ё худ ҷинси кайҳонӣ дар низоми офтобӣ эътироф шуда, исми Макемаке- холиқи башарият ва худои фаровонӣ дар бовари қабилаҳои сокини ҷазираи Пасхаро гирифтааст. Иттиҳодияи байналмилалии ситорашиносӣ мегӯяд, ин чаҳорумин сайёраи хурд дар мадори офтоб буда, онро 3 сол пеш мунаҷҷими амрикоӣ Майкл Браун кашф кардааст. Макемаке номгузорӣ кардани ин сайёра низ пешниҳоди кошифаш Браун будааст.

Дар байни сайтҳои ҷустуҷӯи дар бозори интернетии Амрико ширкати Гугл ҳамчунон пешдаст будааст. Гугл феълан қариб 70 дарсади ин бозорро дар ихтиёр дорад. Умдатарин рақиби Гугл ҳамоно ширкати Яҳуст, ки наздики 20 фоизи ҷустуҷӯи интернетӣ дар Амрико ба он тааллуқ мегирад. Аммо саҳми Эм Эс Эн дар ин бозор назар ба соил гузашта 2 маротиба коҳиш ёфта, акнун чизе бештар аз 5 дарсадро ташкил медиҳад.


Дар бозори ҷустуҷӯҳои интернетии аксари қораҳо, аз ҷумла дар Аврупо низ ҳамин 2 ширкати Гугл ва Яҳу пешсафанд, вале дар Русия онҳо бо сомонаҳои нирӯманде, чун Яндекс ва Рамблер рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG