Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Урдун


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар пойтахти Урдун-Уммон ду медал ба даст оварданд.

Муштзани тоҷик Наврӯз Ҷафоев аз шаҳри Хуҷанд дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар се рақибаш аз Тайланд, Ҳиндустон ва Ироқ пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз муштзани Қазоқистон мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусови душанбегӣ дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг баъди ду ғалаба бар варзишгарони Ҳиндустону Туркманистон аз муштзани Қазоқистон шикаст хӯрд ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Мирзо Шамсиев, мураббии калони дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, ба «Озодӣ» гуфт, «муштзанҳои тоҷик дар айни ҳол ба мусобиқаи анъанавӣ барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, ки аз 24-ум то 31-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Баъдан аъзои мунтахаби кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 11-ум то 27-уми октябр дар Қазоқистон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.»
XS
SM
MD
LG