Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои пайравони Мурсӣ дар Қоҳира


Эътирози ҷунбиши Ихвонулмуслимин дар назди Горди ҷумҳурии Миср
Эътирози ҷунбиши Ихвонулмуслимин дар назди Горди ҷумҳурии Миср
Ҷунбиши Ихвонулмуслимин (Бародарони мусулмон) иддао дорад, ки дар Қоҳира нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгfрон оташ кушода, даҳҳо нафарро ба ҳалокат расондааст.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки бо чашми худ қурбониҳоро дидаанд, вале то ҳанӯз ин иттилоъ аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст. Сухангӯи Ихвонулмуслимин мегӯяд, тирпарронӣ рӯзи душанбе дар назди пойгоҳи Горди ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст.

Гуфта мешавад, ки президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Ихвонулмуслимин барканории Мурсиро қабул надорад ва ваъда додааст, ки то замони барқароршавии Мурсӣ дар мансаби раёсатҷумҳурӣ эътирозҳоро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG