Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи душанбе зимни як нишаст хабарӣ гуфт, ки имсол дар мактабҳои олии Эрон 250 нафар, Русия 1000, Чин 130, Туркия ва Қазоқистон 100 нафарӣ ва дар Укроина 20 нафар таҳсил хоҳанд кард.
Ҷаноби Саидов зикр кард, ки аллакай 800 нафар ҷавонони тоҷик дар доираи Қарордоди ҳамкории миёни Тоҷикистону Русия роҳхати таҳсилро дар донишгоҳҳои ин кишвар аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дарёфт кардаанд. Ба қавли вазири маорифи Тоҷикистон, бар иловаи ин, аз тарафи коллеҷҳои Русия 200 ҷой ё квота ба вазорат пешниҳод шудааст ва феълан барои 16 мактаби олии Русия озмун идома дорад.
Ҳамчунин ба гуфтаи Нуриддин Саидов, аз оғози соли равон то кунун аз 94 довталаби мактабҳои олии Эрон 72 ҷавони тоҷик ба ин кишвар фиристода шудааст. Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, таҳсили ҷаонони тоҷик дар мактабҳои олии хориҷӣ дар нисбати соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Агар соли гузашта 1 ҳазору 269 нафар ба мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ҷалб шуда бошанд, соли равон танҳо ба Русия беш аз 1000 довталабон роҳ хоҳанд ёфт, ки маҷмуан беш аз 1500 нафарро дар бар хоҳад гирифт. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар назар дорад соли равон аспирантҳоро низ барои идомаи таҳсил ба кишварҳои хориҷа роҳхат диҳад.
Даҳ ҳамин ҳол вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ ҷавонони ин кишварро барои таҳсил ба Миср намефиристад. Нуриддини Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон сабаби аслии ин амрро дар нооромии ин кишвар рабт дод.
Ин дар ҳолест, ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамасола то кунун ҳудуди 15 тан аз ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Миср фиристода мешуданд.