Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Парвиз Собиров дар Куриёи Ҷанубӣ


Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров.
Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июл дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, “дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ беш аз дуним ҳазор варзишгари 45 кишвари қора аз рӯи 11 намуд рақобат намуданд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 23 варзишгар дар чаҳор навъи варзиш – гуштии кураш, кикбоксинг, каратэ муайтай ва E-спорт (варзиши электронӣ) намояндагӣ карданд. Маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии ботантанаи бозиҳо дар шаҳри Инчҳон, дар варзишгоҳи Samsan World Gymnasium баргузор шуд. Дар ин бозиҳо мусобиқот аз рӯи он намудҳое барпо гардид, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, вале хеле шавқангезу ҷолибанд.”

Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар намуди гуштии кураш дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Гуштигири дигари тоҷик Сайидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Дар ин комёбии паҳлавонони тоҷик саҳми мураббиашон Носир Бозоров арзанда аст.

Ду медали дигарро варзишгарони тоҷик дар сабқати кикбоксинг миёни занон ба даст оварданд. Зуҳро Холова дар навъи Low Kick (kj rbr) дар вазни то 52 кг бо медали нуқра ва Ганҷина Хабибуллоева дар навъи Point Fighting (поинт файтинг) дар вазни то 55 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ҳарду шогирдони мураббӣ Мирсаид Яҳёев мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 30 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардиданд, бо 4 медал ( 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 16-ум қарор гирифт.
Умуман, варзишгарони 19 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Чин бо касби 52 медал (29 тилло, 13 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи аввалро касб кард. Кореяи Ҷанубӣ (21+27+19) дар ҷойи дувум ва Вйетнам (8+7+12) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 5. Қазоқистон (7+6+18). 10. Узбакистон (3+4+3). 11. Туркманистон (2+4+1). 15. Қирғизистон (1+2+3). 16. Тоҷикистон (1+1+2).
XS
SM
MD
LG