Ин бозии рафиқона рӯзи 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 10 ҳазор тамошогар баргузор шуд. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев дар дақиқаи 17-ум, Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 44-ум (аз ҷаримаи 11-метра) ва Соҳиб Сувонқулов дар дақиқаи 74-ум ба самар расонданд.
Ду голи мунтахаби Афғонистонро Ҳашматуллоҳ Борикзай дар дақиқаи 5-ум ва Ҳамидуллоҳ Каримӣ дар дақиқаи 41-ум вориди дарвозаи мизбонон карданд.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон чаҳор бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд.
Баъди анҷоми бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Нахуст Алӣ Ҷавод Атоӣ, мураббии тими миллии Афғонистон, андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ баён кард.
Вай ба хабарнигорон чунин гуфт: “Дар қисмати аввали бозӣ хатоҳои зиёде аз тарафи ҳаками васати майдон ба назар расид. Мо аслан таваққуе аз ин надоштем. Замоне ки як нафар висалро (ҳуштакро) ба даст мегирад, бояд қазоваташ одилона бошад. Мо меҳмон ҳастем ва шумо мизбон ҳастед. Ҳама диданд бозиро, тамошочиёни афғон ҳам диданд, тамошочиёни тоҷик ҳам диданд. Мо шадидан эътироз мекунем ба қазовати ҳаками васат (сардовар). Худи ман муовини ҳаками байнулмилалӣ ҳастам. Вақте ки як бозикун аз тарафаи бозикуни ҷониби муқобил фавл зада мешавад, хато сурат мегирад, меафтад, дасташ ба тӯб мехӯрад, ин пеналтӣ нест. Қатъиян пеналтӣ нест. Агар дар дохили майдонча бо даст бозӣ кунад, ин пеналтӣ аст. Хато кунад дар дохили мавриди ҷарима ин пеналтӣ аст. Вале мо дар ин бозӣ бо ҳисоби 2:1 баранда шудем. Мо дар ин бозӣ бозанда нестем. Вале тақозои ман ин аст, ки агар шумо ба Афғонистон биёед, мебинед, ки мо як кишвари ҷангзада ҳастем. Вале шумо бубинед, ки мо чӣ рақам қазоват мекунем. Мо имрӯз ба бозиҳои Осиё меравем, қазоват мекунем. Вақте ки бо Тоҷикистон меоем, тоҷику афғон фарқ надорад. Вақте ки мусобиқа сурат мегирад, агар мо хато кардем, ба мо ҷазо дода шавад, агар рақибон хато карданд, ба онҳо ҷазо дода шавад. Бозӣ хотима ёфт. Мо розӣ ҳастем, ки бозӣ бозии дӯстона буд. Бозие набуд, ки мо сар аз ӯ ҳисоб мекардем. Бозикунҳои мо ҳамааш ёш буданд. Тақрибан 19 нафаре, ки ба Тоҷикистон омаданд, ягон нафараш дар мусобиқоти Ҷануби Осиё набуданд. Ҳамаи бозикунҳои мо дар Олмон, дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Бо ин бозикунҳои ҷавон ин беҳтарин натиҷа, беҳтарин дастовард аст барои мо. Мо меҳмон ҳастем, шумо мизбон. Ба ҳар ҳолат розӣ ҳастем ва ташаккур мекунем аз шумо, мизбонон, аз Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ташаккур мекунем аз бузургоне, ки дар ин мусобиқа саҳм гирифта буданд. Умедворем, ки мусобиқаҳо диду боздид дошта бошанд, рафту баргашт бошад. Тими Тоҷикистон биёяд ба Афғонистон. Ҳакаме, ки висалро мегирад, ӯ Тоҷикистону Афғонистонро намешиносад, тамошочиро намешиносад. Фақат висал аст, бозикунро мебинад. Голи аввали хӯрдаи мо офсайд буд. Офсайде, ки ду метр, се метр фосила дошт. Ҳама инро мефаҳмад, ҳама инро медонад. Бисёр хотоҳои дигар сурат гирифт. Дар ҷараёни бозӣ буталҳои обро оварданд, дар дохили майдон андохтанд. Ин ҳамааш хато аст. Вале мо бори дигар ташаккур мекунем аз бозикунҳои тоҷик ва мехоҳем, ки рӯзе бахайр меҳмони мо шаванд. Мо ҳеҷ вақте намехоҳем, ки қусур бигирем. Тими Тоҷикистон бозии хуб бикунад ва баранда шавад дар Афғонистон, ба ҳарду дида. Мо мушкил надорем. Ҳатто мо розӣ ҳастем, ки рефериҳоро аз Эрон, Ҳиндустон ва Покистон даъват бикунем. Мо бозӣ мекунем. Вале бозикунҳои мо камтаҷриба буданд, бозикунҳои ёш буданд, ба ҷуз як-ду нафари онҳо. Дигар бозикунҳои тими миллии мо ҳеҷ касаш набуд. Ба назари мо, тренерҳо, мо бозиро бурдем, баранда ҳастем, натиҷаи бисёр хуб гирифтем. Мо мунтазири шумо ҳастем, ки ба хайр ба Афғонистон биёед ва як бозии дӯстонаро дар кишвари мо анҷом бидиҳем.”
Сипас Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай гуфт, “бозиҳои мо бо мунтахаби Афғонистон ҳамеша пуршиддат мегузарад. Ин бозии чаҳорум буд, ки ман бевосита ширкат доштам. Дар бораи бозии имрӯза гуфтаниям, ки бачаҳои мо ҳарифро то андозае нодида гирифтанд. Дар ин кор ман ҳам айбдорам. Бозигарони мо дар назди мухлисони худ бояд тамоми маҳораташонро комилан нишон медоданд. Мехостам ба роҳбарону мураббиён ва футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон изҳори сипос кунам, ки онҳо дархости моро қабул карданд ва бо мо бозии дӯстона анҷом доданд. Ба онҳо дар бозиҳои минбаъдаашон, аз он ҷумла дар Ҷоми даъвати Осиё ва қабл аз ин дар мусобиқае, ки дар Непал баргузор мешавад, муваффақият орзу мекунам.”
Бозии дӯстона
Тоҷикистон - Афғонистон - 3:2
Голҳо: Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).
Тоҷикистон: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (Сиёвуш Асроров, 46), Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ҷамшед Исмоилов (Абдусамад Ҳоҷибоев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҳасан Рустамов, 86), Аҳтам Назаров (Давронҷон Тухтасунов, 75), Хуршед Маҳмудов (капитан), Дилшод Восиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 88), Комил Саидов (Аҳтам Ҳамроқулов, 57).
Афғонистон: Ҳамид Юсуфзай, Муқаддар Қозизода, Фарзод, Алӣ Ахмад, Муҷтаво Файз, Амриддин (Мустафо Ҳошим, 87), Рафӣ Борикзай, Ваҳид Надим, Маъруф, Ҳамидуллоҳ Каримӣ (Мунирулҳақ, 80), Ҳашматуллоҳ Борикзай.
Огоҳонида шуданд: Далерҷон Тухтасунов, 9, Муқаддар Қозизода, 53, Ҷаҳонгир Ҷалилов, 59.
Аз майдон хориҷ шуд: Соҳиб Сувонқулов (Тоҷикистон), 84.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Ёварони сардовар: Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон), Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Доварони эҳтиётӣ: Равшан Ишматов, Умед Раҳимов (ҳарду – Қӯрғонтеппа).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Ислом Маҳмадшоев (Душанбе).
4-уми июн. Қӯрғонтепппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 10 000 тамошогар
Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:
9-уми ноябри соли 2005 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).
3-юми августи соли 2008 – Ҷоми даъвати АФК-2008. Давраи ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).
17-уми ноябри соли 2010 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).
4-уми июни соли 2013 – Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2 (Голҳо: Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Савонқулов, 74 (3:2).