Ин бозии дӯстона рӯзи сешанбеи 4 июн, соати 17 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.
Ба рӯйхати даъватшудагон 9 бозигар аз «Истиқлол»-и Душанбе, 5 футболбоз аз «Равшан»-и Кӯлоб, чаҳорнафарӣ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, инчунин як нафар аз «Хайр»-и Ваҳдат шомиланд.
Рӯзи шанбе, 1-уми июн мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон омодагӣ мебинад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Абдуазиз Маҳкамов («Хуҷанд»);
ҳимоятгарон: Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳарду - «Равшан»), Соҳиб Саванқулов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳарсе - «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду - «Хуҷанд»);
нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибоев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов, Расул Файзов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор - «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов («Хайр»);
ҳамлагарон: Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов («Равшан»).
Ҳайати раҳбарикунанда: Рустам Усмонов – менеҷер, Мубин Эргашев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббии калон, Никола Лазаревич – мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ, Амоншо Саодатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – духтур, Ҳалим Маҷидов – маъмур.