Мақомоти фурудгоҳи Душанбе дар радифи ширкатҳои қафомондаи ҳавопаймоии дунё ҷой гирифтани ширкати давлатии “Tajik Air”-ро эътироф мекунанд, вале мегӯянд, аксари эродҳо марбут ба солҳои пеш буда, дар ин раддабандӣ тамоми масоил ва вазъи имрӯзаи ширкат пурра мунъакис нашудааст. Ба қавли Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе, ширкати “Tajik Air” баъди мушкилоти зиёди иқтисодӣ дубора ба по хеставу парки ҳавопаймоҳояшро ҳам навтар кардааст ва онҳо умедворанд, ки дар раддабандиҳои оянда метавонад ба зинаҳои баландтаре даъво кунад.
Торнамои Business Insider, марказаш дар Ню Йорк 20 ширкати хубтарин ва 20 ширкати бадтарини ҳавопаймоиро номбар кардааст. Дар садри ширкатҳои беҳтарин Qatar Airways, Asiana Airways, Singapore Airlines ва Cathay Pacific Airways ҷой гирифтаанд. Аксари ширкатҳои бистгонаи беҳтарин аз кишварҳои арабӣ ва Ховари Миёна буда, дар байни онҳо танҳо 2 ширкати аврупоӣ – Lufthanza дар мақоми 14-ум ва Swiss Int’l Airlines дар зинаи 18-ум омадаанд.
Аммо “Tajik Air”-и Тоҷикистон дар ин дараҷабандӣ дар миёни даҳ ширкати бадтарин дар зинаи 9-ум ҷой гирифта, ширкати Turkmenistan Airlines бадтарин ширкати ҳавопаймоии дунё арзёбӣ шудааст. Ширкати Ukraine International Airlines ва Uzbekistan Airways дар байни бадтарин ширкатҳо дар зинаҳои 3 ва 4 омадаанд.
Business Insider мегӯяд, барои дақиқ кардани эътибори ширкатҳои ҳавоӣ сифати ғизо ба мусофирон дар салони парвозҳои умумӣ ё эконом- класс, тозагии дохили ҳавопаймоҳо, курсиҳои нишаст, саргармиҳо ҳангоми парвоз, назари мусофирон ва шароити дигари парвоз дар назар гирифта шудааст.
Дар як мусоҳиба бо Муҳаммадюсуф Шодиев - сухангӯи фурудгоҳи Душанбе нахуст пурсидам, дар бораи ин дараҷабандии торнамои Business Insider роҷеъ ба “Tajik Air” чӣ назар дорад?
Шодиев: Ҳамаи назархоҳиҳое, ки дар сатҳи байналмиллалӣ анҷом мегиранд, албатта, шояд дуруст ҳам бошанд. Аз он ки ширкати “Tajik Air” дар гурӯҳи ширкатҳои қафомонда ҷой гирифтааст, то кадом андоза дуруст будани онро ман гуфта наметавонам. Он чӣ, ки дар ин назарсанҷӣ хулоса кардаанд, баъзе чизҳоро дар назар гирифтаанд ва баъзе чизҳои дигарро дар назар нагирифтаанд. Замоне ширкати “Tajik Air”-ро мушкилиҳои иқтисодӣ домангир буд. Ин мушкилиҳоро паси сар кард. Аз нав ба пой хест. Он ҳавопаймоҳои навъи ТУ-154, ТУ-134 ва Ан-24 хароҷоти зиёд доштанд, ба ҷои онҳо ҳавопаймоҳои дигар гирифт, парки ҳавопаймоиро нав кард. Чунин мушкилиҳои фаннӣ вуҷуд дошт. Барои ҳамин, дар рӯйхати Business Insider андаке дар ҷои паст қарор гирифт.
Озодӣ: Барои муайян кардани сатҳи хидматрасонӣ кадом меъёрҳо дар назар гирифта шудааст?
Шодиев: Пеш аз ҳама, амнияти парвозҳо, хидматрасониҳои фурудгоҳӣ ва дохили ҳавопаймо, амнияти мусофирон ва бору бағоҷи онҳо.
Озодӣ: Чанд соли пеш дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе шикоят карда буданд, ки гуселу қабули меҳмонҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад. Аз он вақт то ҳол барои беҳбуд бахшидани вазъ тағйироте шудааст?
Шодиев: Он эроде, ки онҳо гирифта буданд, албатта, ҷой дошт. Ин солҳои пеш буд. Чанд дипломат аз сатҳи хидматрасонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе норозигӣ карда буданд . Имрӯз аз солҳои пеш фарқ мекунад. Кадрҳои бахши хидматрасонии фурудгоҳ то 60-70 дарсад иваз шуд. Имрӯз аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ, тибқи талаботи созмони авиатсионии байналмилалии хидматрасонӣ роҳандозӣ шудааст ва имрӯз бағоҷи мусофирон аз тариқи ҳамин система мегузарад.
Озодӣ: Ҳамеша, вақте ки мусофирон аз шаҳрҳои дигар вориди фурудгоҳи шаҳри Душанбе мешаванд, шикоят мекунанд, ки овардану супурдани бағочи мусофирон дар сатҳи зарурӣ ташкил намешавад. Дар ин бора чӣ мегӯед?
Шодиев: Ин масъала чандин бор мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ва ҳайъати борфуророну борбардорон зиёд карда шуд. Ҳоло аз фуруди ҳавопаймо то охирин мусофир 25 дақиқа муайян шудааст. Агар аз ҷониби ягон мусофир шикоят омад, ки бағоҷи вайро дар давоми 25 дақиқа надодаанд, ҳамон гурӯҳи корӣ ба масъулият кашонда мешавад.
Озодӣ: Ва ҳамин меъёр ҳамеша риоят мешавад?
Шодиев: риоят мешавад. Вале баъзан парвозҳое ҳаст, ки мусофирон якҷо бо тоҷирон парвоз мекунанд. Барои ҳамин барои ҷудо кардани бағоҷи мусофир ва бори тоҷирон андаке вақт сарф мешавад.
Озодӣ: Терминали байналмилалии қабулу гусели мусофирон ҳамин тавр мемонад ё терминали наве сохта мешавад дар оянда?
Шодиев: Терминали нав сохта мешавад. Ҷониби Фаронса ӯҳдадор шудааст, ки сохтмони онро анҷом диҳад. Сохтмон идома дорад. Маблағи умумии ин тарҳ 39 миллион евро аст. 20 миллион евро фурудгоҳи Душанбе пардохт мекунад ва 19 миллион еврои дигарро Фаронса медиҳад. Пешбинӣ шудааст, ки баъд аз 1 солу 7 моҳи дигар ин терминал ба истифода дода шавад.