Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик-Эйр" нишасти изтирории "Боинг"-ро як амали зарурӣ хонд


Раёсати ширкати «Тоҷик-Эйр» гуфт, тасмими бозгашти ҳавопаймо бо 140 мусофираш "зарурӣ" ва "бехатар" буд.

Раёсати ширкати «Тоҷик-Эйр» қазияи ҳавопаймои "Boeing-737-300"-ро, ки шоми шанбе аз нимароҳ баргашта, дар фурудгоҳи Душанбе поин омад, амалкарди "зарурӣ" ва барои ҳаёти мусофирон "бехатар" унвон кард.

Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати «Тоҷик Эйр» гуфт, ки сабаби аслии бозгашти ҳавопаймо ба фурудгоҳи Душанбе фаъол нашудани системаи махсуси нигаҳдошти баландии парвоз буд. Вай афзуд: «Ин система, баъд аз он ки тайёра баландиро мегирад, тақрибан дар эшелони парвози 120-140 аз кор мебарояд, аз ин хотир тайёра имконияти аз ин баландтар парвоз карданро надошт. Ин ҳавопаймо пеш аз парвоз аз санҷиш гузашта буд, ва агар ин корношоямӣ дар замин ошкор мешуд, ҳеҷ гоҳ ба он иҷозати парвоз дода намешуд».

Ҷаноби Ҳамроев хабари расонаҳоро, ки гӯё ин ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бепоя хонд ва қазияро як ҳолате номид, ки барои бисёре аз ҳавопаймоҳои миёнапарвоз хос буда метавонад. Вай илова кард, ки ҳодиса ҳеҷ гуна воҳимаеро ба миён наовардааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Аммо Бузург Амонов, як мусофири ин ҳавопаймо дар бораи ҳолати равонии сарнишинон чунин гуфт: «Қариб як соат аз парвоз гузашта буд, ки халабон омада гуфт, вазъият вайрон шудааст. Ҳама сахт тарсиданд. Худо мегуфтем ва тақдирамонро ба Худо ҳавола кардем. Бо сухан тасвир кардани ҳолати мусофирон мушкил аст, барои инро дарк кардан дар ҳамон таёра будан лозим аст», гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, ба андешаи бисёр дигар нозирон, ҳар як тасмими халабонҳо дар ҳолати изтирории баамаломада, ки барои наҷоти ҷони мусофирон равона шуда буд, қобили таҳсин аст. Онҳо мегӯянд, ки халабонҳо шуҷоату мардонагии бесобиқа нишон дода, баъди ошкор шудани мушкили фаннӣ тасмими дуруст гирифтанд ва тамоми талошашонро ба харҷ доданд, ки ҷони 140 сарнишини ҳавопаймо ҳифз шавад.

Баъд аз бозгашт бар фарози Душанбе ҳавопаймо наздик ба чор соат дар ҳаво чархид, ки сӯзишвории худро ба поён расонад. Ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати “Тоҷик Эйр”фуруд омадани ҳавопаймо бо вазни зиёд то як андоза хатарнок буд. Чархиши тӯлонии ҳавопаймо дар фазои Душанбе сабаби нигаронии сокинони шаҳр гашт. Нигора як сокини пойтахт, ки ин парвози ғайриоддиро дидааст, мегӯяд, «албатта, бо дидани чунин манзара дар дил як тарсу ҳарос пайдо шуд, ки чӣ гап шуда бошад. Дар як лаҳза ҳазор фикр аз сар мегузашт. Ҳама чашм ба ҳаво буд, ки кай ин ҳавопаймо ба замин мешинад ва ҳатто кӯдакон баланд-баланд давр задани онро ҳисоб мекарданд. Бе ин ҳам мусофирони “Тоҷи-Эйр” чандон зиёд нестанд, аммо баъд аз чунин ҳолат фикр мекунам теъдоди онҳо боз ҳам камтар хоҳад шуд».

Раёсати ширкати «Тоҷик-Эйр» Фирӯз Ҳамроев гуфт, пас аз фуруд омадани ин ҳавопаймо ҳамаи мусофирон ба истиснои як нафар, ки аз идомаи сафар худдорӣ кард, тариқи ҳамин навъи Boeing-и ширкати «Сомон-эйр» ба Маскав парвоз карданд.

Ба гуфтаи раҳбарияти ширкати «Тоҷик-Эйр»Boeing-737-300 як сол пеш тариқи лизинг харидорӣ шудааст. Он 15 сол истифода шуда, аз ин пеш бо чунин мушкил мувоҷеҳ нагаштааст. Ҳоло аз ҳисоби мутахассисони ширкати «Тоҷик-Эйр» ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон комисияи вижае таъсис шудаааст, ки сабабҳои ҳодисаро меомӯзад. Гуфта мешавад,баъд аз анҷоми ташхиси фаннӣ "Boeing-737-300" аз нав ба парвоз хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG