Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири навбатии «Тоҷик Эйр» мусофиронро сарсон кардаст


Дар Тоҷикистон таи 9 моҳ 1110 ҳодисаи таъхири парвоз сабт шудаст
Дар Тоҷикистон таи 9 моҳ 1110 ҳодисаи таъхири парвоз сабт шудаст

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози навбатиро ба таъхир гузошта, норозигии мизоҷонашро ба бор овардаст

Салим Ҳаитов сокини ноҳияи Шаҳритус рӯзи чаҳоршанбе, 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ивази 1570 сомонӣ чиптаи хатсайри Душанбе - Маскавро аз ширкати "Тоҷик Эйр" харида, мебоист шоми 30-юми октябр парвоз мекард, аммо бо сабабҳои барои мусофирон норӯшан парвоз cурат нагрифт.

Дар ширкати «Тоҷик Эйр» ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан мушкили фаннӣ дар парвози ҳавопаймо ҷой дошт аз ин рӯ маҷбур шудаанд онро боздоранд.

Дар ҳамин ҳол Салим Ҳаитов мегӯяд, як шабонарӯз аст, ки барои дарёфти чиптаи дигар сарсон будаанд. Баъзе мусофирон чиптаҳоро гардонда аз ширкатҳои дигар билет хариданду парвоз карданд. Ҳаитов афзуд, ки танҳо пас аз исрори чанд мусофир тавонистаанд барои соати 5-и саҳари 1-уми ноябр чиптаҳои худро иваз кунанд. Вале метарсанд, ки мабодо ин хати сайр низ ба таъхир афтад.

Замоне, ки ин хабар омода мешуд, дар сомонаи Фурудгоҳи байналмилалӣ дар бахши «ҷадвали парвозҳо» парвози Душанбе-Истанбул, ки мебоист субҳи имрӯз амалӣ мешуд ба ҳафтаи дигар гузошта шудааст.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо ахиран дастгоҳи раисиҷумҳур ва вазири нақлиёти Тоҷикистон хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоии кишварро мавриди интиқоди шаддид қарор додаанд.

Тавре аз вазорати нақлиёт хабар доданд Муҳаммад Ҳабибов -- масъули бахши нақлиёти дастгоҳи иҷроияи президент зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нӯҳмоҳаи вазорат таъхир ва сифати ғизо дар ҳавопаймоҳоро нигаронкунанда хондаст. "Мавридҳое мешавад, ки мусофирон рӯзи тамом ё аз шаб то рӯз мунтазири ҳавопаймо мешаванд. Онҳо на ба хона рафта метавонанду на ба ҷои дигар. Дар бинои фурудгоҳ ва саҳни он соатҳои тӯлонӣ дар ҳавои сард интизор шудан магар ин хизматрасонист? Ин на хизматрасонӣ, балки асабонӣ кардани онҳост. Қариб дар ҳама хатсайрҳо таъхир ба миён меояд."- гуфтаст ӯ.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳам дар ин робита таъкид кардаст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар 3 фурудгоҳи кишвар 1 ҳазору 110 ҳодисаи таъхири парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. "Ин рақам таҳлилҳои амиқтару алоҳидаро мехоҳад. Мусофир танҳо ба хотири саривақт ва бофароғат ба ҷои хостааш рафтан нақлиёти ҳавоиро интихоб мекунад. Ба интихоби ӯ сазовор бояд буд",-таъкид кардааст вазир.

Дар баробари ин, вазир интиқод кардаст, ки қисми зиёди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд: "Алҳол чор ширкати ватанӣ дорои 73 ҳавопаймо мебошанд, ки 42 ҳавопаймо коршоям ва ҳамагӣ 21 ҳавопаймо ҷавобгӯи талаботи хатсайрҳои байналмилалӣ мебошанд."-изҳор доштаст Низом Ҳакимов
XS
SM
MD
LG