Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академияи исломии ҲНИТ-ро бастанианд


Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) таъкид кардааст,ки як ҳизби сиёсӣ ҳаққи доштани Акдамияи исломиро надорад ва бояд онро барҳам диҳад.

Зубайдуллоҳи Розиқ - раиси Академияи исломии ҲНИТ рӯзи 21 май ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар номаи вазорати адлия ба раёсати ҳизб нома зикр шудааст, ки ҲНИТ як ҳизби сиёсӣ аст ва ҳуқуқи таъсиси Академияи исломиро надорад: «Мо номаро мавриди омӯзиш қарор додаем. Дар оинномаи Ҳизби наҳзати исломӣ,ки вазорати адлия тасдиқ кардааст, таъсиси ниҳодҳое ба монанди академияи исломӣ дар назди ҳизб махсус таъкид шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти вазорати адлия гуфт, ки раёсати сабтиноми аҳзоби сиёсӣ номаи мазкурро ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ирсол дошта, ҳоло мунтазири посухи ҳизб аст.

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, далели чунин вокуниши мақомот шояд ин бошад, ки Академияи исломии ҲНИТ дар баҳсҳои мазҳабӣ мавқеъи мустақил дорад, ки бисёр вақт аз дидгоҳи мақомоти Кумитаи дин фарқ мекунад.

Бино ба гузориши ахири вазорати хориҷаи Амрико, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, тамоми умури мазҳабӣ дар кишварро зери назорати худ биоранд ва аз ҳузури афроди мустақил дар ин саҳна ҷилавгирӣ кунанд.

Академияи исломии ҲНИТ се сол қабл таъсис ёфта, пайваста доир ба вазъи ислом дар кишвар таҳқиқоту гузоришҳо омодаву пахш мекунад. Дар сомонаи наҳзат ин академияи як гӯшаи вижаи суолуҷавоб низ боз кардааст, ки дар он мардум метавонанд суолҳои худ дар масоили фиқҳиро матраҳ кунанд ва аз масъулони Академияи исломии ҳизб посух бигиранд.

ҲНИТ умдатарин ташаккули сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар интихоботи парлумонии соли 2010 баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ соҳиби ҷои дувум ва ду курсӣ дар парлумон шуд.

ҲНИТ як нирӯи асосии Иттиҳоди мухолифин – ҷониби дигари сулҳ дар созишномаи сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистон буд ва баъди имзои ин қарордоди сулҳ дар соли 1999 тавонист дубора сабтином шавад. Моҳи апрели соли равон ҲНИТ 40-солагии таъсисашро таҷлил кард. Шумори аъзои ин ҳизб дар ҳоли ҳозир беш аз 40 000 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG