Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати “Гурӯҳи 24” ба интихоботи озод дар Тоҷикистон


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

“Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов дигарбора аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ки номзадиашро дар интихоботи моҳи ноябр нагузорад.

“Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов, ки худи ӯ дар Дубай дар боздошт қарор дорад, бо нашри як изҳороти сиёсӣ ба баргузории интихоботи озоду демократии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда, бори дигар аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки номзадиашро дар интихоботи моҳи ноябр нагузорад.

“Гурӯҳи 24” баргузории интихоботи демократӣ ва ташаккули фарҳанги демократӣ ва ҳукми қонунро барои бунёди демократияи воқеъӣ дар Тоҷикистон ва таъмини машрӯъияти давлат лозим хонда, чанд шарти чунин интихобот дар шароити Тоҷикистонро баршумурдааст.

Ба бовари ин гурӯҳи сабтиномнашудаи мухолифини тоҷик, “барои онки раванди интихобот озод бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳаққ ва имкони интихоб дошта бошанд, озодии гирдиҳамоиву иттиҳодияҳо ва имкони фаъолияти номзадҳо, аҳзоб, интихобкунандагон, матбуот ва нозирон таъмин шавад, муҳити сиёсӣ бояд тарс додану ҳар навъ таъқиберо, ки имрӯз мебинем, аз байн барад. Барои онки интихобот мунсифона доир шавад, райъдиҳӣ ва шумориши оро бояд мунсифона, бидуни тақаллуб ва дасткорӣ аз сӯи ниҳодҳои холиси интихоботӣ сурат бигирад.”

Аммо, меафзоянд муаллифони изҳорот, талошҳои ҷомиа ва аҳзоби сиёсӣ барои ислоҳи Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол натиҷае надодааст. Ҳол онки ин қонун, ба бовари онҳо, баробариро байни аҳзоб таъмин намекунад ва аҳзоб наметавонанд намояндагони худро ба ҳайъати ниҳодҳои интихоботӣ шомил кунанд.

Эроди дигари “Гурӯҳи 24” марбут ба таъмини ҳаққи ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар интихоботи моҳи ноябр аст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки бояд барои садҳо ҳазор муҳоҷире, ки солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул ворид мекунанд, имкони истифода аз ҳаққи констутитсиониашон барои ширкат дар интихобот таҳия шавад.

“Гурӯҳи 24” бар ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо сарсахтона радд кардани ислоҳоти пешниҳодӣ талош доранд, “қоидаҳову манъкуниҳои кӯҳнашударо ҳифз ва бо ин бартарии номзади ҳизби ҳокимро таъмин кунанд.” Ба бовари онҳо, ин номзади ҳизби ҳоким барои бори чорум боз ҳам раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд. Худи оқои Раҳмон моҳе пеш дар Брюссел гуфт, ки ҳанӯз дар мавриди пешбарии номзадии худ тасмим нагирифтааст, вале кафолат медиҳад, ки интихоботи моҳи ноябр озоду демократӣ сурат хоҳад гирифт.

Ин гурӯҳи мухолиф дар изҳороташ дигарбора аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки “тартиби конститутсиониро дар кишвар ҳифз карда, номзадиашро дар интихобот нагузорад.”

“Гурӯҳи 24” дар тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот уфтод.
Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки гуфта мешавад, то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми истирдоди ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Масъулини “Гурӯҳи 24” дар сӯҳбат бо Озодӣ изҳори итминон карданд, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукми истирдоди Қувватовро лағв хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG