Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон осон нахоҳад буд


Як вакили дифоъи муқими Дубай мегӯяд, таъйиди амри истирдод танҳо як ҳалқа дар занҷири муқаррароти додгоҳист ва иҷрояш шояд моҳҳо тӯл бикашад.

Алӣ Ҳаддод, як вакили дифоъи муқими Дубай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шароити мавҷуд дар сохтори додгоҳии Имороти Муттаҳидаи Арабро чунин шарҳ дод: “Ӯ метавонад, аз ҳукми додгоҳ, аз амри истирдоду далелҳои парванда ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Ӯ метавонад, дархост кунад, ки ҳамаи таҳқиқот аз ҳамон марҳилаи аввал шурӯъ шавад. Ин ҳаққи ӯст. “

Алӣ Ҳаддод мегӯяд, бар асоси қонунҳои Дубай, эҳтимоли то ба вазорати адлия расидани парвандаҳои истирдоди муттаҳамон имкон дорад ва сухани ниҳоӣ дар чунин қазияҳо аз ҳамин ниҳод аст.

“Баъди муроҷиат ба додгоҳи таҷдиди назар, парвандаро барои баррасӣ ба додситони кулл бармегардонанд ва ӯ бояд барои бознигарии қазия ба вазорати адлия руҷӯъ кунад. Яъне аз се ё чаҳор зина мегузарад. Дар сурати таъйиди амри истирдод дар додгоҳ, вазорати адлия метавонад, он ҳукмро дуруст шуморад ва ё беэътибор эълон кунад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим


Умаралӣ Қувватов, аз шарикони собиқи тиҷоратии хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар кишвар ба дуздии 6 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Ӯ баъди тарки Тоҷикистон дар ду соли пеш дар Маскав иқомат дошт ва тобистони соли 2012 эълон кард, ки бо таъсиси созмони мухолифи давлат бо номи Гурӯҳи 24 ба сиёсат ворид мешавад.

Умаралӣ Қувватов баъди ин бо мусоҳибаҳое, мақомоти расмии Тоҷикистонро асабонӣ кард, аз ҷумла бо баёнияҳои баҳсбарангезе доир ба вуҷуди фасоду ришватхорӣ дар ҳалқаҳои наздик ба раиси ҷумҳур ва ҳамчунин нашри як сӯҳбати телефонӣ, ки ба гуфтаи Умаралӣ Қувватов, аз домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз моликони ширкатҳои хусусии “Фароз” ва “Тоҷирон” ду воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон будааст, ки ҳоло ин ширкатҳоро мутаалиқи яке домодҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Умаралӣ Қувватовро декабри соли гузашта зимни сафараш аз Маскав ба Дубай, бо дархости мақомоти расмии Тоҷикистон дар фурудгоҳи ин шаҳр боздошт карданд. Ӯ бештар аз се моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва аз ҷумла намояндагони дафтари Интерпол дар Тоҷикистон барои мусоидат ба бозгардонидани ӯ ба Дубай ҳам рафтаанд.

Алӣ Ҳаддод, ҳуқуқдони муқими Дубай ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимоли истирдоди зудтар вуҷуд дорад ва дар сурате, ки додгоҳи таҷдиди назар, далелу бурҳони кофӣ барои рад кардани дархости истирдодро наёбад: “Ба эҳтимоли ғолиб, сар сурати таъйиди амр, ду ҳафта ва як моҳ зарур мешавад, то фарди муттаҳамро истирдод кунанд. Ин мӯҳлат ба расмиёт вобаста аст, ки дар чанд рӯз иҷро мешавад. “

Хонуми Умаралӣ Қувватов, ки дар шаҳри Дубай қарор дорад, ба хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, шавҳараш дар мулоқоти ахир бо ӯ худоҳофизӣ карда ва гуфтааст, ки “шояд дигар набинем”, ки аломате аз яъсу навмедии ӯст. Бо вуҷуди онки афроди огоҳ аз низоми додгоҳии Дубай мегӯянд, додгоҳҳои инҷо то ҳадде истиқлол доранд ва аз рӯи инсоф парвандаҳоро баррасӣ мекунанд, вале айни замон ба муносиботи хориҷӣ ва мулоҳизоти сиёсии амири Дубай беэътиноӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG